Замоне коммунистҳо аз вожаи «капиталистӣ» мегурехтанд, аммо ҳоло президент шуданӣ…

Ахиран 5-уми сентябр Мироҷ Абдуллоев — раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод шуд. Абдуллоев 73 сол дорад ва яке аз номзадҳои калонсолтарин дар миёни рақибонаш ба ҳисоб меравад.

Мироҷ Абдуллоевро, агар малеҳ карда гӯем, то таъин карданашон ба раисии ҳизб аслан касе намешинохт, гарчанде 35 сол дар мақомоти интизомӣ фаъолият доштааст. Ӯ албатта мисли Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ошкоргӯй ва фаъол нест.

Шабдоловро пас аз ҷаласаи ҳизбӣ, ки худаш онро “табадуллот” номид, барканор карданд. Ростӣ, хеле “даводав” кард, вале курсиашро на дар парлумон ва на дар ҳизб ҳифз карда натавонист. Аммо иқрор бояд кард, ки як нафари донишманд буд.

Дар анҷумане, ки рӯзи 5-уми сентябр доир гардид, Мироҷ Абдуллоев рақиб надошт ва 55 вакили ҳизб ба тарафдории ӯ райъ доданд. Вале ӯ бо як бовари сахт дар анҷуман хеле дилпурона эълон кард, ки “ҳизби мо мустаҳкам аст ва дар интихобот ғалаба мекунем”.

Ҳоло ӯ бояд 200 ҳазор имзо ҷамъ кунад ва то 11-уми сентябр имзоҳои ҷамъкардаашро ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ пешниҳод намояд. Вале таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки ҳизбе, ки аз ҳама охир номзадашро пешниҳод намуд, ҳеҷ гоҳ чунин имзоҳоро ҷамъ карда наметавонад, чӣ расад ба ғалабаи ҳавоӣ.

То ҷое, ки иттилоъ ба даст овардем, Мироҷов ягон барномаи интихоботии худро муаррифӣ накардааст, ақаллан мисли дигар рақибонаш ваъдаҳои пучу шубҳанок ҳам надодааст. Танҳо пешгӯӣ кардааст, ки “ғалаба дар дасти ӯст”.

Нафарони огоҳ мегӯянд, ки барномаҳои ҳамаи ҳизбҳо тақрибан якхела аст, ба рушди истеҳсоли ватанӣ, решакан кардани ришвахӯрӣ ва амсоли инҳо.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гарчанде миёни дигар ҳизбҳо яке аз куҳансолтарин ба ҳисоб равад ҳам, вале пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизб нуфузашро комилан аз даст додааст ва ҳоло мисли дигар ҳизбҳо онро “ҳизби кисагӣ” ном мебаранд.

Рақибони Абдуллоев ӯро як нафари ношинохта дар сиёсати кишварамон меҳисобанд. Пас аз даргузашти Исмоил Талбаков ӯ роҳбари ҳизб таъин шуд. Онҳо мегӯянд, Абдуллоев ягон заҳмат накашидааст ва ҳизби “тайёр”-ро аз худ кард.

Ҳамкасбонамон ҳам дар бораи Мироҷ Абдуллоев чандин бор навиштанд, ки худашро хеле ҷиддӣ мегирад, вале дар асл, ба суолҳои журналистон аҳамият ҳам намедиҳад. Ва на интихобкунандаашрову на суолдиҳандаро писанд ҳам намекунад. Суоли хеле муҳиму риторикӣ ин аст, ки пас ӯ дили мардумро чӣ гуна ёфтанист? Эҳтимол дар мақомот кор кардаасту шояд хусусиятҳои онҷоро бо худ ба ҳизб оварда бошад?

Мироҷов, ки ҳоло ба 73 қадам мениҳад, магар қувваи роҳбариро дорад? Ва дар парлумон ҳам танҳо курсиро ҳифз мекунаду халос. Ба гуфтаи рақибонаш, беҳтар мебуд, ӯ ҳоло истироҳат мекард, чунки нафақахӯр аст.

Интихобот метавонад рекордҳо дошта бошад, райъи аз ҳама зиёди мардум то камтарин.

Владимир Жириновский — сиёсатмадори ҷанҷолии Русия ва раиси 74-солаи Ҳизби либерал-демократ дар Русия мехоҳад маротибаи 6-ум номзад бошад ва инро барои худ рекорд медонад. Дар Амрико номзади демократҳо Ҷо Байден низ 71-сола аст ва калонсолтарин номзад дар интихобот.

Аммо дар интихоботҳои Тоҷикистон чунин рекорд бори аввал аст, ки сурат мегирад.

Пас, коммунистҳо дар маърака шояд ҳамин ниятро доранд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here