Тавсия: Ин навиштаи ман сафсатта аст. Хоҳӣ бихон, нахоҳӣ, не. Вале агар хондан хоҳӣ, то охираш бихон ва агар хондан нахоҳӣ, ҳаминҷо баъди нуқта хонданро бас намо.

Одамони ин замона куллан тағйир ёфтаанд. Якеаш худро ғамхор мегирад, вале дарунаш пур аз кинаву адоват аст. Дигарӣ баръакс! Сеюмаш аҷоиб, на бо касе ҳарф мезанаду на ба касе бовар мекунад. Чорумӣ худро доно мегирад, аммо дар асл фикрҳои аблаҳона ва нақшаҳои фосиқона дорад. Ҳеҷ як одами ин дунёро шинохта намешавад. Гоҳе, касе баъди хондани чизе аҳволатро мепурсад, мехоҳад донад, ки ба ту чӣ шудааст, ки ин гуна фикрҳо бар сарат меоянд. Аммо на! Ба ӯ нагӯ! Зеро, вақте ба ӯ мегӯӣ, душманат мешавад. Дар аввал мегӯяд, ки «метавонӣ ба ман бовар кунӣ», лекин дар охир аз боварӣ нишоне намемонад. Дарди дилатро ба касе магӯ, зеро баъди чанд вақт ҳама гуфтаҳоятро мисли силоҳ алайҳи худат истифода мебарад. Ҳар як шахсе, ки дар зиндагии мо меояд, мо аз ӯ дарсе мегирем. Ӯ ба мо кӯмак мерасонад, ки хатоҳои худро фаҳмем. Мо хатоҳои зиёде кардем. Бешумор! Ҳамааш ба мо дарсе буд.

Аз пушти касе ҳарф назан, чизе магӯ! Нагӯ, ки фалонӣ одами хуб нест. Корҳои бадашро мисол наор. Ба корҳои хубаш фикр кун! Наход ақаллан як кори хуб ҳам дар ҳаққат накарда бошад?! Ҳама ба хушбахт будан сазовор ҳастанд. Ҳама ҳақи озод хандиданро доранд. Ҳама дар дил орзуе доранд, ки мехоҳанд амалӣ шавад. Ман ҳам! Орзу дорам, ки орзуҳоям амалӣ шаванд. Агар имрӯз худро хуб ҳис кардӣ, сиҳату саломат ҳастӣ, шукр кун. Агар пагоҳ тавонистӣ ду чашматро во кунӣ, шукр кун. Шояд фардое набошад, аммо имрӯз бояд шукр кард. Ба қадри чизе, ки дорем, бояд имрӯз бирасем. «Кори имрӯзаро ба фардо магузор»,- мегуфтанд пирони мо. Агар имрӯз дар лабат ханда ё дар чашмонат ашк аст, фикрашро накун. Агар дар хонат бурдаи нон аст, шукр кун. Ту худро дорӣ, наздиконатро дорӣ, шукр кун. Фардо аз инаш ҳам хуб ё бадтар ба сарат меояд. Вақт ҳамаи чизро дуруст мекунад. Бояд каме сабр кард.

Мо ҷавонем! Ҷавонони аҷоиб! Вақте дар синфи якум таҳсил мекунем, орзу мекунем, ки бузург шудем, милиса мешавем. Вақте синфи 11 мешавем, мехоҳем дар мактаби олӣ таҳсил намоем, то ки дар оянда ҳуқуқшинос, бонкир, ё дипломат шавем. Зеро инҳо касбҳое ҳастанд, ки метавон пули хуб ба даст овард. Аммо барои ба ин ихтисосҳо дохил шудан пули калон лозим. Вале падар дар шаҳри ғарибӣ ба зӯрӣ кор карда, танҳо пули хӯрока равон карда метавонаду бас. Роҳ пеш мегирем сӯйи падар. Шояд агар «таға» медоштам, ҳоло онҷо таҳсил карда, соҳиби вазифа мешудам? Чаро ман ин гуна «таға» надорам? Фикрҳо моро руҳан мешикананд. Дил аз Ватан меканем ва муддате ба инҷо барнамегардем. Баъзе ҷавонони имрӯза Ватан гуфта мемиранд. Дар «Фейсбук» доимо шиорамон «Ман Ватани худро дӯст медорам» ё «Тоҷикистон, ба пеш» аст, аммо барои хизмати ҳарбӣ кардан ё билети носолим дорем ё дар фасли «облава» пинҳон мешавем, ки ба хизмат наравем.

Ман душманони зиёд дорам! Душмани асосии ман фикрам аст. Шаб ҳама хобанд, аммо душман маро намегузорад, ки осуда бихобам. Вақте рӯ ба рӯи оина мебароям, душмани аслии худро мебинам, ки ба ман доим мегӯяд: Ҳа, ҷаноби Ҳамидзод, боз хап кардед? Тарсидед? Чаро фикре, ки дирӯз бар саратон омада буд, нанавиштед? Фикри хуб буд, ку! Чаро нанавиштед?…

Чаро нанавиштам? Барои он ки баъди навиштан номам гум мешавад. Ҳама маро хоин гумон мекунанд. Охир, ман хиёнаткор не, ку. Танҳо мехоҳам як-ду ҷумла бигӯям, тамом. Тоҷикистонамро дӯст медорам, мехоҳам ҷасадамро дар ҳаминҷо гӯронанд. Аммо танҳо мехоҳам хатоҳояшро дар рӯяш бигӯям. Мегӯянд ку, «дӯст аз пушт ҳарф намезанад, хатоҳоро рӯ ба рӯ мегӯяд». Ман ҳам ҳамин корро карданиам, аммо намехоҳам, ки боқимондаи умрам дар зиндон бигзарад ва оилаам дар азоб бошад.

«Баланди бад мапар, ҷаноби Ҳамидзод! Зеби мушти обдор ҳам нестӣ. Чӣ қадаре, ки баландтар парвоз кунӣ, дар вақти афтидан ҳамон қадар сахттар осеб мебинӣ. Суханҳоятро дониста гӯй, вагарна хонаатон рафта қаламатро мешиканам. Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Як кӯдак боз ба ман роҳнишондеҳ шудааст. Наравам боз…».

Ҳатто вақте ки қаламу варақу телефонамро кашида гиранд, ман дар ҳама ҳолат роҳе меёбам ва ҳарфи диламро мегӯям. Интизорам бошед!

P.S. Ба ҳама сулҳ мехоҳам!

Сунатулло ҲАМИДЗОД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here