Дар нишастҳои матбуотии давраи дигар шояд роҳбарони нав иштирок кунанд. Онҳо моро бо чӣ ба ҳайрат хоҳанд овард?
Дар нишастҳои матбуотӣ имконияти ба савол посух гирифтан зиёд аст, вале ин ба тарзи пешниҳоди савол аз ҷониби хабарнигорон вобастагии бисёр дорад.
Дар ҳафтаи ахири нишастҳо омодагии хуби баъзе аз масъулин ба назар мерасид. Варақаи иттилоотӣ, ки пештар ҳамагӣ аз як саҳифаи А4 иборат буд, акнун дар бархе идораҳо ба брошюраи 20-саҳифагӣ табдил ёфт. Баъзе масъулин ҳатто шакли электрониашро бо худ оварда буданд, ки агар ба касе зарурат шуд, пешниҳод мекарданд.
Омода набудани журналистон ба нишастҳои матбуотӣ дар ҳақиқат як мушкили ҷиддист, ки роҳбарони расонаҳо ба он бояд эътибор диҳанд.
Ҷумъа Давлатов — роҳбари Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шояд дар вобастагӣ ба ҳамин буд, ки дар оғози нишаст гуфт, бинобар вазъи баамаломада онҳо натавонистанд барои рӯзноманигорон тренингҳои омӯзишӣ гузаронанд, то ба мавзуҳои рӯзмарраи вобаста ба Агентӣ жарфтар ворид шаванд. Роҳбари ин идора мисли соли гузашта ягон сухани “сенсатсионӣ” нагуфт, вале як маълумоти хеле ҷолиб дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дод. Гуфта шуд, ки барои солҳои 2017-2022 дар доираи ҳамкориҳои Агентӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунандаи лаёқатманди то 40- сола барои хизматчиёни давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он ҷалб шудааст. Суоле беҷавоб монд: Бадахшону Суғд чӣ?
Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои қаблӣ рӯзноманигорон камтар иштирок доштанд. Ин албатта ба пандемия алоқаманд буд ва ҳамчунин, ба аз рӯзи муқарраргардида ба дигар рӯз гузаронида шудани он рабт мегирад,чунки он ба иди Қурбон рост омада буд. Дар ин нишаст чеҳраҳои нави ҳайати роҳбарикунандаро дар толор вохӯрдан мумкин буд, хоса аз ҳисоби ҷавонон. Пас аз маълумоти муфассал дар бораи ҷамъбасти хизматии ВКД дар соли 2020 генерал-полковник Рамазон Раҳимзода аз посух ба савоҳое шуруъ намуд, ки ба ин ниҳод аз ҷониби ҳамкасбонамон хаттӣ ворид гардида буданд.
Саволҳо зиёд буданд, аммо шояд саволи як нафар, ки худро корманди шабакаи телевизионӣ муаррифӣ намуд, на танҳо вазир, балки ҳамкасбони моро дар ҳайрат гузошт. Ӯ пурсид, ки бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро танқид мекунанд, оё ҷазое барояшон муқаррар шудааст? Ё ин ки аз номи ҷавонон гап мезананд, ки ба онҳо розӣ нестем…
Ин гуна саволгузорӣ номаълум ба чӣ хотир буд, аммо бори дигар маълум мекард, ки журналистонро пеш аз фиристодан ба ин гуна нишастҳо бояд омода намуд.
Бовуҷуд, Рамазон Раҳимзода хеле посухи касбӣ дод:
— Озодии сухан аст, мутобиқи Коститутсия онҳо фикру ақидаҳояшонро баён мекунанд. Агар онҳо маълумотҳои бардурӯғ нисбати давлату миллат паҳн кунанд, он гоҳ мо дар доираи қонун чора мебинем, агар таркиби ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар навиштаҳояшон бошад. Дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо барои дастгир карданашон мусоидат хоҳем кард.
Журналистон ҳамчунин нигаронии худро аз наворҳои пахшкардаи шабакаҳои ТВ, ки хусусияти шаҳвонӣ доштанд, изҳор доштанд. Гап сари “мулло”-ҳое меравад, ки аз бесаводии занон сӯйистифода карда, ба онҳо дастдарозӣ мекунанд. Аз вазир хоҳиш карда шуд, ки чунин наворҳо, агар дар телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шаванд ҳам, вале дар шабакаи кӯдаконаи “Баҳористон” онро дар эфир нагузоранд. Вазир ин пешниҳодро қобили қабул донист.
Инҷониб ҳангоми савол мавзӯро сӯи ҳодисаи вобаста ба марде бурдам, ки 4 сол боз адолат меҷӯяд ва наметавонад бо вазир аз наздик вохӯрад. Ба гуфтаи ӯ, писараш барои “резултат”-и кори ду-се нафари тасодуфӣ дар мақомот ва як нафар “агент”-и онҳо қурбон шуда, 4 моҳро пушти панҷара гузаронида, танҳо бо Қонуни авф озод гардидааст. Ҳоло ин мард барои ба гуфтаи ӯ “суди ноадолатонаи писараш” дар ба дари мақомот мегардад ва мо шикояти ӯро ба роҳбарияти ВКД дар шакли хаттӣ супоридем. Ва натиҷаашро албатта мунтазирем.
Директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икром таъкид кард, ки имсол беш аз 21 ҳазор ҷойи холӣ доранду довталабон метавонанд аз ин имконият истифода баранд. Вале анқариб ҳамин рақам ба донишгоҳу коллеҷҳое дахл дорад, ки пули шартномаашон бениҳоят баланд аст. Мардум бошанд, аз надоштани маблағ ва супоридани он танқисӣ мекашанд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки гарчанде солҳои гузашта асосан писарон ба факултаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ бештар таваҷҷуҳ мекарданду ба риштаҳои техникӣ таваҷҷуҳ камтар буд, имсол ҳисоб баробар шудааст.
Бо ҳамин нишастҳои матбуотии ин нимсола ба итмом расид.
Дар давраи нави нишастҳо, ки аллакай пас аз интихоботи президентӣ баргузор мешаванд, шояд роҳбарони бисёр вазорату идораҳо дигар мешаванд.
Интизор мешавем, ки кӣ меравду кӣ меояд ва журналистону ҷомеаро бо “гапҳои қоғазпеч” киҳо ба ҳайрат меоранд.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА