Кадом чеҳраи таъсиргузор метавонад ҳама мушкилотро ҳал кунад?

Фасли зимистон бо ҳама хубу бадиҳояш гузашт. Рӯзи интихоботи вакилони парлумон ба 1-уми марти соли 2020, рӯзи нахустини фасли баҳор рост омад. Аксари мардум номзадҳоро то соатҳои охирин намешинохтанд, ки ин воқеан даҳшат буд. Аммо бо ин вуҷуд, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар шаҳри Ҳисор рӯзи интихобот мисли тӯй буд. Участкаҳо серодам, қисмати зиёди мардум оилавӣ, хусуру хушдоман, келину набера бо мошин ба интихоб омаданд.

Бо гузашти як рӯз ба ҷуз хабарнигорону кормандони давлатӣ ва вакилоне, ки бояд «интихоб» шаванд, дигар мардуми оддӣ аслан дар фикри на «ҳисоб» кардани «овоз»-ҳо буданду на чизи дигар. Аз ҳама муҳим, ҳамааш ба хубӣ гузашт…

Аз суҳбатҳо бараъло ҳис кардан мумкин буд, ки мегӯянд «райъи мо чизеро тағйир намедиҳад”. Дар ҳоле, ки дар бархе кишварҳо ҳатто як овоз метавонад натиҷаи интихоботро тағйир бидиҳад.

Аммо, бояд гуфт, ки мардони пойтахт аз интихобот дида, ба иди Рӯзи Модар бештар омодагӣ медиданд. Ҳама аз қафои хариди туҳфаву тараддуд миёни бозору мағозаҳо. Занон ҳам бештар дар хусуси омодагӣ ба 8-уми март суҳбат мекарданд, то аз интихобот. Баъзеҳоро туҳфаҳое гаронарзиш, мисли зару зевар интизор аст, вале заноне ҳастанд, ки ба як бурда нон зоранд. Дар ин миён метавон чунин мушкилоти умдаи занони тоҷикро ном бурд:

— Занони тоҷик на ҳама зиндагии хуб доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, заноне ҳастанд, ки новобаста ба синну соли аз 60 гузашта дар таҳхонаву анборҳо умр ба сар мебаранд.

— Баъзе занон аз ҷониби шавҳарҳояшон дучори азият ва хушунати хонаводагӣ мегарданд, вале умед доранд, ки рӯзе зиндагиашон хуб мешавад ва бо шиори «меваи сабр ширин аст» зиндагиро идома медиҳанд.

— Заноне ҳастанд, ки таҳқир, таънаву маломати мардонро таҳаммул карда натавониста, даст ба худкушӣ мезананд.

— Як қисмати занони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар умр ба сар мебаранд.

— Баъзе занон аз хонаи шавҳар мегурезанд, то ки марди хуберо барои зиндагии ояндаи хуб пайдо кунанд.

— Баъзе мардон занонро бо гумони хиёнат азият медиҳанд.

— Баъзе занон дар баҳсҳои хонаводагӣ дар додгоҳ бештар мағлуб мегарданд.

— Баъзе занон дар мардикорбозоранд, ҷойи кор намеёбанд.

— Баъзе занон дар маҳбас адои ҷазо мекунанд.

Барои ҳалли ин мушкилот чӣ бояд кард? Бо назардошти он, ки Кумитаи занон ҳамеша нақзи ҳуқуқи занро кори хонаводагӣ ва муҷозот нашудани мардонро ба такмил нашудани қонунҳо марбут медонад, ман ба чунин хулоса омадам, ки то як зани соҳибвазн раҳбарии ин кумитаро ба зимма нагирад, мушкилоти болозикр ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли худро пайдо нахоҳанд кард.

Шумо чӣ фикр доред? Кадом зан метавонад ба ин курсӣ таъин гардад? Албатта, зане, ки воқеан сиёсат дорад. Зане, ки мардон аз сояаш ҳарос доранд. Зане, ки ҳам дар оила ва ҳам дар мансаб намунаи ибрати мо бошад.

Ҳамзамон, заноне, ки ба тозагӣ вориди парлумон шуданд, бояд дар амри такмили қонунгузории кишвар барои ҳифзи ҳуқуқи занон иқдом карда, дар баробари ин оид ба мушкилоти занон дар ҷомеа садо баланд намоянд.

Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони рӯзи 1-уми март 48 нафар зан дар баробари мардон вориди сабқати интихоботӣ шуданд. Яъне, наздики 20 дарсад номзадҳо аз ҷумлаи занон буданд. Афзоиши шумораи номзадҳои зан ин умедро дубора зинда кард, ки талошҳо барои ҳалли мушкилоти занон дар ҷомеа бештар хоҳад шуд.

Пас, бигузор вакилзанон на дар фикри ороишу шиму юбкаи нав бошанд ва дар зимн, бояд тақлид ба элитазанонро бас кунанд. Агар ин дафъа онҳо низ хомӯш бошанд, бигузор қонунгузории кишвар онҳоро аз ҳама гуна имтиёзҳо, мисли хонаи истиқоматӣ дар маркази шаҳр дар хонаҳои навсохту баландиҳо барои 5 сол, сафарҳои хизматӣ ба Амрикову Аврупову Африқо, маоши 5-ҳазорсомонӣ, гирифтани 10 литр бензини ҳаррӯза ва албатта, мошини хизмативу ронанда маҳрум кунад. Ана баъд шоҳид мешавед, ки чӣ хел масъулиятшинос мегарданд!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

P.S. Дар ин росто, фаъолияти занони Афғонистон метавонад намуна  бошад. Бо вуҷуди он вазъияте, ки имрӯз дар Ҷумҳурии исломии Афғонистони ҳамсоя мебинем, занони афғон алорағми тамоми сангинӣ ва мушкилот аз мубориза барои ҳуқуқҳои хеш даст намекашанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here