Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳафтаи гузашта ба ту аз хоҳишоти норӯшани донишҷӯён гуфта будам, имрӯз бошад, аз ноумедиҳо ва айбборкуниҳо мегӯям.

Ҷаноби Тоҳирӣ, шояд ту ҳам бо донишҷӯёне вохӯрда бошӣ, ки дар тӯли солҳои донишҷӯияшон на дар соҳаи худ кор карданд ё таҷриба андухтанд ва на дар дарсҳо фаъол буданд, афсус мехӯранд, норозиянд. Аз умри рафта, аз омадану рафтан ба донишгоҳ афсус мехӯранд ва изҳори норозигӣ аз донишгоҳ, факултет, кафедра ва бисёртар аз ҳама, аз муаллимон мекунанд.

Ба ман як донишҷӯ гуфт:

— Ман дар тӯли се соли донишҷӯиям бар ивази омадану рафтан ба донишгоҳ аз касе чизи гирифта натавонистам ва фикр мекунам, дар ин се сол танҳо умри ҷавонамро зоеъ кардам.

Пас аз он донишҷӯи дигар ба гап даромад:

— Дар касби худ муваффақ нашудану бештар наомӯхтани мо ба устодон вобастагӣ дорад. Мо чизе, ки мехоҳем, онҳо ба мо намеомӯзонанд ва вақтро бо лексияҳои солҳои 60-ум мегузаронанд…

Донишҷӯи дуюм суханашро ба итмом нарасонида буд, ки ҳампартааш суханашро бурид:

— Муаллимон бояд услуби дарсгузарӣ ва муносибат бо донишҷӯи ин замонро омӯзанд ва тавре ки ҳоло ҳастанд, набошанд. Онҳо бояд иваз шаванд, зеро агар ҳамин хел давом кардан гирад, дар сад соли дигар ҳам кадрҳои хубро интизор наметавон шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар ин баробар боз чанд донишҷӯи дигар фикрҳояшонро гуфтанд ва аз ҳамаи ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки донишҷӯи имрӯз аз муаллим дар бобати дарсгузарӣ, услуби эродгирӣ, баҳогузорӣ, муносибат… шиква дорад ва ин ҳам бошад, мехоҳад муаллим ба ӯ наздик бошаду ҳамдаму ҳамдарду ҳамалам. Вале афсӯс, ки ин тавр нест.

Мушкил: Донишҷӯён дер меоянд. Муаллим дер мегӯяд. Донишҷӯён вақт сарф мекунанд, аммо чизе гирифта наметавонанд ё фану муаллим писандашон нест. Муаллим вақт сарф мекунад, маош мегираду собиқаи корияшро зиёд мекунад. Бачаҳо мегӯянд, бояд муаллим иваз шавад, зеро умри мо ҳамту рафта истодааст. Муаллим мегӯяд, бояд бачаҳо ҷиддитар ба дарс машғул шаванд. Яъне ҳар кас худашро ҳақ мебарорад.

Пеш аз он, ки роҳи ҳалли ин мушкилро ба ту гӯем, мехоҳам махсус таъкид кунам, ки агар бо ҳамин минвол мо рафтан гирем ва чунин фикрҳову афкорро иваз накунем, ба гуфти ҳамон донишҷӯ, дар сад соли дигар ҳам кадри ба маънои томаш кадрро интизор набояд шавем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба андешаи ман, роҳи ягонаи ҳал шудани ин мушкил: донишҷӯ мегӯяд муаллим иваз шавад ва муаллим мегӯяд донишҷӯ иваз шавад, дар натиҷаи кӯшиш кардани донишҷӯ ва ивазшавии устод ҳал мегардад. Мепурсӣ, ки чӣ тавр? Нигар, муаллим хона дорад, мошин дорад, китобашро бемалол фурӯхта метавонад, ҳар нисфирӯзиву шом дар фикри чӣ ва чӣ хел хӯрдан намешавад, қариб ки азоби бепулӣ ва тангдастӣ надорад. Пас чаро бояд ӯ иваз шавад? Ин дар ҳолест, ки ҳоло донишҷӯён дар мушкилӣ қарор доранд, яъне умрашон рафта истодааст. Ва тавре гуфтем, роҳи ягона як аст: муаллимро маҷбур кардан, ки бо тарзи нав, услуби нав, эродҳои нав, маълумотҳои нав, мавзуҳои нав, жанрҳои нав, падидаҳои нав ва умуман дарси нав дар вақти нав гузарад.

Агарчи ин масъала ба назари аввал сода намояд, лекин дар пасманзараш бисёр мушкили калон дорад: дар миён умри ояндагони миллат меистад.

Сино ТОҲИРӢ

P.S. Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ҳама муаллимонро дар назар надорам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here