“Ва фарзандони худро аз тарси тангдастӣ макушед, Мо ба онҳо ва ба шумо рӯзӣ медиҳем; ба дурустӣ ки куштани онҳо гуноҳи азим аст”.

Қуръон, 17:31

 Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Ҳамзамон ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар ҷумҳурӣ 4 фарзанд ба дунё меорад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло кишварро ба яке аз давлатҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Ин боиси хушҳолист ва мебояд ба якоякамон таҳсину офарин гуфт.

Аммо, мутаассифона, ҳоло амали нигаронкуннандае байни оилаҳои ҷавон ва миёна — “исқоти ҳамл” ривоҷ ёфтааст. Ҳоло дар Аврупо меъёри тавлид як ё ду фарзанд асту онҷо мӯд ин ки умуман таваллуд накунанд ва барои худ зиндагӣ намоянд. Вале моро чӣ шудааст, ки насли миллатро ба ақидаи он ки “фарзанди бисёр нонхӯри зиёдатӣ”, бо дасти худ ба қатл мерасонем? Вақте ба ин масъала сар мехалонему оид ба он чизеро иброз карданӣ мешавем, гуруҳе пайдо мешаванду мегӯянд, ки “ин кор дар Ислом иҷозат аст ва мо тибқи он амал мекунем”. Хестед, ки хобед.

Инро гӯшрас карданиам, ки агар масъала дар сари банақшагирии оила аст, пас Ислом даъват мекунад, ки бояд фарзанди зиёд ба дунё овард. Аввалан, донистани як ҷониби масъала аз нигоҳи шаръӣ хатост ва бояд тарафи муқобили онро низ хуб аз бар кард. Ҳама амалҳо ба ният вобастагӣ доранд ва бовар дорам, онҳое, ки имрӯз соле як-ду ҷанинро аз батнашон ҳамл мекунанд, на ба хотири саломатӣ, балки аз фақру тангдастӣ метарсанд. Ҳол он ки, Худо мегӯяд: “Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем”. Дувум, бояд инро донед, ки иҷозаи исқоти ҷанинро фуқаҳои дин танҳо дар як марҳала иҷозат додаанд, ки агар “ҳомиладорӣ ба ҷони модар хатари маргбор дошта бошад”. Савум, агар зиндагии аврупоӣ писандатон бошад, пас марҳамат кӯч бандеду онҷо равед ва танҳо барои худ зиндагӣ кунед.

Пас чаро ҳоло низ ин масъаларо дар сатҳи ниҳодҳои болоӣ ҷиддӣ намегиранд ва ё тақдири ояндаи миллат дигар арзише надорад? Ҳол он ки, исқоти ҷанине, ки дар батни модар 12 ҳафта рушд карда ва инкишофи хуб дорад, дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад. Як ба моддаҳои 123-124-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нигаред, агар он аз ҷониби табибон ва ё ғайри онҳо анҷом дода шавад, барои сабабгорони исқоти ғайриқонунии ҳамл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст. Инчунин, ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан низ амали ҷиноятӣ ҳисобида мешавад ва маҷбуркунандаро низ 2 соли зиндон интизор аст.

Пас оё гумон доред он теъдод исқоти ҳамли аз ҷониби занҳои ҳомила анҷом додамешуда тибқи дастури қонун сурат мегиранд? На, ҳеҷ кадомашон дар он тарзе, ки қонун талаб мекунад, сурат намегиранд.

Шояд ҳар рӯз чандин кӯдаки тавлидношуда аз паси кундақлии шавҳару зан аз байн равад. Касе сару калобаи ин корҳоро ёфта намедатовад, зеро аллакай доруҳои зиддиҳамлӣ дастрасӣ ҳамагон асту васеъ истифодааш мебаранд.

Мардум дигар дар соябони ноумедӣ ва беэътиқодӣ зиндагӣ карданро аз зистан дар сояи дини Худо авло донистаанд, пас бигзоред дар интихобашон боқӣ монанд. Ҳар кадомро суолу ҷавоби азим интизор аст!

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here