Вақте гӯши баднафсон кар аст, гумон аст, ки бо чизе мубориза бурда тавонем.

Дар рӯзҳои мушкил барои мардуми тоҷик ва хоса ҷаҳон савдогарони мо, ки ҳамеша аз имону савоб ва гуноҳҳои кабираву сағира доду вой мекунанд, ба назар мерасад, аз рӯйи инсоф кор карданӣ нестанд, балки ба қавле бурути савдогаронро чизе намебурад.

Бубинед, савдогарони тоҷик имрӯз аз вазъияти баамаломада сӯйистифода карда, нархи 1 дона ҳазориспандро, ки қаблан 1 сомонӣ буд, якбора ба 5 сомонӣ расонидаанд. Худам дар бозорҳо шоҳид шудам, ки мегуфтанд: “Ҳазориспанд қимат омадай”. Гӯё онро аз куҳҳо Ҳимолой ворид карда бошанд. Ва тамасхур ҳам мекунанд: “Апа, ин мелочай”! Ё ниқобҳои тиббиро, ки духтурон барои пешгирӣ аз ин вабо муҳим медонанд, то 4 ва 5 сомонӣ нарх гузоштаанд, ки қаблан 1 сомонӣ буд. Нархи ордро аз 205 ба 270 сомонӣ бардоштанд. Таксиҳои Кӯлобу Хуҷандро намегӯед!? Пештар роҳкирои таксиҳои Кӯлоб 30-35 сомонӣ буд, аммо якбора бо сӯйистифода аз вазъияти баамаломада ба 100 сомонӣ расид. Роҳкирои Душанбе-Хуҷанд, ки бо 60-70 сомонӣ имкони рафтан дошт, акнун бо 120-150 сомонӣ меравӣ. Магар ҳамин худаш вабою беморӣ нест? Аз ин чӣ мешавад хулоса кард?

Яъне, пеши роҳи гаронфурӯшии тоҷирони моро на фарорасии моҳи шарифи Рамазону на заҳролудшавии инсонҳо ва ахиран, на вабои ҷаҳонии коронавирус гирифта натавонист. Пештар ҳам, маҳз дар иди саиди Қурбон ва иди шарифи Рамазон мардум шикоят мекарданд, ки як кило гӯштро то 70 ва ҳатто 90 сомонӣ фурӯхтанд. Бо гӯштфурӯшон гап зада намешуд. Мисле, ки хонаи очаашон бошаду агар мардум каме аз нархҳои мондаи онҳо норозигӣ менамуданд, зуд қаҳр карда, дари дӯконашонро мебастанду мерафтанд, то мардум ва мақомоти дахлдор онҳоро зорӣ кунанд: “Илтимос, ака, биёед, мардум бе шумо чӣ кор мекунанд!?”.

Ҳикматҳои рамазонӣ барои қисме аз савдогарон мисли “азон хондан ба гӯши кар” буд?! Ниҳодҳои дахлдор бо ҷазову ҷарима ва ҳатто Шӯрои уламо бо мавъизаҳои худ нархи гӯштро паст бурда натавонистанд.

Дуруст, ки мегӯянд “гӯри ҳар кадоми мо ҷудо аст” ва фардо дар назди Худованд ҳар якамон барои аъмоли худ алоҳида ҷавоб мегӯем. Як чиз аламовар аст. Агар ҳамин савдогарон аз дину диёнат намегуфтанд. Дар ҳақиқат, аксари ин савдогаронро вақти намоз мебинӣ, чунон башаст тарафи масҷид медаванд ва аз рӯзи қиёмату адлу инсоф мавъиза гӯш мекунанд, ки мегӯӣ мусалмони ҳақиқӣ маҳз онҳоянд. Баъзеашон ба зану духтари мардум насиҳат карданро дӯст медоранд: “Рӯймол банд, рӯзи қиёмататро фикр кун”. Аммо ба гуфти шоир, “ чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд”.

Тавре мебинем, ҳамин нафарон, ки бештар аз офатҳои табиӣ ва ночории мардум бозори худро гарм нигоҳ медоранду зери акси табибони чиниву испанӣ ва амрикоӣ Like мегузоранду “пеши поятон саҷда кардан кам аст” менависанд, боз ҳамин тоифа ҳаққи мардумро бештар мехӯранд.

Ҳайронам, ба ин гуна дурӯяҳо чӣ гуна метавон бовар кард?

Бархе савдогарони бозорҳои мо дар ин шабу рӯзи хеле ҳассос, ки ҷаҳон барои зинда мондани инсон дар рӯйи замин мубориза мебарад, гӯё на парвои ваксина доранду на ғами пешгирӣ аз ин дарду азиятро.

Бубинед, коронавирус ин қадар ба иқтисоди ҷаҳон таъсири манфии худро расонид, душмании байни давлатҳоро аз миён бурд, ҳатто Амрико бо қудрати ҷаҳониаш ба давлатҳое мисли Эрону Корея хостори кӯмаки моддӣ расонидан шуд, Русия кӯмаки башардӯстона ба Италия фиристод. Имрӯз тақрибан касе аз ҷанг суҳбат намекунад…

Давлати Сингапурро бубинед, ки барои мубориза бо вируси корона хизматчиёни давлатӣ маоши якмоҳаи худро ба табибон бахшиданд.

Фақат дар мост, ки ҷанг бо нафси ҳароми худро оғоз накардаанд. Аз ин ҷост, ки баъзе нафарони дар карантин қарордошта қариб духтуронро латукӯб кунанд, ё аз карантин бо пул худро “гурезониданӣ” мешаванд, бӯстонсароҳоро лоақал муваққат барои таъмини саломатии мардум дар ихтиёри ҳукумат гузоштан намехоҳанд.

Ҳама ба амволи давлат мисли мероси падар нигоҳ мекунанд. Ин ҳам аз он аст, ки ҷанг бо нафси саркаш надоранд. Кай онро бояд оғоз кард?

Худое нахоста дер кунем…

Ин ҷои фикр дорад.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here