Дуруд ба Хуршеди азиз!

Ин ҳафта як ҷо фотиҳа буду як ҷо ҷаноза. Ҳоло, ки тану ҷонамон сиҳат аст, рафтему иштирок кардему  фотиҳа хондему ба гуфтаи халқ қарзи инсониамонро адо кардем.

Аммо хунук хӯрдем. Ҳамин хунукӣ буд, ки ба Шумо нома навиштанро таҳрикам кард. Хунук хӯрдаму давраҳои наврасиям дар деҳа ёдам омад. Зимистону тобистон яке аз вазифаҳои ман аз он иборат буд, ки ду бочкаи 20 литраро дар рӯйи хар бор мекардаму як ё ду маротиба аз дарёи Уреҷ, ки аз хонаамон тахминан ду-се километр дурӣ дошт, об меовардам. Тобистон ҳич мушкилие надошт, аммо дар зимистон дастҳоям ях мекарданд, фалакҳо ях мекарданд (мо ун бочкаҳоро дар деҳа “фалак” мегӯем яъне “фляг”), сатил ях мекард ва дасти ман ба сатил мечаспид, агар дастамро аз сатил ҷудо карданӣ мешудам, пӯсти дастам дар рӯйи сатил мечаспиду ҷароҳат мебардошт. Азоби ҷонкоҳе мекашидам. Як бало карда бочкаҳоро пур мекардаму харро ҳай мекардам сӯйи хона. Агар хар налағжидаю наафтида то хона мерасид, нағз буд, агар Худо накарда дар роҳ меғалтид азоби ҷонкоҳи ман ду карат зиёд мешуд.

Деҳа талхиҳою шириниҳое дорад, ки шаҳриён дар умрашон онро начашидаанд.

Шаҳр шаҳр аст дигар! Дар шаҳр хонаатон оби гарм дошта бошаду барқатон доимӣ бошаду лифтатон кор кунаду обатон ҳамеша ҷорӣ бошад, роҳати ҷон! Лекин, агар рафту яке аз ҳаминҳо ду рӯз набошад, хусусан дар фасли сармо “мурдам” гуфтан гиред. Аз сабаби он ки баъзе вақтҳо яке аз ҳамин чизҳои номбаркардаам ду-се рӯз гум шуданаш мумкин, ман фасли сармо-зимистонро бад мебинам. Ба болои ин бояд ҳар рӯз ҳангоми берун баромадан, либосҳои ғафси зиёдеро ба бар намуд, ки тоқати бардоштани инашро ҳам надорам. Худо накунаду яке организматонро хунукӣ гирад то худатонро ба ҷойи зарурӣ мерасонеду тугмаҳои шиматонро мекушоед, ки кор аз кор гузаштааст. Агар яке зарурате пеш ояду монанди ман дар зимистон хонаатонро таъмир карданӣ шавед.. азобашро напурсед!  Саҳар 10-15 дақиқа мошин гарм мекунед, то гарм шудани мошин барфи тирезаҳояшро тоза карданӣ шавед, аниқ хунук мегузаронад! Саҳар чун одат ба қаҳвахона сар мезанеду як қаҳваи гарм мефармоед. Қаҳваи гарми чӣ?!  Пешхизматҳо фаросат надоранд, финҷонҳои қаҳваро пеш аз тайёр намудан бо оби гарм намегардонанд. Истакон хунук. Қаҳва хунук. Қаҳвахона хунук.

Як бало карда худатонро ба утоқи корӣ мекашед. Дарро мекушоед, ки утоқ монанди гӯр хунук. То утоқ гарм мешавад, ки дақиқан зуком мешавед ва ғайраю ва ҳоказо.

Як фикри мағшуш ҳамеша дар сарам чарх мезанад: ман ҳамин зимистонро мебароварда бошам?!

Ё асари пирӣ бошад Хуршед?

Бо эҳтиром Абдувоҳид.

 Гармӣ

Дуруд Абдувоҳиди гиромӣ!

Хунукӣ Шуморо водор кард то аввалин шуда, ба ман нависед. Агар не, то ба ин дам кам мешуд, ки Шумо маро гӯед: Номаро аввалин шуда менависам, посух нависед! Аламатон сахт, ба болои ин то ҷое хабар ёфтам, дандон кандаед ва даҳон кушода наметавонед. Пириро ба калла намегиред бобо! Аввал дандонҳоро якояк меканед, баъд дандони сунъӣ мемонед ва баъд… аз гӯшту устухон парҳез мекунед!  Ҳеҳ, ҳама як сӯ, вале азоби дарди дандон як сӯ! Беҳуда бузургон нагуфтаанд:

Лаззати дунё зану дандон бувад,

Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.

Баргардем сари мавзӯи худамон: Тавре нақл кардаед, ки мо дар шаҳр калон шудаему ин хотираҳои тифлӣ дар ангораҳои хаёламон зинда нест. Хато мекунед! Ба болои обкашӣ бо фляг, пешопеши чӯпон кардани бузу гов дар қаҳратуни саҳаргоҳон, дар рӯзҳои барфӣ ба ҳезум рафтанро намегӯед?

Ҳоло дигар он обкашии ману Шумо нест. Бо ҳамон хотираҳои тифлиамон мемирад. Дигар обро ба даруни хона овардаанд ва дигар ҳамон флягҳо ҳам нест. Аз фляг чӣ ёдрас мешавем, ки ҳатто дигар хари обкаш ҳам дигар донашумор дар деҳаҳо мондааст. Агар зарурате пайдо шавад, мардум дигар аз мошин истифода мебаранд.

Аммо, дар мавзӯе, ки зикр кардед, яъне дар боби хунукӣ, як чӣ маро нороҳат мекунад: То даҳуми декабр барқи доимӣ набуд ва ману шумоҳо аз субҳ то шом дар шабакаҳои иҷтимоӣ менолидем, аммо ҳамин ки барқ омад, дигар об бар даҳон гирифтем. Чаро касе маъракаи сарфаи барқро намебардорад? Чаро касе намегӯяд, ки агар барқро сарфа кунем, шояд бо камоб шудани дарёҳоямон ҳам мо метавонем торикиро алвидоъ гӯем?!

Не, мо фақат як тарафи масъаларо мебинем: Тараферо, ки ба гуфтани ҳарфи хашму ғазабамон мувофиқ бошад! Ҳамин тавр нест?

Шикояти Шумо аз пешхидмату қаҳваи хунукаш ҷон дорад! Сад бор гуфтам, ки қаҳваи “Шарқи озод” дигар нест! Дигар он ҳангомаҳои рӯзи нашри газета ҳам нест, дигар он газетахару газетафурӯшону қаҳвапазон ҳам нестанд!

Ҳама рафтанд! Дигар хотираҳои мо аз он рӯзгор монду бас! Хотираҳои мо ҳам бо худи мо пир мешаванд. Ин субҳ фарзанди нуҳсолаи ман маро гуфт, ки “Шумо одамони қадим…” Шояд рост мегӯяд? Вақте фарзанди хунӣ ҳис мекунад, ки пир шудаед, чӣ ҷои гила аз замонаю аз хотираҳо?

Бобои Рӯдакии ҳамдеҳаатон барвақт дар ин боб гуфта буд:

Кунун замона дигар гашту мо ҳам дигар гаштем,

Асо биёр, ки вақти асову анбон шуд!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here