Саломе чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Ҳамин дирӯз буд, ки пеши худ мегуфтам чиро касе ба ман мактуб наменависад?! Ин саҳар компутарро рӯшан кардаму “Ҳамсоя”-и Шумо мунтазирам буд. “Ҳамсоя”-атонро хондаму гуфтам: Оҳ, ин Хуршед! Охир маро ба сиёсат мекашанд! Хондаму намедонам аз куҷо масали халқии “гадо душмани гадо” ба ёдам омад. Шояд нисбат ба масалу мақолҳои овардаи Шумо дар ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоягӣ ҳамин “гадо душмани гадо” дурусттару воқеъӣ бошад?! Чун имрӯз Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон нисбат ба мамолики пешрафта хеле кӯчак асту камзамину камаҳолию камбағалу каммоя ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки ҳамсояҳои тангназару тангдидаҳои мо аз чор сӯ чашми олуси худро сӯяш дӯхтаанд. Агар Тоҷикистони мо нисбат ба дигар ҳамсояҳомон бойю соҳиби нафту гази худодод мебуд, мақолу масалҳои овардаи Шумо дурусту воқеъӣ мебуд, аммо вақте, ки кишвари мо барои ободу зебо гардонидани сарзамини худ нав кӯшиш ба харҷ дода истодаасту худаш аз ҳамсояҳо ёрию дастгирӣ интизор аст, чашми тамаъ ба сарҳадоти мо дӯхтани ҳамсояҳо ҳамон мақоли “гадо душмани гадо”-ро  ба хотири ман овард.

Бародари ман, ки бошед биёед дар байни ин “сиёсатномаамон” як руҷӯи лирикӣ кунем. Охир мо бе ин наметавонем-ку! Солҳое, ки дар маҳаллаи Моҳи Нав зидагӣ мекардем, як ҳамсояе доштем, ки дар як вазифаи хуб кор мекард. Ҳамсояи дар ба дар будем. Оилавӣ рафту омад доштем. Ҳамсараш ҳар вақт барои гӯгирд меомад. Мебурд ва боз баъди чанд рӯз гӯгирд мепурсид. Рӯзе аз бозор як пачка гӯгирд харидам, вақте, ки гӯгирд пурсид ҳамон пачкаро додам, ки шояд дарси ибрат шаваду дигар гӯгирдпурсӣ наояд. Шумо чӣ фикр мекунед Хуршед?! Фикр мекунед, ки шарм карду нагирифт? Ҳайҳот! Гирифту рафту боз пас аз як моҳ ё ду моҳ омаду гӯгирд пурсид. Ман ҳам дигар тоқат накардаму гуфтам, ки гӯгирд-пӯгирд надорам! Абрӯяш гиреҳ хӯрду дарро сахт пӯшид. Аз пушти дар садои ғур-ғураш омад: пасти мурда!

Хуршедҷон! Ман дар ин сӣ сари сол, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштаму бист сол иҷоранишин будам, ҳамсояҳои бисёреро дидам. Ҳамсояҳои хуб ҳам доштаму ҳамсояҳои бад ҳам. Ҳамсояи бахил ҳам доштаму ҳамсояи сахӣ ҳам доштам. Ҳамсояи бой ҳам будаму ҳамсояи камбағал ҳам. Ҳамсояҳои бойе буданд, ки хасису мурданӣ буданд, ҳамсояҳои камбағале буданд, ки охирин нонашонро тақсим мекарданд. Ҳамсояҳое буданд, ки аз хешӣ дур ун тараф истад, аз бародари ҳамхун наздиктар буданд. Аммо ман бо ҳамон хислату хӯйи тоҷикона бо ҳамаашон муросо доштам. Ин ҳамсоядорӣ низ чун ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст, не?

1 бинависед

  1. Умуман бигирем ҳамсояҳои ин замона( гуфти устод Лоиқ Шерали ) соя надоранд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here