Мо ба андозаи иҷрои корҳо не, балки ба қадри ноуҳдабароиҳоямон хаста мешавем.

Рӯз аз рӯз мо бо одамони хаста ва табъи хира дошта зиёдтар вомехӯрем. Маълум аст, ки ба ин мардуми мо кам аҳамият медиҳанд, зеро ба қавле, мушкилиҳои “ҷиддитар” доранд. Мо бошем, ба он мушкилиҳо кор надорем, танҳо мегӯем, ки Худо осон гардонад. Ҳоло бошад, гуфтанӣ ҳастем, ки дар ҳоли ҳозир аз меъёр зиёд хастагиро эҳсос кардани мардум оқибати хуб надорад. Ин дар ҳолест, ки хастагиҳои мо бисёр вақт хастагии руҳӣ ҳастанд. Руҳ ки хаста шуд, дигар хуш, боварӣ, умед, ханда… бо мо ногап мешаванд.

Пас аз мутолиаи навиштаи “Нақшаи давоми роҳ” Ҷамолу Ҷалол ба хулосае омаданд, ки рӯзҳояшонро аз рӯйи нақша гузаронанд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Ҳарду дафтари қайд гирифтанд ва ҳар кореро, ки бояд иҷро мекарданд, пешакӣ ба он менавиштанд. Пас аз иҷрои кори мазкур бошад, зераш хат мекашиданд. Ҳоло бошад, ба назар чунин мерасад, ки Ҷамол бовуҷуди аз пештара фарқ доштану вақташро то андозае сарфи корҳои хубу фоидаовар кардан, хаста аст. Хастагии ҷисмӣ дорад. Хастагии ҷисмӣ аз хастагии руҳӣ сарчашма мегирад ва инро ба назар гирифта, бе душворӣ пайхас кардан мумкин аст, ки ӯ руҳану ҷисман хаста аст.

Баръакси ҳолати Ҷамол, Ҷалол худро хеле хуб ва хушбахт ҳис мекунад. Зеро вай тавониста истодааст, ки зиндагиашро худаш танзим кунад. Ин ҷо саволе пайдо мешавад: “Чаро ин ду нафар аз рӯйи нақшаи пешакӣ тартибдодашуда рӯз мегузаронанд, аммо аз аввалӣ иҷро намешавад ва дарҳол хастагиро эҳсос мекунаду дуввумӣ бошад, баръакси он?”.

Бояд гуфт, монанди Ҷамол бисёр ҷавононе ҳастанд, ки бовуҷуди нақша доштану аз рӯйи он кору зиндагӣ кардан, ба чизе расида наметавонанд. Аз худу дафтару қалам, аз кору машғулияту шуғли дӯстдошта, аз шиносу ношинос, аз ҳамсинфу ҳамкурсу ҳамкор, аз оилаву ҳамсояву атрофиён хаста шуда, чӣ кор кардану ба куҷо рафтанашонро намедонанд. Ва ин ҳолатро метавон бад гуфт, бисёр бад!

Чаро одам хаста мешавад? Фикр мукунем ҳама мехоҳанд ҷавоби ин саволро донанд. Хастагӣ вақте зуҳур мекунад, ки дар пеши мо корҳои зиёди иҷронашуда ҳастанд ва бояд мо онҳоро иҷро кунем, танҳо мо. Хастагӣ вақте пайдо мешавад, ки мо нисбат ба худамон ноҳақӣ карда, фикру зикри дигаронро дар сару забон нигоҳ медорем. Хастагӣ замоне пайхас мешавад, ки мо ба худ бовар намекунем. Хастагиро нафаре эҳсос мекунад, ки талаботи бемаънову фоидаи аз ҳад зиёд дорад. Ва хастагӣ дӯсти нафаре мешавад, ки онро ҷеғ мезанад, яъне аз омилҳои дар боло зикршуда кадомеро дорост.

Акнун, бе мушкилӣ маълум аст, ки хастагии Ҷамол аз омили аввалӣ сарчашма гирифтааст. Ӯ дар тӯли рӯз мехост корҳои зиёдро анҷом диҳад. Фикраш нек буд, яъне хоҳиши иваз кардани ҳолати пештараашро дошт, аммо яку якбора ва зуд ҳеҷ коре ба хубӣ анҷом намеёбад. Барои ин дар хотир бояд дошт:

— Барои иваз кардани ҳолати доштаамон бояд пеш аз ҳама ба худ боварӣ дошта бошем;

— Ҳар кореро, ки иҷро кардан мехоҳем, бояд фоидаву зарарашро дар тарозуи ақл баркашем;

— Барои иҷрои корҳо вақти муайян ҷудо кунем, зеро мо наметавонем ба мисли қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ ва ё филмҳо дар як вақт чанд корро иҷро намоем;

— Бояд ба назар гирифт, ки мо дар ҳаёти реалием, қаҳрамони афсонавӣ нестем;

— Аз ҳама охир, ки аз ҳама муҳим аст. Мо бояд корҳоеро, ки иҷро кардан мехоҳем, қисм-қисм ҷудо карда, ҳамон тавр бо қисматҳои муайян ва алоҳида иҷро намоем.

Масалан, шумо бояд дарсҳои пагоҳ доштаатонро тайёр кунед. Аксарият ин амалро чи тавре ки ҳаст, ҳамин тавр менависанд, яъне “тайёр кардани дарсҳо” ва баъдан мегӯянд: “Дарстайёркунӣ бисёр мушкил аст, накардам”. Вале агар ба ҷойи “тайёр кардани дарсҳо” чунин нависанд:

Тайёр кардани дарсҳо:

1). Китобхона рафтан;

2). Як соат китоби “Асосҳои фаъолияти эҷоди журналистӣ”-ро хондан;

3). Барои иҷрои супориши амалӣ ду хабар навиштан;

4). 40 дақиқа китоби “Психология”-ро хондан;

5). Кори муслақилонаро навиштан;

6). Супориши фанни “Этика”-ро иҷро кардан,

бовар кунед, ҳам корҳо иҷро мешаванд ва ҳам ҳеҷ гуна хастагие пайдо намешавад. Зеро мо баъзан то даҳ амалро як амал ҳукм карда, иҷро кардан мехоҳем, ки ин имконнопазир аст. Ба монанди ҳамин омода кардани дарсҳо. Боварӣ аст, ки агар ҳама корро мо ба чунин тарз иҷро кунем, бурд хоҳем кард.

Ба худ бовар дошта бошед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here