Дар дунё аз шинохти нодурусти инсонҳо метарсам… Метарсам аз инсонҳое, ки он кӣ тасаввурашон мекунам, агар набошанд…
Боре дар нақлиёти мусофирбар нишаста будам, ки дар истгоҳе як марди монанд ба «бомж» ба ронанда ишораи манъ намудани нақлиётро кард. Дар тан либоси куҳнаи рангпаридаи офтобхӯрда ва дар даст борхалтае дошт. Ришаш расида буд. Синну солаш тахминан аз 50 боло менамуд. Дар тасаввури ман ӯ дарҳол «бомж», бесоҳибу бехонаву кӯчагард қабул гашт. Ҳатто аз ронанда хоҳиш намудам, ки ин мардро савор накунад. Дар бари ман як нишастгоҳ холӣ буд. Вале вақте дар истгоҳ нақлиёт истоду чанд нафар фаромаданд, он мард чолокона дарро кушода, зуд дар бари ман нишаст. Аввал хомӯш буд. Аммо вақте ронанда ба ӯ «маҳ, сдачиятро бигир» гуфт, он мард ба гап даромад: «Чаро дар ҳоле, ки мо калимаи тоҷикӣ дорем, онро истифода намебарему калимаи ғайрро истифода мекунем? Ба ҷои калимаи «сдачи» бақия бигӯӣ, чӣ корат мешавад? Калимаи маҳ чӣ маънӣ дорад? Магар мо ин калимаро ҳамчун муроҷиат ба ҳайвонҳо истифода намебарем? Аспро «маҳ-маҳ» мегӯем, мурғро «маҳ-маҳ, ту-ту» мегӯем! Пас чаро ба ҷои «марҳамат» гуфтан «маҳ» гуфта муроҷиат мекунем?».
Даруни нақлиёт ором буд ва маълум гардид, ки суханони он мардро ҳама шунида истодаанд. Марде, ки чанд лаҳза қабл дар тасаввури ман ҳамчун «бомж» қабул гардида буд, ҳоло тамоман каси дигар аст. Он замон дар назарам чунин намуд, ки бо ин либосҳои наву тозаву озодаамон, мо — нафарони дар дохили нақлиётбуда аз ҷиҳати маънавӣ «бомж» ҳастем ва он марди либоси куҳнаву офтобхӯрда ва назарногир ба бар, ки дар зеҳнамон «бомж» номаш ниҳодем, либоси зебои маънавӣ дорад. Он замон барои нисбат ба ин мард қарори нодуруст баровардан ва ӯро нашинохта чӣ кас буданашро баҳо додан худро ба ҳадде сарзаниш кардам, ки ками дигар монда буд нақлиётро манъ карда фароям. Ҳарчанд инро ошкор накардам, вале ботинан маро эҳсоси пушаймонӣ ва хиҷолат фаро гирифт. Ба андозае, ки хостам аз он мард узр бипурсам…
Тааҷҷубовартараш он буд, ки вақте дар роҳ одамон даст бардоштаву нақлиётро манъ карданӣ мешуданд ва ронанда бо сабаби пур будани нақлиёт гузашта мерафт, он мард дар ҳайрат меафтод ва мегуфт: «Мардум ишора доранд… Чаро манъ намекунӣ?». Вақте ронанда мегуфт, ки «охир, ҷо нест!», ӯ боз чунин савол медод: «Пас, чаро ишора карда намефаҳмонӣ, ки ҷо надорам?».
Шояд аз як ронандаи мусофиркаш ин қадар эрод гирифтан ба дили он марди «бомж» зад, ки ҳамин ҷумларо гуфта, дар истгоҳи навбатӣ аз нақлиёт фаромад: “Шумо қишлоқиҳо аз куҳ фаромада шаҳр омадед, на одоб доред ва на маданият. Чӣ кор мекунед дар шаҳр? Равед, бигардед дар куҳу саҳро”.
Ҳарчанд ин ҳодиса замони донишҷӯиям рух дода, аз он чандин сол сипарӣ шудааст, вале он ба мисли рӯз дар хотираам равшан боқӣ мондаву маро ҳамеша водор бар он мекунад, ки дар шинохти инсонҳо ҳеҷ гоҳ ба саросемагӣ роҳ надиҳам. Мисле, ки тарбуз то бурида нашавад, маълум нест, ки дарунаш сурх аст ё сафед, ба дили инсонҳо низ то ворид нагардӣ, намедонӣ, ки сафед аст ё сиёҳ, нек аст ё бад.
Ҳарчанд дар адабиёти тоҷик вобаста ба шинохт ва қадру манзалати инсон ба ҳадде гуфтаанд, ки аввалу охир надорад, вале чунин менамояд, ки имрӯз аз дарки мазмуни абёти ниёгонамон дар ин мавзуъ ҳеҷ осоре дар мо намондааст.
Ҳоло ман аз фиребу найранг дар бозорҳои кишвар, беҳурматӣ нисбати калонсолон дар нақлиёти мусофирбар, бадгӯиву ғайбат нисбати ҳамдигар дар вазорату корхонаҳо чизе намегӯям…
“Инсоншиносӣ”. Ин фаннест, ки дар ягон мактаб таълим дода намешавад. Устоди ин фан аълоҳазрати зиндагӣ хоҳад буд. Ҳар инсон фанни “Инсоншиносӣ”-ро бояд худ таълиф намояд ва ба худ омӯзонад.
Хусрав ШОҲСАИДОВ