Вақте ки пойро аз кӯрпа зиёд дароз мекунем…
Дар ҷустуҷӯ, интихоб ва қабули дилхоҳ чизу кас мо идеалиашро мехоҳем, вале боре андешаи арзанда будан ба он ё ӯро намекунем.
Мубориз хаёлпараст, романтик ва афсонасозу қаҳрамони асотирҳои бофтаи худ буд.
Ӯ ҷое кор намекард, вале дар орзуи коре буд, ки моҳонааш зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ бошад.
Ӯ мехост оиладор шавад, вале ҳеҷ наметавонист духтареро интихоб кунад, зеро дар ҳама нопуррагиро медид.
Ӯ худ нопурра буд, вале дар ҷустуҷӯйи пуррагии худ не, балки дар бораи пурра будани нафаре меандешид, ки бояд бо вай муносибат дошта бошад.
Ӯ худ пур аз айбу нуқс буд, вале бо вуҷуди ин ҳама вай дар пайи гуфтани камбудиҳо ва нопуррагиҳои атрофиён буд.
Ӯ худ чизеро намедонист, аммо доимо банди танқиду таҳқири дигарон буд, ки чизеро намедонанд.
Ӯ хостгори падару модар, дӯст, ҳамсоя, хона, мошин, кор, ҳамсар ва умуман зиндагии идеалӣ буд, аммо мутаассифона, боре ба худаш саволи “Оё ман ба ин ҳама хостаҳоям арзанда ҳастам?”-ро намедод.
Мубориз ҳар яки мо ҳастем.
Ҳар нафаре, ки имрӯз мехоҳад падару модари намунавӣ дошта бошад, вале боре аз то кадом андоза фарзанди бад будани худ намеандешад.
Ҳар нафаре, ки имрӯз дар ҷустуҷӯйи дӯсти ҷонӣ аст, аммо худ аз ин хосият фарсахҳо дур аст.
Ҳар нафаре, ки дар талаби доштани ҳамсояи идеалӣ аст, лекин худаш аз идеал будан солҳо қафо аст.
Ҳар нафаре, ки дар орзуи доштани хонаи хубу замонавӣ дар маркази шаҳр аст, вале намедонад, ки ӯ ба чунин хона намеарзад.
Ҳар нафаре, ки имрӯз донишгоҳро хатм кард ва дар фикри кори идеалӣ аст, вале боре фикр намекунад, ки вай доир ба кори мехостааш чиҳоро медонад ва метавонад.
Ҳар нафаре, ки дар талаби маоши ҳангуфт аст, аммо боре намеандешад, ки худи вай ба чанд сомонӣ меарзад.
Ҳар нафаре, ки имрӯз дар ҷустуҷӯйи ҳамсари идеалӣ ва намунавӣ аст, лекин боре фикр намекунад, ки худаш то куҷо ба ин шарт ҷавобгӯ аст.
Ҳар нафаре, ки хоҳони доштани зиндагии намунавӣ ва идеалӣ аст, вале намедонад, ки барои чунин зиндагиро доштан танҳо орзу кардан басанда нест, балки дониш, ҷаҳонбинӣ, ҳаракат… мебояд.
Бадбахтона, бемории идеалхоҳӣ дар мардуми мо, бахусус ҷавононамон то ҳадде авҷ гирифтаву ба фалак расида истодааст, ки онҳо дар миёни хостаҳои дастнорас ва ҳаёлиашон ғӯттавар шудаанд. Онҳо дигар чизеро намебинанд. Онҳо дигар касеро намешунаванд. Онҳо дигар чизеро интихоб намекунанд. Онҳо дигар касеро намехоҳанд. Ба ҷуз хостаҳо, ба ҷуз орзуҳо, ба ҷуз предмету одамони “офарида”-и худ.
Аз як ҷониб, метавон гуфт, ки зиндагӣ бе хостану бофтану сохтан маъние надорад, вале он вақт маънии пурра ҳосил мекунад, ки ҳар орзу, хоста ва талаботи мо дар доираи ақл ғунҷад. Агар чунин, яъне орзуҳову хостаҳои мо аз ғунҷоиши ақламон берун бошанд, ҳар нафар метавонад ба ноумедӣ, саргардонӣ ва нотавонӣ рафта расад. Ин ҳолат “Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ” ё “Пойро аз кӯрпа зиёд дароз кардан”-ро мемонад.
Роҳи ягонаи пешгирӣ аз хостанҳо ва орзу карданҳои бемаънӣ ва аз ақл берун боре худро дар оина дидан аст. Ҳамон оинае, ки ҳар яки мо дар хонаамон дорем. Танҳо мебояд ба таври дигар, яъне ин карат дар оина на фақат зоҳир, балки бояд ботинамонро ҳам бубинем. Ба чашмонамон назар карда, бо худамон суҳбат кунем. Аз имконоти худ ёдоварӣ карда, онҳоро бо хостаҳоямон муқоиса намоем. Худро бинем, омӯзем, шиносем ва пасон дар талаби дидан, омӯхтан, шинохтан ва интихобу қабули чизеву касе шавем.
Биёед бисёр талаб намекунем, зеро Худо метавонад моро ҳар лаҳза ба кам зор кунад.
Биёед поямонро аз кӯрпа зиёд дароз намекунем, зеро ҳароина метавон хунук хӯрд.
Биёед пеш аз хостани зиндагии идеалӣ худамон идеал мешавем.
Биёед орому осуда зиндагӣ кунем!