Бо кордкашӣ ва ҷанги талабаҳо чӣ гуна мешавад мубориза бурд?

Ба муҳлати 24 сол зиндонӣ шудани Қурбонов Убайдулло (моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Толиҳов Ифтихор, ки низ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ҳоло ҳам барои ҷавонони мо дарси ибрат намегардад.

Моҳи октябри соли 2019 дар кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонов Убайдулло ва Фозилов Дилмурод муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа дастпарварони донишгоҳ якдигарро латукӯб мекунанд.

Донишҷӯ Убайдулло гуфтааст, ки «асабом вайрон шуд» ва бо корди бо худ доштааш ба қисмати дили донишҷӯ Дилмурод мезанад, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад. Дилмурод аслан бе падар бузург шудааст ва ӯро модараш танҳо ба воя расонидааст. Ӯ ягона писари хонаводааш будааст.

Ҳатто пас аз ҳукми сангин ҳам ҷавонони мо ягон хулосаи даркории худро намебароранд. Қисме дур рафтан аз системаи таълими даврони шӯравӣ, дастрас гардидани сомонаҳои интернетиро аз сабабҳои асосии беназорат мондани ҷавонон медонанд. Гуруҳе китф ба китф задани талаба бо устодро дар роҳравҳои мактаби миёна ва донишгоҳ шаҳодати бенизомӣ мешуморанд.

Тақрибан ҳар рӯз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар сайти расмиаш хабари боздошти гуруҳе ва ё нафарони алоҳидаеро нашр мекунад, ки ин ё он ҷавон бо силох, таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанин ё силоҳи сард дастгир шудааст. Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҷиноятҳо дар шаҳри Душанбе амалиёти «Корд» роҳандозӣ гардид. Масъулин ин амалиётро «решакан намудани падидаи номатлуб» унвон мекунанд. Дар чунин амал на фақат ҷавонони пойтахт «ба чанг намеафтанд», балки сокинон аз тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе ва бештар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ рӯйхати ин ниҳоди интизомиро пур кардааст.

Кормандони мақомоти интизомӣ дар зиёд шудани чунин ҷиноятҳо бештар волидайнро гунаҳкор мекунанд, ки дар тарбияи фарзандонашон камтаваҷҷуҳанд ва занон бештар дар фикри «латаву рӯймол» банд хастанду фарзандонашонро беназорат мегузоранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ба ин хонандаҳо бештар таблиғи хушунату куштор мекунанд ва баъзе модарон, ки тарбияи асосии фарзанд ба зиммаи онҳост, исрор меварзанд, ки «корд гиранд, то аз худ ҳимоя карда тавонанд».

Ҳоло муаллимони мактабу донишгоҳҳо ҳатто роҳи чунин авбошонро гирифта наметавонанд. Аксарияти муаллимони мактаб ҳатто мебинанд, ки ҷанҷол байни ҷавонон рух додааст, барои нарафтан аз курсии директори мактаб майдаавбоширо пинҳон мекунанд. Ва хоҳиш мекунанд, ки «гап ҳамин ҷо монад, на шумо зарар бинед, на ман».

Пас, бо чунин раванд мо магар пеш меравем? Ин магар хок пошидан ба чашми мардуму давлат нест? Магар бо роҳи фиреб мо метавонем пешрафт кунем? Дар ин сурат, ба чунин масъулҳо, ки калиди хазинаи миллат дар дасти онҳост, чӣ гуна эътимод кунем? Вале вақте ки эълони мансаб мешавад, чун имрӯз мехоҳанд вакил ба Маҷлиси намояндагон шаванд. Мебинед, ки ҳама «папка дар даст»-у даводав…

Пас, беҳтар нест, ки чунин талабаву донишҷӯёни беору гапнодарову ҷанҷолиро аз донишгоҳ хориҷ ва ҷарима кунанд?

Хуб нест, ки волидайнро ҷаримаи ҳангуфт банданд?

Лоиқ нест, ки директору ректорро ҷаримаву аз кор барканор созанд?

Шумо чӣ андеша доред?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here