Ҳоло хобгоҳ танҳо як функсия дорад: донишҷӯ дар истгоҳ нею дар он хоб мекунад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, туро намедонам, аммо ман қиссаҳои хобгоҳии бисёр нафаронеро, ки 20-30 сол пеш макотиби олиро хатм кардаанд, шунидаам, вале мутаассифона, тақдир набудааст, ки солҳои донишҷӯиям дар хобгоҳ истам. Аниқтараш, бо баҳонае, ки хонаамон аз Душанбе на он қадар дур (110 км) аст, аз хобгоҳи донишгоҳ ҷойи зистам надоданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳафтаи гузашта хобгоҳ рафтам. Илтимос, напурс, ки ба кадом хобгоҳ ва он ба кадом донишгоҳ ё донишкада тааллуқ дорад, зеро дар бобати якрангӣ ва монандии хобгоҳҳо ту аз ман хубтар медонӣ. Балки ба чӣ гуфтанам диққат деҳу роҳи ҳалро биҷӯй.

Як дӯстам бо баҳонаи ошхӯрӣ маро ба хобгоҳ даъват кард. Пурсидам, ки «маъмурияти хобгоҳ чизе намегӯянд?». Ӯ ба ҷойи ҷавоб хандиду гуфт, ки касе чизе намегӯяд. Ман рафтам. Аз ҳуҷра даромадан замон ба ҷуз дӯстам чашмам ба се нафари дигар афтид. Яке болои рахти хобаш бо телефон суҳбат дошт. Дуввумӣ сурудхонон картошка пӯст мекард. Саввумӣ дар бағал ноутбук гирифта, филм дида истода буд ва чорумӣ, ки меҳмонаш будам, ба ман ишораи нишастан карду худ ҳам нишаст. Шом гузашт. Хӯрок хӯрдем. Ҳама якҷо аз ину он суҳбат кардем. Нафаре, ки дар омадани ман картошка пӯст мекард, аз болои миз китоберо гирифта, ба хондан даромад. Нафаре, ки телефонӣ суҳбат дошт, дар телефонаш як рэп монду ба машқ кардан сар кард. Нафаре, ки филм медид, ҷойи хобашро дуруст карда, тараддуди хобравӣ дид. Дӯсти ман барои хубтар меҳмондорӣ кардан ба фикрам дар зеҳнаш мавзӯи шавқовар меҷуст.

Қисса кӯтоҳ, китобхон: «Исфандиёр, рэпатро хомӯш кун, ман дарс тайёр дорам». Рэпгӯшкун: «Ман бе мусиқӣ машқ карда наметавонам». Хобрав: «Бачаҳо, чароғро хомӯш кунед, саҳар бояд барвақт хезам». Дӯсти ман: «Бачаҳо, як қиссаи аҷоиб ба ёдам омад, зид набошед, нақл кунам». Аз миён тақрибан панҷ дақиқа гузашт. Садоҳо баланд шуданд: Китобхон бо тамоми овоз китоб мехонд. Рэпгӯшкун «громкост»-и телефонашро ба 100% расонида, баробари рэпер мехонд. Хобрав ба болояш курпаро кашид, то ки садоҳоро нашунавад.

Натиҷа, на дарс тайёр шуд, на донишҷӯ хоб рафт, на мусиқии хуб шунид. Ва на суҳбати дуруст шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мушкил мепурсӣ? Мушкил набудани реҷаи муайян дар хобгоҳ аст. Бовар кун, пас аз ин ошхӯрӣ ман аз чанд нафаре, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, дар мавриди доштани реҷаи муайян пурсон шудам, аммо ягон ҷавоби мусбат нагирифтам. Ҳатто баъзеҳо пеш аз ҷавоб ханда ҳам карданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, агар чунин рафтан гирад, яъне донишҷӯён дар хобгоҳҳо барои худ реҷаи муайян насозанду аз рӯйи он амал накунанд ва маъмурияти хобгоҳҳову омӯзгорон аз макотиби олӣ назорат набаранд, шумораи донишҷӯёне, ки аксарият бе тайёрӣ ба дарсҳо меоянду умри зудро зоеъ мегузаронанд, батадриҷ меафзояд.

Пеш аз он, ки роҳи ҳалро гӯям, дар мавриди чӣ будани реҷа мегӯям. Реҷаи вақтгузаронӣ — ин рӯйхат ё навиштаҷотест, ки дар он соат ба соат, дақиқа ба дақиқа кадом амалҳоро иҷро кардан, ба кадом корҳо машғул шудани нафарони муайян нишон дода мешавад ва бояд аз рӯйи он амал кард.

Роҳи ҳалли мушкилӣ: бовар кун, ҷаноби Тоҳирӣ, бисёр осону сода аст: аз ҳозир сар карда коғазу қаламро гирифта, бо ҳамхонаҳо маслиҳат карда, реҷаи вақтгузарониро муайян мекунӣ. Тамом.

Сино ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here