Рӯзи нав бо занги телефонии пур аз тарсу ҳарос оғоз ёфту дӯстам саросемавор сӯи боргоҳи илму маърифат шитофт.

Соати ҳафти пагоҳӣ ҳама аз ташвиши «комиссия» дар назди дари муассиса рост истодаву хонандагонро як-як аз назар гузаронида, ба дохил шудан иҷоза медиҳанд. Албатта, вақте муассиса аз чор тараф дар дорад, ҳамаи хонандагонро назорат карда намешавад. Ҳастанд хонандагоне, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ворид мешаванду бархеи дигар ниқобро дар ҷузвдон нигоҳ медоранд. Баҳри назорати ҳаррӯзаи ин масъала ҷонишини тарбиявӣ ва дигар шахсони масъул вобаста карда шудаанд, ки зери назорат мегиранд, вале имконият дар баъзе ҳолатҳо иҷозат намедиҳад. Ин масъала аз тарафи комиссия низ зери санҷиш қарор мегирад, чун ҳаёти одамӣ ба назар гирифта шудаву доғи рӯз аст.

Ба муассиса аз ҳар тараф хонандагон ворид шуда, байни худ баҳс мекунанд, ки «Комиссия дар кадом дарс иштирок мекарда бошад?», «Чӣ саволҳо мешуда бошад?», «Кадом масоилро санҷида мебароянд?». Албатта, на ҳамаи хонандагонро масъалаи комиссия нигарон мекунад, чун барои онҳо худи дарс муҳим нест. Комиссияи назоратӣ на танҳо хонандагон, балки омӯзгоронро низ ба ташвиш овардаву ҳама ончунон хотирпарешон менамоянд, ки гӯё Азроил барои гирифтани ҷони касе меомада бошад. Ҳама камбудиҳои худро як-як номбар кардаву дар пайи ислоҳи он ҳастанд, то аз шаъну шарафи худ муҳофизат намоянд.

Ниҳоят қудуми мубораки комиссия ба муассиса расид. Аз мошини сабукрави оддӣ якчанд нафар дар даст ҷузвдонҳои сиёҳ фаромаданд. Директори муассиса ба пешвози эшон баромада, бо нигоҳи тааҷҷубовар ва пур аз саволҳои беҷавоб меҳмононро қабул кард. Ҳама дар таҳлука, байни худ муколама доранд, ки «аъзои комиссия киҳо ҳастанд?». Чор нафар — яке филологи забон ва адабиёти тоҷик, дигаре оид ба масъалаҳои технологияи иттилоотӣ ва ғайра. Чун соати дарси аввал оғоз шуд, хонандагону омӯзгорон ба санҷишгарони муҳтарам як-як салом дода, дохили синфхонаҳо мерафтанд. Меҳмонони гиромӣ дохили ҳуҷраи роҳбарияти муассиса шуда, оид ба нақшаи кадом масъалаҳоро дида баромадан гуфтушунид гузарониданд.

Дар муассиса оромӣ, дарсҳо аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда рафта истодааст. Навбатдор дар назди дар бо маводи антисептикӣ рост истода, фаррош дар як лаҳза чандин маротиба фаршро тоза намуда, аз ин тараф ба он тараф меравад.

Занг зада шуд. Дарси аввал ба охир расид. Омӯзгорон ба ҳуҷраи омӯзгорӣ ворид шуда, хонандагон ба саҳни мактаб баромаданд. Аз роҳгардӣ ва ҳарфзании ҳар як нафари дар муассиса қарордошта маълум буд, ки чиқадар дар ҳаяҷон ва изтиробанд. Вале аз чӣ ба чунин ваҷд гирифторанд, худ намедонанд.

Ташрифи комиссияи гиромиқадр онқадар даҳшатнок буд, ки ҳатто барги дарахт ҳам дар рӯи замин зиёд намеистод. Хуллас, санҷишгарон дар якчанд дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, сарҷунбон ба якдигар нигоҳ мекарданд. Ин ё нишони фаъолияти хуб буд ва ё бад, айни ҳол маълум набуд. Гирду атрофи муассиса, дохили бино, синфхонаҳо, ҳуҷраи компютерӣ, ҳатто хонаи анкабут ҳам аз назари санҷишгарон дур намонд. Мақсад чӣ буд? Номаълум. Ё маълум буду факту далел лозим буд?

Занги калон. Ҳама дар саҳни мактаб қарор доранд. Хонандагон ончунон ҳайратзадаанд, ки гӯё санҷиш дар муассиса якум бор рафта истодааст. Чаро ҳайрат? Чаро инқадар нигаронӣ? Ё дар ҳақиқат ҳам санҷиш санҷиши ғайриоддӣ буд?…

Тамоми омӯзгороне, ки дар ҳақиқат ҳамеша ба дарсҳо бо тайёрии хуб меоянд, ташвишанд, вале баъзеи дигар чун ҳамешагӣ дар хоби ғафлат. Боз ҳамон меҳнатдӯст ва заҳматкаш гап мешунаваду он бепарвои бемасъулият аз назар дур мемонад. Чун маъмурият санҷишгаронро пеши ҳамон меҳнаткашон мебаранду дигарон боз ҳам дури дур. Боз ҳам ҳамон дар ғафлат мондагон бо сари баланд сухан меронанду он бечораи рухи чашмаш аз хондани китоб рафта хомӯширо ихтиёр мекунад.

Билохира, соатҳои дарсӣ ба охир расиданд ва хулосаи комиссияро шунидан лозим. Ҳамаи назоратчиён баромад намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро як-як баён намуданд. Баъзеҳо хатоҳои худро қабул доштанд, баъзеи дигар на. Албатта, пешравиҳоро низ номбар карданд, вале ангуштшумор. Камбудиҳои асосие, ки бояд гуфта мешуд, дар коми оби сард ях шуд. Чаро? Намедонам. Дар ҳақиқат набуд ё буду паси парда буд…

Ин ҳолро дида, хулоса баровардан мумкин аст, ки як рӯзи комиссия, ки пур аз ташвишу таҳлука буд, сипарӣ шуду мушкилоти ҷойдошта брқӣ монданд.

Пас, инқадар оворагӣ аз баҳри чист, вақте ки ягон масъала роҳи ҳалли худро намеёбад!?

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here