Мардум аз фиребгариҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳамарӯза шикоят мекунанд, аммо на Прокуратураи генералӣ, на ягон сохтори дигари марбут ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон арзу доди онҳоро намешунавад

Шикояти истифодабарандагон аз ширкатҳои мобилӣ, хоса “Мегафон” кам шудан надорад. Дар суҳбатҳои байни ҳамдигар ва низ шабакаҳои иҷтимоӣ қариб рӯзе нест, ки дар ин бора арзу шикояте нашунавем. Мардум менависанду мегӯянд, ки дар ширкати номбурда ҳамеша мушкилоти гум шудани маблағ аз суратҳисоб ва зуд-зуд огоҳ намудани муштарӣ тавассути смс-паём, ки “суратҳисобатонро лутфан пур намоед”, ҷо дорад. Дуруст аст, ки баргардонидани як қисми маблағ пас аз «доду вой»- и муштарӣ сурат мегирад, аммо огоҳӣ ва «насиҳат»-и ҳамешагии Онлайн-консултант ба сурати худсафедкунӣ аст, яъне “беҳуда ба ҳар саҳифа обуна нашавед”, “паёмҳои баҳудаву беҳударо қабул накунед” ва мисли ин. Аммо ин ҳама мардумро қонеъ намегардонад ва онҳо аз рӯи инсоф мепурсанд: “Дуздидани мегабайтҳо кай тамом мешавад?”, “ҳангоми равон кардани аксу видео, ки маъмулан он ройгон аст, чаро аз мо пул меситонанд?», «чаро барои пайваст шудан ба ягон пакети 200-сомонӣ ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷат талаб карда намешавад, вале барои қатъ кардани ягон паём ҳатман шиноснома талаб карда мешавад?”.

Фотима, ки муштарии чандсолаи ширкати “Мегафон” аст, навишт, ки “Мегафон” мардумро рӯирост ғорат мекунад. Ӯ далел ҳам овард, ки барои 4 ё 5 дақиқа истифодаи Интернет аз ӯ 124 сомонӣ «пул канданд». Ин ҳам танҳо барои як маротиба истифода намудани ӯ аз почтаи электронии худ берун аз пакети мавриди истифодааш. Тасаввур намоед, танҳо як лаҳза истифода аз почтаи электронӣ чӣ қадар қиммат дорад: 124 сомонӣ! Агар аз Интернет-кафе истифода мекард, танҳо 50 дирам пардохт мекарду халос (аз таҷрибаи худам,- Ҷ. М.).

Чунин арзиши трафики интернетро шояд дар кулли ҷаҳон пайдо накунед! Ҳол он ки, нархгузории ҳозираи ширкатҳои мобилии мо дар минтақа аз ҳама қиматтарин арзёбӣ мегардад…

Дар ин росто, истифодабарандаи дигари шабакаҳои мобилӣ — Мансур Қаландаров менависад, ки 1 гб пакети Интернет дар Тоҷикистонро 512 сомонӣ харидорӣ кардааст, ки албатта дар шароити кишвари мо хеле гарон аст.

Шаҳноза бошад, масъалаи дигарро ба миён мегузорад. Ӯ мегӯяд, барояш аҷиб аст, ки ширкатҳои мобилӣ чаро ба таври ошкоро наменависанд, ки кадом хизматрасониҳо пулакианд ва кадомаш ройгон?

Ва дар посух ҳукм ҳам менамояд: чунки аз ин манфиат мебинанд, яъне медузданд!

Ба фарзи мисол, Шаҳноза шикоят мекунад, ки ӯ қаблан 99 сомонӣ месупоридааст ва барои 1 моҳ барояш басанда буд, ҳоло бошад, 400 сомонӣ месупораду танҳо барои 20 рӯз мерасад. Чунин шикоятҳо, тавре гуфтем, нав нест, вале ба доди мардум касе намерасад.

Чандин бор мардум шикоят карданд, ки падару модари солмандашон, ки ба технологияҳои навин хуб ошно нестанд, бо пахш кардани ин ё он паёми фиристодаи ширкатҳо худро дар қарз ғӯтондаанд. Яъне ин ширкатҳо «фиреби қонунӣ” мекунанд. Паёмро мефиристанд ва муштарие, ки моҳияти онро намефаҳмад, бо пахши он ба чандин иқдомҳои “ширкатҳои носерам” “бо хоҳиши худ” пайваст шуда, дар ин бора худашон огоҳ намешаванд.

Пас чаро ҳуқуқшиносе пайдо намешавад, ки шартномаи байни ширкат ва муштариёнро муҳокима намояд ва баҳсҳои ҳамчунинро баҳои ҳуқуқӣ диҳад?

Ё инҳо ҳам криша доранд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here