Сирри раисро кӣ медонад? Албатта, шофиру котиба.

Ҷовид Муқим, журналист

 

Ба назар менамояд, ки аксарият духтарони бедиплом котиба шудан мехоҳанд, аммо боз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо намехоҳанд дигарон аз кори мекардаашон огаҳӣ дошта бошанд. Чаро чунин аст? Ба ин савол бояд махсус котибаҳо ҷавоб диҳанд, зеро аз чанд котибае, ки пурсидем, ҷавоб додан нахостанд.

Рӯзгори Сабрина то вафот кардани падараш бисёр хуб буд. Падару модар фарзандони калонашонро донишгоҳи олӣ хононданд. Ҳам Сабрина ва ҳам бародараш, ки аз ӯ се сол калон буд, маълумоти олӣ доштанд. Акнун, ки ду сол пур мешавад аз марги падар, Сабрина ҳамроҳи хоҳари хурдсолаш барои иҷрои корҳои хона ба модараш ёрдам медиҳаду бародараш барои таъмини рӯзгор дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ қарор дошт. Ӯ аввалҳо кори хуб дошт ва зуд-зуд ба хонаашон пул мефиристод, аммо чанд моҳи охир бекор, дар ба дар ва бе либоси гарм мегашт. Танҳо ҳафтае як маротиба бо хонаашон тамос мегирифт ва аз зинда будану коркобиаш хабар медод. Кор наёфтану пул нафиристодани марди хона рӯзгори ин оиларо бисёр танг кард.

Аз тангдастию рӯзгори бад доштани ин оила ҳатто ҳамсояи рӯ ба рӯ, ки дар як корхонаи бонуфузи ҷумҳурӣ раис буд, огаҳӣ надошт. Гуруснагӣ ҳам ки мекашиданд, аммо дар пеши касе лаб намекушоданд ва шукр ҳам мекарданд.

Рӯзе ҳамсари раис барои гап-гап кардан назди ҳамсояи рӯ ба рӯяш омад. Дар рафти суҳбат дар бораи котибаи шавҳараш ҳам гуфт. Ва ин мавзуро аз аввал то охир қисса кард. Яъне чӣ тавр ба қор қабул кардан ва чӣ тавр аз кор пеш карданашонро. Суханро оғоз кард: “Ходиса чунин сурат гирифта буд: Маҳваш бо гиряи шашқатор ба коргоҳи раис меояду зорию тавалло мекунад, ки ӯро ба кор қабул кунанд, чунки зиндагиаш бисёр бад аст ва баробари рӯзгори нохуб доштанаш, маълумоте надорад, ки дар ҷое кор кунад. Дар ин вақт ба духарак дили раис сухта, ӯро ҳамчун котибаи худ ба кор қабул мекунад. Ду ҳафтаи аввал кори котиба хуб буд. Ва баъдан ба ҷониби раисаш нағма карданро шуруъ кард, аммо дид, ки аз тарафи раис ягон аксуламал намешавад, пасон аз пайи “тов” додани коргарон ва меҳмонони раис шуд. Дар як муддати кӯтоҳ Маҳваш хеле пешравӣ кард. Чандин нафаронро ба доми худ кашид. Соҳиби хона ҳам шуд, аммо дар кори идорӣ тамоман пешравӣ надошт. Ва рӯзе раис ҳама гапҳояшро ҷамъ карда, рӯ ба рӯяш нишаст ва худашро холӣ кард: “Котиба барои чашмакзании меҳмонони раис нест. Котиба барои аз роҳи рост баровардани коргарони оиладор нест. Котиба барои зиндагии касеро вайрон кардан нест. Котиба барои кофеи талх кардан нест. Котиба барои дар назди дигарон гуфтани он ки “арӯси раис ҳастем” нест. Котибаи барои…, ба Шумо ҷавоб!”,- ҳамсари раис бо афсурдагӣ нақлашро ба итмом расонида, гуфт: “Ҳоло ман омадаам, ки Сабринаи шумо котибаи шавҳари ман шавад…”.

Ҳамин тавр, Сабрина котибаи раис шуд. Тамоми корҳоеро, ки бояд дар корхона котиба кунад, ӯ иҷро мекард ва ба ин баҳона раис соҳиби котибаи ҳақиқӣ ва Сабрина соҳиби маоши хуб шуд.

Шахсияти котиба дар фаҳмиши мардуми мо гуногун аст. Яке вайро додарзода ё хоҳарзодаи раис мегӯяд, дигаре маъшуқааш, саввумӣ ӯро муҳтоҷи пули раис мегӯяд, чорумӣ раисро муҳтоҷи кору пайкори ӯ, фикрҳои панҷумиву шашумӣ ҳам ҳастанд, ки онҳо яке котибаро духтари зебои мафтункунандаи меҳмонони раис ва дигаре ҳамчун нафаре мешносад, ки меҳмононро бо дурӯғи устокорона гусел карда метавонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки котибаҳо якранг нестанд. Зеро маҳз гуногун будани онҳо сабаби пайдошавии фикрҳои боло дар сари мардум шудааст.

Муҳтарам раисҳо, маоши котибаҳоятонро зиёд карда, онҳоро ба кори асосии худашон банд кунед, вагарна…

 

P.S. 24-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии котиба аст. Рӯзатон муборак бошад, котибаҳои азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here