Монолог

«Агар шахс баъди афтодан мехезад, ин физика нест. Ин хислат аст».

Майк Тайсон

Ин гуфтаи муштзани афсонавӣ, чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон вобастагӣ ба мафҳуми «ирода» мегирад, дӯстам Хоҷаев. Ба кадом ваҷҳ? Бо кадом мантиқ? Аз кадом нуқтаи назар? Хеле соддаву муъҷаз аст посух ба ин иддао. Чаро? Таваҷҷуҳ намо: агар дарахт аз реша баркандаву афтода шуд, аз ҷой бармехезед? Не. Чун, воқеан, физика ҷой надорад ва дарахт хислати бархостан ҳам надорад. Воқеан, агар робот афтод, шояд бархезад, агар тарҳи фаъолияти он бо дарназардошти хусусиятҳои оянданигарӣ ва ҳатман хислати физикӣ таҳия шуда бошад. Аммо, агар инсон аз пой дарафтод, ҳатман бояд бихезад. Чун ин хислати табиии ирсии ӯ бояд бошад. Агар асп, шер, хар, гург ва дигар ҷондорҳо ҳам ки афтоданд, бояд бихезанд. Зеро дар талоши зиндагӣ коре бояд кард. Яъне, ирода метавонад беш аз ҳама кумакрасони ҷисми зинда бошад, барои хестан, ҳаракат кардан, пеш рафтан, умуман амале содир намудан.

Ту чӣ, фикр мекунӣ, ки қаҳрамони дӯстдоштаи ман Майк Тайсон нуктаи болозикрро ҳамту, раҳораҳ, баҳри фараҳ, барои як сару гардан боло нишон додани худ аз дигарон гуфтааст, ҷаноби Хоҷаев? Не! Хато мекунӣ сад дар сад, агар чунин аст пиндорат. Ӯ нуқтаи назарашро бо дарназардошти таҷрибаи худ гуфтааст. Агар доираву вазну мураккаботи ҳаёту фаъолияташро бисанҷему баркашем, шояд “мазҳакаҳои зиндагидорӣ”-и мо ним фисади бардоштҳои ӯро набардоранд. Шояд муштҳое, ки ӯ хӯрду каҷ шудаву мувозинат бар ҷой овардаву рост шуд, агар мо нимашро бичашем, дигар мисли мурда дароз кашем ва чанд нафар пову пушту қафаси синаамонро бимоланду ба ҳалқамон бо пахта об чаконанд! Ин хислати муштзанӣ аст. Ҳамон чизе, ки Тайсон мегӯяд. Хислате, ки аз муштзан тақозо мекунад, то дорои иродаи мустаҳкам бошаду бар пой устувор истад, чун ҳама ҳикмату дастоварди бокс аслан дар пой аст. Маълумат бод, ки таҳрикдиҳандаи ирода руҳ аст. Вақте руҳ нотавон аст, ирода худ аз худ пайдо намешавад. Яъне, аз чизи набуда ҳаргиз чизе ба вуҷуд намеояд. Ҳатто бузургтарин муштзанҳои дунё, ки санъати муштзанӣ ва муҳимтар аз ҳама, панҷ усули асосии бокс — ҷеб, кросс, хук, свинг ва апперкотро омӯхтаву ҳамарӯза таҷриба мекунанд, аз пайомадҳои манфии ногаҳонӣ бим доранд. Зеро, медонанд, ки ҳамтоёни рақибашон ҳам ҷондор ва аз санъати бокс бархӯрдоранд. Барои ҳамин, ҳатто агар аз пой ҳам ки афтоданд, руҳашонро бар он вомедоранд, то ба иродаашон тасаллут ёбад, қувваи дучанд ба бор орад ва ба рақиб дастболо шаванд. Дар ин ҳолатҳову чунин даргириҳо фикри онҳо бешак ин аст, ки дохилашон қувваҳои бештар нуҳуфтаанд ва акнун, дар лаҳзаҳои коромад бояд берун шаванд, то талабгорро ба марра ё хати ниҳоӣ расонанд. Тавре файласуфи фаронсавӣ Албер Камю гуфтааст: “То ба охир рафтан на танҳо муқобилият нишон додан, балки ба худ ирода бахшидан аст. Ман бояд шахсияти худро ба андозае эҳсос намоям, ки дар он ҳиссиёти болотар аз ман вуҷуд дошта бошад”.

Воқеан, ирода бояд дар пояи ҳиссиёт зуҳур намояд. Эҳсоси хаста нашудан, болодастӣ, дӯст доштани зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, эътимод бастан ба хоҳишу ғурур. Чунин эҳсосот фардро маҷбур месозанд, ки гоҳи афтодан бархезад ва муқобили дилхоҳ қувваи фавқулодда пурзӯр муқобилият нишон диҳад.

Саҳнаи зиндагии муқаррарӣ ҳам мисли саҳнаи бокс аст, ҷаноби Хоҷаев. Зеро, зиндагӣ худ набард аст. Гоҳо мешавад, ки аз нафарони гуногунхислат зери манаҳ, аз паҳлу, бевосита рост ба пешонӣ ва ҳатто миёни пой зарбаҳо мехӯрему ниёз ба ирода мемонад, то тавонем ҳадди ақал панҷоҳ фисад ба амалашон посух гардонем.

Ҳоло як лаҳза аз таҷриба бароят қисса мекунам. Боре дар навбати подаи мо гӯсфанди ҳамсоя гум шуд. Доду фарёд бардошт, ки гӯсфандаш бурдоқиву пурарзиш буд ва ҳатман онро бояд пайдо кунем. Рафтам пайи таҳаффуси гӯсфанди “бурдоқӣ”. Тақрибан 20 километр бар фарози куҳу дара боло рафтам. Ба қароргоҳи раммае расидам. Соат даҳи рӯз буд ва танҳо як чӯпон назди хайма машғули хӯрокпазӣ. Хуб пазироӣ кард маро, наздам қайлаи куҳна гузошт ва айни бархостан афсӯс ҳам хӯрд, ки харашонро ба осиёб барои овардани орд бурдаанд, вагарна онро баҳри савориам амонат медод. Гуфтам, ки боке нест, пойи пиёда ҳам метавонам нишебро фароям. Дар асл, фикрам ба аспи ҳамсоя банд буд, ки соҳибонаш чанд чақрим поёнтар аз қароргоҳи рамма алафдаравӣ доштанд. Бо ҳамин андеша аз рамма дур шудам. Вақте аз теппаи дуввуми поёни хайма мефаромадам, баногаҳ садои сагона карахтам кард. Ба қафо нигаристаму бинам, ки чор саг таъқибам доранд. Сарҳанг, яъне солорсаги пир, ки пешопеш меомад, ғуррос мекард ва ҳангоми садо баровардан ду дандони тези пешаш мисли алмос медурахшиданду аз чашмони сурхгаштааш гӯё оташ меборид. Ба таҳлука афтодам, гирду атрофамро бо панҷа палмосидам. Аммо, дар бадии кор, санге ҳам ба каф наомад. Замин хокии регомез буд. Бо ҳарос рӯй гардонидаву башаст давиданӣ шудам, ки ҳамин вақт… Ваҳҳҳҳ! Дарди ҷонкоҳ. Саги сурхчашм аз нармии банди поям дошту таконд, то он ки ғирев бардоштам. Чун наъра кашидам, садои чӯпон баланд шуду саг раҳоям кард ва болои баландӣ, назди се шарикаш рафт. Хушбахтона, саги хапгир чун пир буд, дандонҳои дигараш рехта буданду танҳо бо ду дандони ашкияш захминам кард. Аммо, захм кироӣ буд. Гарчанде чӯпон борҳо таъкид кард, ки баргардаму дар хайма интизори овардани маркаб шавам, сар нафаровардам ва роҳии деҳа гардидам. То назди ҳамсояҳои даравгар расидан, аз поям хеле хун шориду рехт. Бо ҳоли зор хоҳиш кардам, то аспашонро диҳанд, ки худро болояш гирифта, ба деҳа расонам. Баҳона пеш оварданд, ки ҳамин ҳоло бояд бо асп барои овардани об раванд. Бо ин баҳонаи бепоя гӯё як сатил оби хунукро ба сарам рехтанд. Ба умеди аспи ҳамсоя шуда, аз хари чӯпон ҳам маҳрум мондам. Аммо чӣ мегӯӣ, ки ҳамон замон кадом як қувваи ногаҳонӣ дар ҷисмам пайдо шуд. Бадҷаҳлона, бо ғазаб сари по хестам, як-ду қадам калавидаму пешпоӣ хӯрдам, вале худро ба даст гирифтаву ба роҳпаймоӣ оғоз намудам. Бо азоби алим ба хона расида, рӯйи ҷойхоб афтодам. Ҳарчанд муддати беш аз як ҳафта бо асобағал роҳ гаштам, аммо пушаймон нашудам аз амали худ. Баръакс, шукр мегуфтам, ки ҳамон лаҳзаи тангдастӣ хоҳиши ғолиб омадан ба дард ва рафтори ҳамсояҳо дар майнаам хона кард.

Баъд аз ин ҳодиса дарк кардам, ки ирода обхӯри хоҳиш аст.

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here