Дар замоне зиндагӣ дорем, ки эътимод миёни инсоният намондааст.

Чиқадар мушкил шудааст ба касе боварӣ ва эътимод доштан. Чаро имрӯзҳо ҳеҷ касе ба каси дигар боварӣ надорад? Магар ҳамаи ин аз шунидани дурӯғи зиёд миёни одамон ба вуҷуд омадааст, ё ин ки чизе дигар? Албатта, дар натиҷаи дурӯғи бисёр боварӣ ҳам аз байн меравад. Вале аз чӣ бошад, мо одатан ба шахсоне, ки ҳақиқатро мегӯянд, боварӣ надорему ба як нафари дигар, ки дар вуҷудаш ҳарфи рост нест, зуд бовар намуда, фирефтаи суханҳои ӯ мегардем.
«Дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор». Ин суханро низ беҳуда нагуфтаанд. Маҳз ҳамин нобоварӣ ва беэътиноӣ шахсони ба ҳам наздикро аз ҳам дур сохта, байни онон душманӣ ва ё бадбинии беасос ба вуҷуд меорад. Шояд ҳам наздик набуданд? Агар мебуданд, нобоварӣ ҷой намеёфт.
Чаро ҳақиқатро ҷустуҷӯ накарда, бо фикрҳои ғаразноки худ хулосабарорӣ менамоем? Ба ҷои шахси дигар фикрронӣ намуда, мисли ҳамон лӯлифолбинҳо аз пеши худ чизе мебофему як шахси дигарро гунаҳгор менамоем.
Албатта, ба ҳар касу нокас бовар кардан нашояд, вале санҷида боварӣ намудан боиси он мегардад, ки қазовати нодуруст дур мешавад ва шояд дар ҳаёти шахсии як нафар дигаргуние ба мисли хушҳолӣ ва оромӣ ба вуҷуд меояд.
Дар бисёр мавридҳо нодида сухан менамоем, яъне туҳмат мезанем, ки боиси руҳафтодагӣ гардида, дили бе ин ҳам шикастаро шикастатар месозад. Чуноне ки мегӯяд, «шунидан кай бувад монанди дидан?». Яъне, ҳақиқатро нодида сухан намудан, асли воқеаро пурсон нашуда хулосаборӣ намудан ба сиришти инсони комил дуруст намеояд. Магар нагуфтаанд, ки «дил ба даст овар, ки ҳаҷи Акбар аст?». Ё ин суханон ба мову шумо дахл надоранд?… «Хубиат намерасад, ҳадди ақал бадӣ накун». Ё ин суханро ҳам аз рӯи шавқу рағбат рӯи қогаз овардаанд?
Агар аз ҷиҳати қазовати судӣ назар намоем, барои гуноҳи содиршудаеро аниқу дақиқ намудан чиқадар вақт, чиқадар санҷиши факту далелҳо лозим мешавад, то гунаҳгори ҳақиқиро муайян намуда, баъдан барои ҷазо гирифтан пешниҳод намояд. Чаро чунин аст? Мумкин буд, ки бе санҷиши аниқу дақиқ ҳам, бо фикри хушку холӣ барои гирифтани ҷазо пешниҳод намоянд, вале на, чун ин қобили қабул нест. Зеро, ҳаёти шахсе дар назар гирифта шудааст ва аз ин қазову ҳалномаи судӣ умри инсон зери хатар монда мешавад. Пас чаро дар дигар мавридҳо нисбати руҳияи инсонӣ бетараф бошем? Чаро беасос туҳмат намуда, боиси руҳафтодагии шахси дигар гардем? Магар пурсон шудани ҳақиқат мушкил аст, ё аз ҷавоби он меҳаросем? Шояд худ мехоҳем, ки «бигзор чунин бошаду фикри худи ман дуруст бошад»? Вақте чунин аст, вақте мехоҳед, ки ба қавли худатон, фикрронии бемавриди шумо дуруст бошад, пас чаро нисбати як нафари дигар нобоварӣ намуда, беасос, бемаврид гунаҳгор меҳисобедаш?
Ҳақиқат ҳамеша талх аст, вале ҳақиқатро қабул кунед, ки ҳар кас ба андозаи ақли худ қазоват мекунад. Ҳар як нафар ба рафтору кирдори худ назар карда, ҳамаро ба мисли худ фикр мекунад. Вале ин тавр нест, ба худ қазоват накунед. Бовариро аз байн набаред. Шояд ин як масъалаи хурд менамояд, вале аз як рафтори ношоистаи шумо чандин нафарони дигар зарар мебинанд. Албатта зарари моддӣ набинанд ҳам, руҳияи инсон зарар мебинад. Шарм надошта, қазовати бемаънӣ ва ғайричашмдошт намуда, боиси озурдаҳолии нафаре гаштаву худ орому осуда мегардед. Магар ин дуруст аст?
Вақте боиси умед ва шарафмандии касе гаштед, вақте як нафар ба шумо боварӣ намудаву худро фидо намуд, ин маънои онро надорад, ки ба шумо ҳуқуқ дода шудааст ҳар чӣ хоҳед, кунед ва ҳар чӣ хоҳед, гӯед. Вақте нисбати як нафар хулосае доред ва ё гуфтание, рӯирост, бе баҳона ва бе туҳмату буҳтон иброз доред. То аз ин хабардор бошанд. Дар ҳамаи маврид, вақте нисбати як нафар мулоҳизаҳои худро дорем, ҳатман бояд бохабараш созем. Вақте як нафар ба шумо бо боварии комил рӯй меоварад ва ҳақиқати ҳолро баён мекунад, гӯш диҳед, агарчи боваратон наояд ҳам, кӯшиш намоед. Хатои ӯ дар чист? Дар он, ки мисли дигарон лоф зада наметавонад? Ба мисли баъзе аз ашхос худро фаришта нишон дода наметавонад ва ё хислати шайтонӣ дар ӯ дида намешавад? Ҳама якранг сохта нашудаанд. Баъзеҳо хислатҳои дар боло зикршударо доро нестанд. Баъзеҳо ҳақи ҳалоли худро талаб карда наметавонанд. Вақте ба суханҳои шумо гӯш додаву хомӯш меистанд, ин маънои онро надорад, ки ба ҳамаи гуфтаҳои шумо розиянд. Дар ин ҳолатҳо бисёр вақт «бо ту ҳарф задан фоида надорад, ҳақиқатро чӣ гӯям, чӣ не» гӯён хомӯширо ихтиёр менамоянд. Чун айён аст, ки кӯшиши исбот намудан қобили қабул нест ва ба шумо вогузор менамоянд, то бо ақли кӯчаки худ қазоват намоед, зеро гуфтаанд: «Инсон он чиро, ки хоҳад, ҳамонро мебинад».
Гап соҳибашро меёбад!

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here