“Хоксорӣ камбудӣ нест, балки надоштани он камбудист”.

Стас Янковский

Қамару Валӣ ҳарду бо ҳам дӯстони наздик буданд. Онҳо якҷо мактаби олиро хатм намуданду дар як муассисаи давлатӣ ба кор даромаданд.

Бо гузашти солҳо Қамар аз рӯи мансаб зина ба зина болотар мерафт. Ниҳоят ӯ роҳбари корхона таъин гардид. Теъдоди умумии кормандоне, ки дар ин муассиса фаъолият доштанд, зиёда аз 400 нафарро ташкил медод. Пас аз он, ки Қамар дар курсии роҳбарӣ нишаст, тамоми хислатҳои инсонии ӯ ранги дигар гирифт. Акнун ӯ на дӯсти худ Валиро мешинохт ва на дигар наздиконашро. Баръакс, дар муддати ҳамагӣ чанд рӯзи салтанаташ якчанд кормандро аз кор пеш намуд. Мансаб ӯро чунон мағрур карда буд, ки ҳатто саломи касеро ҷавоб намегардонд. Ҷавононе, ки ба ин корхона барои таҷрибаомӯзӣ меомаданд, ҳатман аз дари идора бо сари хам, ноумедона бармегаштанд. Зеро муносибати дурушти роҳбарият ва ҷорӣ намудани қоидаҳои махсус барои донишҷӯён таҷрибаомӯзонро маҷбур месохт, ки аз идора баромада раванд.

Лекин Валӣ танҳо мудири як шуъбаи ин муассисаи давлатӣ буд, ки ҳайати кормандонашро ҳамагӣ 15 нафар ташкил медод. Кормандони ин шуъба ҳамагӣ эҳтироми ниҳоят самимӣ ва беғараз доштанд нисбати мудирашон Валӣ. Чунки Валӣ бениҳоят шахси хоксору заминӣ буд, ҳатто бо ворид гардидани одитарин коргар ба корхона аз ҷой бархоставу ба ӯ салом медод. Ҳамин хислати неки инсонӣ ва хоксориаш буд, ки натанҳо кормандони шуъбаи худ, балки шуъбаҳои дигар низ ӯро иззату ҳурмат мекарданд.

Ҳамин тавр, тамоми кормандони ин муассисаи бонуфузи давлатӣ аз сиёсати муғризонаи Қамар ба дод омада буданд.

Рӯзе ба корхона мактуб расид, ки бояд ду нафар аз кормандони онҳо дар як чорабинии ҷумҳуриявӣ, ки ба наздикӣ баргузор мегардад, иштирок намоянд. Қамар ҳамроҳи худ Валиро гирифту ба он чорабинӣ раҳсипор гардиданд. Дар қисмати роҳ онҳо ба садама дучор шуданд. Ҳар ду ҳам дар макони ҳодиса фавтиданд. Онҳоро дар як рӯз ҷаноза карданд. Ҳайати 400-нафараи кормандон ҳамагӣ ба ҷанозаи Валӣ рафтанд, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҷанозаи роҳбари худ — Қамар нарафт…

Дар воқеъ, кам нестанд нафароне, ки бо андак баромадан ба баландиҳо, кибру ғурурашон зиёд гардида, пастиҳоро чашми дидан надоранд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки кибру ғурур ба монанди шамъ аст, ки умри тӯлонӣ надорад. Даҳҳову садҳо одамон омаданду рафтанд, боз меоянду мераванд, лек аз онҳо танҳо чизе, ки дар ёдҳо мемонад, номи нек аст. Барои номи некро сазовор гардидан ҳар як шахс бояд тамоми хислатҳои бади худро партофта, ба ҷои он аз ҳама хислати баланди инсонӣ — фурӯтаниро пеша намояд. Хоксорӣ шабеҳи дарахти азими мевадиҳандаест, ки одамон аз самари он манфиат мегиранд. Ба мисле, ки инсони хоксор новобаста ба мақоми худ дар ҷомеа ба касе зарар намерасонад. Баръакс, амалу рафтори ӯ намунаи ибрати дигарон мегардад.

Бо мисол овардани ҳикояи боло набояд хулоса баровард, ки ҳар шахсе соҳибмансаб мешавад, ботини ӯ ҳатман макони кибру ғурур мегардад. Аммо мансаб мисли равғанест, ки ба оташи ғурури шахси ҷоҳил мерезад. Он касе, ки бо мансабу дороии худ мағрур мегардад, дар назди атрофиён ягон мақому манзалате надорад. Тобеон ӯро танҳо ба хотири вазифааш эҳтиром мекунанд, ки чунин эҳтиром, ба қавле, эҳтироми даруни нохунак аст. Ҳақиқатан ҳам, хислату характер бозгӯкунандаи ҳусни ботинии инсон буда, ин мафҳумҳо ҳар шахсро дар ҷомеа мешиносонанд. Агар ба сафҳаи таърих низ назар андозем, маълум мегардад, ки тамоми он шахсиятҳои маъруф, ки то ҳол дар хотираҳо ёди онҳо боқист, инсоҳои заминӣ буданд, дар замирашон хислатҳои бади инсониро намепарвариданд. Маҳз ҳамин тинати неки эшон буд, ки то имрӯз фаромӯш намегарданд. Осори онҳо то имрӯз роҳнамои мост.

Имрӯз баъзеҳо мафҳуми хоксориро ба маънои манфӣ мефаҳманд. Ба андешаи ин қабил, одамони хоксор заифу нотавон ва ноқисулақл ҳастанд. Дар асл, инсони хоксор худро аз дигарон кам мегирад, вале ин маънои кӯтоҳақлиро надошта, баръакс нишонаи бузурги инсонгарист. Оне, ки худро аз дигарон боло метарошад, ин нишонаи пасти инсонгарист. Шахси хирадманд дар ҳар мавриде, ки набошад, бояд биандешад, ки ин дунё поянда нест ва умри инсоният низ ба мисли ҷараёни оби дарё тез ҳаракат мекунад. Ва агар ҳар шахс ин андешаро доимо дар сараш ҷо кунаду меҳмон будани худро дар ин дунёи фонӣ фаромӯш насозад, яқинан рӯ меорад ба хоксорӣ.

Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here