Дар зиндагӣ қонунҳои нонавиштае ҳастанд, ки гоҳо бештар аз амру фармону қарор амал менамоянд.

Мушкиле, ки мехоҳам матраҳ кунам, кайҳо боз ҳамчун нолаи бесадо дар гулӯям печидааст. Нолае, ки роҳи рафтан надорад ва рӯз ба рӯз сахттару печидатар мешавад.Чунки ин мушкилро ҳар рӯз мебинам, мешунавам…

Таври маълум, дар Тоҷикистон, махсусан дар пойтахт, кор кофтану кор ёфтан барои духтаре, ки аз ноҳияеву деҳаи дурдасте барои таҳсил омадааст, хеле мушкил аст. Мувофиқи урфу одат танҳо мард бояд таъмингари оила бошад. Вале дар шароити имрӯза, ки ҳар як қадами гузоштаамон пул шудааст, мо наметавонем ҳамаи бори зиндагиро ба дӯши мардҳо гузорем. Бори зиндагӣ имрӯз қомати дилхоҳ мардро хамида мекунад. Ба болои ин, ҳастанд оилаҳое, ки  марди хонадон қобилияти кор карданро надорад ва ё бо маош оилаи худро таъмин карда наметавонад. Дар ин гуна ҳолат духтарони баномус бояд мардона кор карда, ҳам худ ва ҳам падару модари худро нигоҳубин кунанд.

Масалан, як духтар аз ноҳияи дурдаст барои хондан  ба пойтахт меояд. Ӯ бояд аввал худро бо ҷойи зист таъмин кунад. Ҷойи зисти хуб ёфтан низ кори осон нест, донишҷӯ бояд моҳҳо хонаи арзону мувофиқро ҷустуҷӯ кунад. Ба ҳисоби миёна ҳуҷраи иҷора дар Душанбе барои як нафар 300 сомонӣ аст, ки ин ба маоши баъзе аз кормандони корхонаҳои давлатӣ рост меояд. Боз пули об, барқ, партов ва ғайра.

Дуюм, масъалаи хӯрок, пӯшок, роҳкиро… Ба ғайр аз ин, мабод, ки донишҷӯ тариқи шартнома ба мактаби олӣ дохил шуда бошад. Дар ин ҳолат ӯ ба ғайр аз пайдо кардани пули шартнома фикри дигаре надорад. Дар ин гуна шароит табиист, ки пайдо кардани ҷойи кор дар зиндагии донишҷӯ ба муҳимтарин масъала мубаддал мегардад…

Як нафар аз дугонаҳоям перомуни мушкили пайдо кардани кор чунин қисса кард:

-Вақте донишҷӯ шуда аз деҳа ба шаҳр омадам, бароям мушкили зиёде пеш омад. Чун шароити оилавиамон он қадар хуб набуд. Бар замми ин, ман боз тариқи шарнома дохил шуда будам. Модарам хонашин, падарам дар яке аз корхонаҳои давлатӣ кор мекарданд, вале моҳонаашон  ба таъмини хонаводаамон намерасид… Ба ҷустуҷӯи кор баромадам. Ба ширкате, ки ба корманд ниёз дошт, муроҷиат кардам. Аввалин саволи роҳбараш «аз куҷо» буданам буд. Шояд зодгоҳи ман маъқул нашуд, ки «агар ниёзе ба Шумо пайдо кардем, занг мезанем» гуфту сардакак хайрухуш кард. Ба як кафеи ҳозиразамон, ки ба корманд ниёз дошт,  муроҷиат намудам. Соҳиби он гапро ғоз надода, рӯирост гуфт: «Агар маъшуқаам шавӣ, метавонӣ аз пагоҳ ба кор бароӣ». Дар даргоҳи сеюм бетаҷриба буданамро баҳона карданд. Дар даргоҳи чорум бошад, либоспӯшии ман ба роҳбар маъқул нашуд. Ҳамин тавр, то имрӯз ҷойи кор мекобам”.

Хулоса, ҳарчанд дар баъзе аз нишасту конфронсхо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон кор пайдо кардани занону духтарон нисбати мардон осонтар аст, вале шояд надонанд, ба чӣ  қимате онҳо ҷойи кор пайдо мекунанд.

Дар замони Шӯравӣ ним баст кор кардани донишҷӯён анъанаи хубе шуда буд ва аксар донишҷӯён баъди машғулият кор мекарданд. Аммо, ин анъана қариб барҳам хӯрдааст. Корфармо аксар ҳолат донишҷӯ будану як басти пурра кор карда натавонистани ӯро яке аз баҳонаҳои ба кор нагирифтан медонад. Шояд барои аз ҳозир бо кор таъмин кардани донишҷӯён роҳҳои дигаре бошад? Шумо чӣ андеша ва пешниҳод доред?

Чӣ бояд кард?

Сабрина Ғафурӣ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here