Мо мантиқро замоне қуртакҷаф карда мекушем, ки иҷорапулиамон аз 1000 сомонӣ боло асту имзоямон дар шартномаи меҳнатӣ зери 850 сомонӣ гузошта шудааст.

Моҳи сентябр дар мекӯбад. Пеш аз дарро куфтанаш бозорҳоро гарм кард. Омадурафти таксиҳоро зиёду гарон сохт. Қарзҳоро зиёд намуд. Фуки иҷорадиҳандагонро бардошту қомати иҷорагирандагонро хам кард ва дар миён миёнаравҳоро хандаи қаҳ-қаҳа дод. Кассаҳои макотиби оливу миёнаи махсусро пур кард. Донишҷӯ барои хобгоҳ гирифтан худро ятим эълон карду магистрант барои иҷора ёфтан худро оиладор. Ва ин ҳамаро дида, ба гуфтаи “… сентябр, аҷаб моҳи нофораму бад аст” сахт бовар кардам.

Ва акнун мегӯем он чиро ки гуфтан мехоҳем. Пӯшида нест, аксарият ҷавононе, ки номи донишҷӯро доранд, аз деҳот ҳастанд ва ин далели раднашаванда аст. Тахминан аз 100 фисади донишҷӯёни аз деҳот омада 10-15 фоизашон, онҳо ҳам бошанд, қариб ҳамагӣ духтарон, дар хонаи хешону ақрабояшон иқомат мекунанд. Дар ин асно ҷойи баҳс нест, ки боқимонда донишҷӯёни (85-90%) дар пойтахт таҳсилдошта макони зист надоранд ва дар даводави хобгоҳу ҷустуҷӯйи иҷора мешаванд. Вале проблемаи рӯ ба рӯямон истода ин аст, ки иҷорадиҳанда баробари фаҳмидани он ки иҷорагиранда донишҷӯ аст, гӯширо мемонад. Агар ба он нафарони махсус, ки миёнарав ҳастанд, муроҷиат намоӣ, ҳатман бо муайян кардани донишҷӯият ҳамроҳат хайрухуш мекунанд. Дар таги биноҳои истиқоматӣ аз занҳои нонпазу хушчақчақ суроғаи хонаи иҷора пурсӣ, ҳатман пеш аз ҷавоб додан ҷумлаи “Донишҷӯ бошед, иҷораҳои ин бинои мо намешаванд, зеро инҳо барои оилавиҳоянд”-ро мешунавӣ.

Вақте ки ба ояндаи миллат бо чашми шубҳа менигарем…

Вақте ки ба ояндаи миллат чор деворро бовар намекунем…

Вақте ки ояндаи миллат бо нияти иҷора ёфтан ҳама кӯчаву паскӯчаҳои Душанберо мегардад, вале бо касе шартнома баста наметавонад…

Вақте ки ояндаи миллат ба дилхоҳ рақами нафарони махсуси иҷорадиҳандаву иҷорақабулкунанда занг мезанад, вале аз он тарафи гӯшӣ мешунавад: «Донишҷӯ бошед, квартира нест!»…

Вақте ки ояндаи миллат ба ҷойи фикри дарсу ояндаашро кардан, дар ташвиши иҷора ёфтан ё хобгоҳ гирифтан меафтад, аммо ҳамоно беҳуда…

Вақте ки ояндаи миллат…

Магар баъди ин ҳама “вақте ки”-ҳо ва тирагии ҳавои иҷорагирӣ дар Тоҷикистон тавлиди ҷумлаи “Вақте ки кор аз кор мегузарад” айни муддао нест?

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

1 бинависед

  1. Мӯҳтарам Ҳафизуло!
    Вақте мебинӣ, ки ба ҷои чор нафар донишҷӯи ба иҷорагирифта ҳашт нафар истиқомат мекунанд…
    Вақте мебинӣ, ки донишҷӯёни иҷорашин гоҳғгоҳ бошад ҳам шабнишиниҳо ташкил мекунанд…
    Вақте мебинӣ, ки донишҷӯёни иҷорашин, дар корҳои чамъиятии дар бинои истиқомати барпошаванда (рӯбучину тозанамоӣ ва амсоли инҳо) иштирок намекунанд…
    Вақте мебинӣ, ки ба ҷиҳозу худи утоқи иҷорагирифта дилсӯзона муносибат намекунанд…
    Вақте мебинӣ, ки зери тиреза ва ё пешайвонҳо ҳамарӯза пур аз пасмондаҳои сигор…
    Вақте мебинӣ, ки то нимашабӣ овози шӯру мағал ва ҳамсояҳо ба соҳибхона шикоят мебаранд…
    хоҳ нохоҳ донишҷӯ иҷораМАнишин мегардад.

Добавить комментарий