Муҳим нест, ки дар ҷомеа ҳатман як вазир, як раис, як академик ё як аҳли зиё идеолог бошад. Ҳатто як чӯпон низ идеолог шуда метавонад. Яъне, чӣ гуна як чӯпон дар ҷомеаи зиёӣ идеолог шуда метавонад?

Чӯпон нигаҳбони рамаи гӯсфандону бузон аст. Ӯ ҳатман забони онҳо, вақти чаронидан, макони мувофиқ барои рондан ва дар кадом мавсим зиёд шудани саршумори онҳоро яқинан медонад. Рамабон гуфта метавонад, ки солона аз сари фалон миқдор чорвои хурд метавон ҳамин миқдор барраву бузғола зиёд кард ва дар баробари ин, ҳамин миқдор пашму пору ҷамъ кард. Рамабон инчунин амиқ медонад, ки дар кадом мавсим гургҳо ба рамаи ӯ ҳуҷум мекунанд ва омадагии ҳамаҷониба дида, сагҳои ромшудаи ҳушёру боғайратро посбони рама интихоб мекунад. Яъне, хулоса ӯ ҳамаҷониба шикасту рехти соҳаи фаъолияташро медонад.

Аммо чӯпон маълумоти тахассусӣ ва ё олӣ надорад, танҳо дар давоми чанд соли рамабонӣ аз сарчӯпону рамабонони дигар омӯхта, ба қавле суфта ва устои кори худ шудааст. Боварии садфисада ҳосил кардан мумкин аст, ки ин қабил чӯпон, албатта барои соҳаи худ идеяҳои хубу ба мақсад мувофиқ пешниҳод карда ва ба иборае “идеолог” шуда метавонад.

Айнан ҳамин равиши идеологшавии чӯпонро имрӯз метавон дар соҳаҳои гунонуни кишвар дарёфт ва ҷорӣ кард. Инро танҳо метавон замоне амалӣ кард, ки дар ҷомеа ақидаҳо гуногуну устувор ва бархӯрдҳо низ поядор бошанд. Яъне, наметавон дар ҷамъият ақоиди бепояву подарҳаворо ба куллӣ қабул ва дар амал татбиқ кард.

Дар дилхоҳ соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки имрӯз бо ду пойи рост меланганд, идеолог дарёфт кардан мумкин аст. Муҳим нест, ки ӯ ҳатман маълумоти олии болохонадор дошта бошаду рисолаҳои номзадиву докторияшро дифоъ ва силсиламақолаҳои илмӣ нашр карда бошад. Инҷо муҳимияти кор он аст, ки шикасту рехти соҳаро пурра донад ва роҳу равишҳои мувофиқи баромадан аз буҳрони соҳавиашро ёбад ва аз ботлоқ наҷот диҳад.

Ин аст кашфи як идеолог дар ҷомеа.

Ё шумо фикри дигар доред?

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here