Масъулини Вазорати тандурустӣ «ба даҳон об гирифта», бо мавҷи дуюми коронавирус мубориза бурда метавонанд?

Ҳафтаи гузашта Адам Войтех — вазири тандурустии Чехия аз вазифааш истеъфо дод. Ин хабар зуд дар расонаҳо паҳн гардид. Ӯ эътироф кард, ки натавонист аз мавҷи дуюми коронавирус дар кишвараш пешгирӣ кунад. Адам Войтех гуфт, иштибоҳаш ин буд, ки пеш аз оғози тирамоҳ хатарро ҷиддӣ нагирифтанд ва барои эълони маҳдудият ба ҳукумат ва парлумон пешниҳоде накарданд. Ҳоло дар ин кишвар, ки ба гуфтаи коршиносон, хеле дақиқ кор мекунанд, аммо рӯзона аз 2 то се ҳазор нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт мешаванд. Шумораи гирифторон аз 67 ҳазор гузашта, беш аз 600 нафар фавтидаанд.

Чаро аз Чехия гуфтем? Дар Google ҷустуҷӯ кардем ва дидем, ки ин кишвар аҳолиаш дақиқан баробари Тоҷикистони мо аст ва дар пойтахташ низ мисли Душанбе бештар аз як миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳоло гапи муҳим ин аст, ки вазири тандурустии ин кишвар ба камбудаш эътироф карду истеъфо дод. Дар Тоҷикистон низ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эътироф кард. На, эътирофи камбудӣ не, балки танҳо ин эътироф, ки воқеан мавҷи дуюми коронавирус ба Тоҷикистон расидааст ва шумораи гирифторон афзоиш ёфтааст.

Дар Чехия матбуоту расонаҳо танҳо аз фавти онҳое аз коронавирус менависанд, ки аз 60-сола болоянд. Бо вуҷуди тамоми чораҳои эҳтиётӣ дар ибтидои коронавирус ин кишвар эътироф кардааст, ки наздики 70 ҳазор сокинаш ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз омори расмӣ ба 10 ҳазор нарасидааст. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмуъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 9895 нафар баробар шуд. Дар ҳамин ҳол, то санаи 3-юми октябр дар мамлакат 8707 (88,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 77 нафар фавтидаанд. Ба ин омор кӣ бовар мекунад? Мардум рӯйрост мегӯянд, ки «ҳамарӯза бемор шудани даҳҳо шиносро мешунавем ва хабари марги даҳҳо нафари дигар аз коронавирус шабакаҳои иҷтимоиро пур кардааст ва ба маълумоти расмии вазорат бовар намекунем». Ва ин гапи нав ҳам нест.

Сабабҳои ба воқеият рост наомадани теъдоди гирифторонро дар он медонанд, ки мақомот танҳо онҳоеро ба омор ворид мекунанд, ки ташхис супурдаанд. Садҳо тани дигар имкони супурдани ташхис надоранд ва онҳоро касе ҳамчун бемор сабт намекунад. Яъне, сабт нест ва коронавирус нест? Ин мисли ҳамон гуфтаест, ки “одам нест, проблема нест”.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳоле “оромона” дар ин мавзуъ суҳбат мекунанд, ки мардуми зиёд на танҳо аз фавти одамон ва шумораи зиёди гирифторон, балки аз мушкилоти ҳоло ҳам бисёр шикоят доранд. Сар карда аз мушкилоти ёрии аввалияи тиббӣ, ки расман ройгон эълон шудаву одамон далелҳои дигар меоранд. Нигаронии мардум аз набудани ҳатто болишту курпа то собуну қоғази ташноб дар касалхонаҳо зиёд ба гӯш мерасад. Дар бораи доруи расман бепул, аммо амалан пулакии гирифторони бемориҳо кам шунидаем?

Оё бо хомӯшӣ ин мушкилотро мешавад ҳал кард?

Ё интизор доранд, ки Худое накарда мисли дафъаи гузашта мушкилот аз ҳад гузараду баъд доду фарёд зананду мардум боз ҳам ба кумак бархезанд?

Чӣ, одамон ин дафъа бояд болишту курпа ба беморхонаҳо бубаранд?

Яъне, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ камбудии худро мисли Чехия эътироф карданӣ нест. Фарҳанги истеъфо, ки дар мо як калимаи фаромӯшшуда аст, дар гумон аст, ки ба наздикӣ истифода шавад. Пас боз ҳам бояд фармони машҳури 69-и Пешвои миллатро интизор шуд?

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мавҷи дуюмро хатарноктар аз мавҷи якум медонанд. Омодагии ҷиддӣ зарур аст. Аммо ин омодагиро бо хомӯшиву “пинҳонкорӣ”-и мушкилот намешавад ҳал кард. Лоақал набояд дурӯғ гӯянд.

Мо то кунун барномае, ки барои ҷилавгирӣ аз беморӣ таҳия шуда бошад, надидаем. Ё ҳасту мо намедонем?

Боз ҳам пинҳонӣ?

Аммо ҳоло асре аст, ки чизеро пинҳон кардан имкон дорад?

Бубинед, табибон бидуни зикри номашон мегӯянд ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустӣ ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор намуд, аммо дар он вазир иштирок накардааст. Дар ҳоле, ки мавзуҳои меҳварии он кумаки иҷтимоӣ ба камбизоатон, табобати бемориҳои эндокринологӣ, солимии репродуктивӣ ва бемориҳои сироятии ВИЧ будааст. Дар бораи коронавирус, ки мардум доду вой мезананд, калимае касе нашунидааст.

Ё масъулини вазорат ба режими “таваккал ба Худо” гузаштаанд?

Бешак, ҳама Худо хоҳад гуфт, аммо як рӯз мардум намепурсанд, ки ҳамин вазорату вазирҳо чӣ кор мекунанд?

Дар ин бора ҳам фикр кунед, ҷанобон, вақте хомӯширо бештар мекунед, кӣ зарар мебинад?

Намедонед?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here