Монолог

“Эҳтиёт — ними ҳаёт”.

(Мақоли мардумӣ)

Ин мақол дар рагу пайу хуну ҷисму ҷони ман аллакай ҷо шудааст, ҷаноби Хоҷаев! Шубҳа ҳам надорам, ки ту ва дигарон низ ин мақолро меписандед ва гиромӣ медоред. Чун он худ ба худ рамз аст. Рамзи бомулоҳиза, ором, ботамкин будан.

Медонам ва ту, дигарон низ медонед, ки эҳтиёткорӣ аслан ҳосили тухми нобоварӣ аст. Вақте дар мавриде аз эҳтиёткорӣ истифода мебарем, дақиқ аст, ки аз натиҷаи рухдодҳо ҳарос дорем. Зеро, намедонем қазия бо чӣ меанҷомад. Масалан, боре писари калониам Меҳробро замони кӯчак буданаш барои овардани тухм ба мағоза фиристодам. Аз хурдсолиаш нигарон будам ва чанд бор таъкид кардам, ки боэҳтиёт бошад. Рафт ва баргашт. Чашмонаш нам дошт. Ба халтаи дасташ нигаристам, тухмҳо шикаставу зардӣ бо сафедӣ омехта шуда буд. “Омад ба сарам, аз он чӣ, метарсидам…”. Аммо тунд нагуфтам. Шӯхӣ кардам, ки “бачам, тухми килоҳакӣ овардӣ?”. Бо завқ хандид ва осоре аз тарсу алам дар чеҳрааш намонд.

Чаро чунин намуна меорам, дӯстам Хоҷаев? Зеро вақташ расидааст. Замоне расидааст, ки бояд ҳатман аз эҳтиёткорӣ кор бигирем. Вақте зиёд кишварҳои ҷаҳон баҳри мубориза бо вируси бадзод — коронавирус панҷа нарм мекунанд, мо бояд ҳадди ақал тибқи дастуроти тавсиявӣ ангуштони панҷаҳоямонро бишӯем. Бубин, ҳатто ман, ки гоҳ-гоҳе субҳи саҳар бо дасту рӯйи ношуста ба кор меомадам, акнун эҳтиёткор шудаам. Аз хоб хестан замон, дасту рӯй мешӯям ва баъди қазои ҳоҷат боз дасту рӯй мешӯям. Боз, ба таври муқаррарӣ не, бо собуни “Дулу, Дулу” (истилоҳи дӯстдоштаи духтарчаам Саодат, ки маънои собуни хушбӯйро дорад,- Ф. А.). Дасту рӯй мешӯям ва орзу мекунам, ки кош ҳамин ҳоло ҳама мардуми тоҷик, хурду калон чун ман дасту рӯй шуста истода бошанд.

Нависандаву рӯзноманигор, хабарнигори низомӣ, фаъоли ҷамъиятӣ, ҷомеашинос, муаллифи машҳури қиссаву романҳои моҷароҷӯёна, дӯсти хаёлии ман Ҷек Лондон гуфтааст, ки “ҳангоми бозӣ дар бозии ноошно ҳеҷ гоҳ гашти аввалро анҷом надеҳ”. Вале, ман ҳоло хеле мутаассирам. Лиҳозо, сарфи назар аз шефтагӣ ба ин нависандаи тавоно, гаштро оғоз мебахшам ва бигузор руҳи ин хирадманд маро барои якравию худсариам бубахшад. Тибқи маълумотҳои коршиносӣ, дар ин “бозии тақдир”-и барои ман ноошно ба таҳдиди вабои худкома — коронавирус бештар афроди синнашон аз 60-65 боло (то 15 %) гирифтор мешудаанд. Инҷо ягон шубҳа низ ҷой дошта наметавонад. Чун ин фирқаи одамон аллакай тавонмандиеро, ки ҷавонон доранд, надоранд ва дар муқобилият бо вирусу заҳролудшавӣ истодагарӣ карданашон андаке мушкил аст. Пас, мо бояд чӣ кор кунем? Магар уҳдадориву вазифаи ҷонии мо нест, ки онҳоро дар ин марҳилаи мушкилу хатарзо дастгирӣ намоем? Вазифа не, ин қарзи мост! Қарзе, ки набояд иҷрои онро ба қиёмат монем. Ба ҳамин хотир, пешниҳод мекунам, ки аввалан ҳар як фарзанди боимону бовиҷдон ва баъдан, масъули ҳифзи сиҳатии мардуми тоҷик — Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нукта махсус таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Чаро? Зеро, қишри калонсоли мо роҳнамои моянд. Мо бе онҳо ҳеҷем! Бидуни онҳо мо арзишу дастоварде дошта наметавонем. Онҳо замоне моро эҳтиёт карданд ва акнун мо бояд онҳоро эҳтиёт намоем.

Дур намеравам. Туро лаҳзае ба фикр кардан водор месозам, рафиқ Хоҷаев. Оё боре лаҳзаҳои хӯрокхӯриатро дар овони тифлӣ ба ёд оварда метавонӣ? Ман ҳоло ҳам зиёд лаҳзаҳоро дар хотир дорам. Мо — хоҳару бародарон дар оила барои худ махсус косаҳои хӯрокхӯрӣ доштем. Гарчанде косаи ман нисбати дигарон калонтар буд (чун иштиҳои қозгир доштам), онро худам аз хӯрок пур мекардам ва лаболаб. Чанд бор иттифоқ афтод, ки аз беэҳтиётӣ нисфи хӯрок аз коса рехт ва пойҳоямро сӯзонд. Модарам накуҳиш кард ва дигар бароям худаш хӯрок мебардошт, мувофиқи меъёри аз коса нарехтанӣ.

Дигар қисса ин ки, соле мо гови бисёр ва ҳар якуним моҳ баъд навбати пода доштем. Дар як навбати пода, чун саҳар аз хоб хестем, падарам амр дод, ки бо худ хайма ва либосҳои боронӣ бигирем. Хандидем, кароҳатомез, бо масхара хандидем, ки “падар, о субҳ ҳаво кушода аст ва рӯз офтобӣ хоҳад шуд”. Бо худ нагирифтем хаймаву борониҳоро. Аз қазо, баъди нисфирӯзӣ абру туман рӯйи осмонро чунон пӯшонд, ки ногуфтанӣ. Дигар говро аз хар базӯр фарқ карда мешуд. Борон борид ва аз пайаш жола омад. Говҳо дигар аз баландиҳои куҳ поин намефаромаданд. Борони сахт танҳо баъди фурӯ рафтани офтоб аз боридан монд. Подаро базӯр, бо ҳоли зору либосҳои шип-шилта дар об шабона ба деҳа фаровардем…

Якуним моҳ баъд. Навбати пода. Саҳар мехезем, ки ҳаво серрутубату абрист. Ба додарчаҳо мефармоям, то борониҳо ва хаймаи чорнафараро ба маркаб бор кунанд. Як хар бор дар маркаб ва як хар бори дигар дар китфонамон, подаро ба чаро бурдем. Аҷоиботро бинед, ки чун 10-12 километр роҳро тай кардаву ба адир баромадем, абрҳо пароканда шуданд ва офтоб баромад. То бегоҳ қатрае борон наборид. Хар ба ҳоли худаш, мо як хар бор дар китфонамон, подаро ба деҳа овардем.

Яъне, натиҷаи эҳтиёткориро ҳеҷ кас пешакӣ гуфта наметавонад, ки чӣ мешавад. Аммо, ба ҳар сурат, эҳтиёткорӣ хуб аст. Дар ин марҳилаи мушкил, ки ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, ту ҳам, ҷаноби Хоҷаев, агар дастакӣ салом накардам, аз ман хафа нашав. Ин маънои кам гаштани меҳру муҳаббату самимияти инсонҳоро надорад. Баръакс, бубин, ки имрӯз мардуми тамоми ҷаҳон барои пешгирии сирояти “Ковид-19” муттаҳид шуда ва ҳатто ба ҳамдигар дасти кӯмак дароз карда истодаанд. Мардум агар ба якдигар бо имову ишора ҳам салом диҳанд, қавитар гардидани муттаҳидиву ҳамдилиашон аён аст.

Умуман, чунин вазъият муваққатист ва Худо хоҳад, паси сар мешавад. Муҳим ин ки, аз эҳтиёткории ману ман баринҳо дар ғазаб нашав!

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here