Ба мушкили дарёфт ва зиндагӣ дар иҷора шояд сеяки мардуми минтақаи ба маркази ҷумҳурӣ меомада рӯ ба рӯ шуда бошанд. Мушкил дар ин самт ҳамоно ёфтани ҷойи зисти мувофиқ ва гаронии нархи он мебошад.

Иҷораҷӯён имрӯз ба ҷуз ду сомона — somon.tj ва rg.tj ва чанд рӯзномаи эълонӣ, инчунин ба марказҳои реламавии маҳаллӣ барои дарёфти манзили муваққатии зист муроҷиат мекунанд. Агар ба мазмуни эълонҳо барои иҷора нигоҳ кунем, як мебошанд, ки он ҳам “оилавӣ қабул мекунем, илтимос донишҷӯён занг назанед”. Яъне ҳоло соҳибони манзил нисбат ба донишҷӯёну сокинони танҳозист эътимодашон ба ҷуфтҳои ҷавон бештар аст. Ин низ омил дорад, чун иҷоранишинӣ дар шароити оилавӣ созгортару пурэътимоднок аст. Хусусан қабули ҷуфтҳои ҷавон ва бефарзанд барои соҳибхона манфиатовару қулай мебошад.

Пас донишҷӯён ва афроди танҳозист бояд чӣ кор кунанд, то соҳиби иҷора барои зиндагӣ дар пойтахт гарданд, ки дорои шароиташ миёна ва нархи арзон бошад? Дар ин миён метавон аз эълонҳо барои толибилмон иҷора дарёфт, аммо дар инҷо низ афзалият ба ҷинси зан дода мешавад. Аз мазмуни эълонҳо инро метавон пайхас кард, ки менависанд: “Донишҷӯдухтарони боодоб лозим”.

Аммо бадбахтона ҳоло фарҳанги иҷоранишинӣ ва иҷорақабулкунӣ тамом коста шудааст. Як сар халонед ба эълонҳои бахши иҷора, ки ҳамарӯза дар сомонаҳо мегузоранд. Аксарияти соҳибхонаҳо менависанд, ки “ҳамроҳи оилаам ҳастам, як ё ду духтар лозим”, “як духтар қабул мекунем, ҳамроҳи соҳибхона”, “ду-се духтаракои донишҷӯ лозим” ва амсоли инҳо. Акнун саволе ба зеҳн меояд, ки оё дар русуми мо ин қоида “соҳибхона + духтари куҳистонӣ = зиндагӣ дар як хона” вуҷуд дорад? Албатта на! Пас чаро довталабони ин навъи зиндагӣ ба маротиб меафзоянд?

Шояд мушкили таъмини ҷойи зист барои донишҷӯёнро дар хобгоҳҳои муассисаҳо бояд ҷиддитар гирифт. То барои нишастан дар иҷора бо соҳибхона барои донишҷӯён, алалхусус духтарон, ҳоҷате пеш наояд.

Магар вақти он нарасидааст, ки соҳибхонаҳо низ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор назорат шаванду ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн — ҳам соҳибхонаву ҳам иҷоранишин риоя гардад?

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here