Чаро дар хона-интернати касалиҳои руҳӣ масъулин маъюбонро латукӯб мекунанд, аммо ҷазо намебинанд?

— Вой дод, Худоё, чаро ҷигарбанди маъюбамро духтурҳои бемасъулият ба чунин аҳвол гирифтор кардаанд? Вазифаи духтур магар задани одам аст ё баръакс? Бо чунин ҳодиса ман бори аввал рӯ ба рӯ намешавам,- бо овози хастаю маҳин зораву илтиҷову нидо мекунад модари тоҷик.

Саидшейхова Майсара соҳиби 2 фарзанд аст. Зиндагиашро аз ҳисоби тамиз кардани хонаҳои мардум таъмин мекунад. Хонаи истиқоматии худашро надорад. Иҷоранишин аст. 4 солро дар муҳоҷират гузаронидааст. Таваллуди писараш Манучеҳрро хеле интизор буд, вале бо амри тақдир ӯро на дар оғӯши худ калон кард, балки дар хона-интернати касалиҳои руҳии шаҳри Хуҷанд ба воя расид.

Имрӯз ӯ 19 сол дорад. Манучеҳр маъюби гуруҳи 2-юм аст. Маҳз дар ҳамин хона-интернат 2 бор сахт латукӯб шудаасту мутаассифона, касе дар назди қонун барои ин амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ ҷавоб намегӯяд. Чаро?

— Маротиба аввал соли 2015 чунин ҳодиса рух дода буд: Беш аз 1 моҳ дар беморхона бо ӯ бистарӣ будам. Он вақт ҳам ӯро зада буданд. Варақае, ки ташхиси тиббӣ ба дастам дод, муайян карда буд, ки писарам аз зарби мушти сахт сараш варам кардаву гӯшаш кафидааст. Саломатии писарам хеле бад буд, вақт барои шикоят ба мақомоти интизомиву ҳуқуқиро надоштам, фақат писарамро табобат кардам. Аммо исбот кардан ҳам натавонистам, ки бо писарам кӣ чунин бадрафторӣ кардааст. Он замон роҳбарии хона-интернатро Умед ба зимма дошт,- мегӯяд модари маъюб.

Ҳоло маротибаи дуввум аст, ки Майсара писарашро бо доғҳои сиёҳу кабуд дар рӯю танаш ба оғӯш мегирад. Осори бадрафториро мебинаду ӯро зуд акс мегирад. Ва аз масъулин суол кардааст, ки кӣ писарашро ба чунин аҳвол овардааст? Посух чунин буд: «Ӯ аз аробачаи маъюбӣ афтода, осеб дидааст».

Аммо ҳамшираи шафқат, ки Фотима ном доштааст, гуфтааст, ки «чун навкор асту бошандаи дигар доду вой мекард, мехост ба ӯ кӯмак кунад, саросема шуда, аробачаи маъюбии Манучеҳрро дар роҳрав мондааст, ки дар натиҷа ӯ «ғалтидааст». Вале шоҳидон тамоман дигар далел пеш меоранд: «Хӯроки нисфирӯзии писаратонро бошандаи ҳамин марказ медиҳад. Ва чун писаратон хӯрок хӯрдан намехост, бошанда (он мард ҳам касали руҳӣ будааст) ӯро барои нахӯрдани хӯрок задааст».

Ва ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки агар касалиҳои руҳӣ ба якдигар хӯрок диҳанд, пас ҳамшираҳои шафқат ва нигоҳбонҳои ин хона-интернат дар рӯзи корӣ ба чӣ кор машғуланд? Давлат барои кадом масъулияташон ба онҳо маош таъин кардааст? Оё онҳо имкони чунин хизматрасониро доранд?

Майсара ба ин суол посухи рад медиҳад. Ба қавли ӯ, «аксарияти ин маризҳо ҳатто қошуқро ба даст гирифта наметавонанд».

Ва аҷиб он аст, ки пас аз гирифтани акс, шикоят ва дифоъ аз писари  маъюбаш, масъулини хона-интернат зуд бо модари ҷафокашида шаб тамос гирифта, аз ӯ суол мекунанд, ки чаро бе иҷозати онҳо шикоят кардааст. Ва бехабар аз он, ки ӯ дар муқоиса бо қазияи соли пеш аллакай акси латукӯбро фавран дар телефони мобилиаш гирифтаасту дар шабакаи иҷтимоӣ он пахш гардидааст. Аксҳо бо сару рӯйи сиёҳу кабуд дили садҳо нафарро реш кард. Ва хашми аксарияти корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро барангехт.

Ҳоло суоли матраҳ ба директори ин муассиса Шерафган Шералиев чунин аст, ки чаро нафароне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, аз тарафи роҳбари муассиса танбеҳу ҷазо намегиранд!? Агар Манучеҳри 19-сола аз аробаи маъюбиаш «ғалтида» бошад, чаро муовинони Шумо барои расонаӣ кардани акси ӯ нигаронанд?

Ҳоло умед танҳо ба Прокурори генералии кишвар муҳтарам Юсуф Раҳмон аст, ки гунаҳкорони қазияи соли 2015 ва 10-уми майи соли 2019-ро ҳатман пайдо хоҳанд кард ва онҳо тибқи қонунҳои амалкунандаи кишварамон ҷавоб хоҳанд гуфт.

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here