Монолог

“Илми аз ҳама муҳим — ин илми фаромӯш кардани чизҳои нодаркор аст”.

Антисфен

Воқеан, ҳамин тавр аст, ки файласуфи юнонӣ, ҷаноби Антисфен мегӯяд, рафиқ Хоҷаев. Аз замони валодату вафоти ӯ ва вазъи замонаш то асрҳои мо дигаргуниҳо беинтиҳоянд. Аммо, ақида ҳамон аст, ки ӯ мегӯяд ва ағлаби мардум бар он эътимод доранд. Ҳатман он чиро, ки ба дарди мо намехӯрад ва ба зиндагиамон сабукӣ намебахшаду роҳамонро равшан намекунад, ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридан лозим аст. Вале чӣ гуна? Оё мешавад ҳама чиро фаромӯш кард? Дар ин бобат бояд амиқ андешид…

Агар ҳоло андешаҳоят монанд ба фикрҳои бесарунӯгу парешони ман бошанд, фикр мекунам, ки ба ҳадаф наздикам ва ин навиштаро идома медиҳам, дӯстам Хоҷаев. Барои чӣ? Барои он, ки фаромӯшхотирӣ низ як ҷузъи муҳим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳатто сиёсии мардум аст. Бо кадом асос? Бо ин далел, ки он метавонад инсонро оромишу осоиш бахшад ва баръакс, қодир аст ӯро аз бисёр чизҳои муҳим маҳрум созад. Дур намеравам, аз сарнавишти шахсии худ намуна меорам. Замоне буд, ки дар муассисае ба ҳайси сардабир фаъолият мекардам ва ҳамон вақтҳо бо сабаби баъзе камбудиҳои рӯзгору фикри зиёд ва ниҳоят, стресс, асабам хароб гардид. Кор ба ҷое расид, ки ҳангоми таҳрири як хабари кӯтоҳи иборат аз 3 ё 4 сархат, чун дар нуқтаи ниҳоии он қарор мегирифтам, сархати аввал аз ёдам мерафт. Бо ин ҳол натавонистам зиёда аз якуним моҳи дигар фаъолият кунам ва бо хоҳиши худ аризаи аз кор хориҷ шудан навиштам. Яъне, дар ин сурат таъсири ҷиддии манфӣ ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ман ва шояд чанд нафари дигар расид.

Намунаи дигар хушгӯии як нафар дӯстам аст, ки ҳарчанд баъди чанд моҳи оиладорӣ аз шавҳараш ҷудо шуда буд, аммо ягон андешаи ранҷоварро ба майнааш роҳ намедоду шӯхиҳои зиёд мекард. Бо сӯйистифода аз шӯхтабъиаш, боре суол додам, ки “чаро дигар шавҳар намекунӣ?”. Дурудароз, бо қаҳқаҳа хандид ва гуфт: “Бало занад ҳамаи мардҳоро!”. Дар шигифт мондаму пурсидам, ки чаро чунин сухан ба забон меорад. Қиссаеро нақл кард, ки намедонам воқеист ва ё хаёлӣ: “Зане чанд маротиба ба шавҳар баромадаву ҷудо мешавад. Дигар, дилгир шуда, чанд муддат бешавҳар мегардад. Рӯзе мардуми маҳалла машварат кардаву маслиҳаташ медиҳанд, ки боз ба шавҳар барояд. Мегӯяд:

— Бало занад ҳамаи мардҳоро!

Мепурсанд:

— Барои чӣ?

Посух медиҳад:

— Ҳамаашон аз як хоканд, гумонҳои ноҷо доранд, беасос рашк мебаранду асабонӣ мекунанд. Ин дафъа, то як марди хеле фаромӯшхотир наёбам, ба шавҳар намебароям. Марде, ки агар ягонҷо раваму баргардам, ақаллан баъди ғурбат кардан ғазабашро фурӯ нишонаду қазияро фаромӯш созад.

Мардум дар фикр меафтанд. Баъди таҳлилҳои зиёд, ба хулоса меоянд, ки ҳо, ҳамон фалонӣ фаромӯшхотир аст ва дархӯри заношӯӣ бо ин зан. Занро розӣ кардаву ба ҳамон фалонӣ никоҳаш мекунанд. Ду-се моҳ зан дигар дар кӯчаҳо ба назар намерасад. Рӯзе ӯро дар кӯча мебинанд, аммо чунон лоғару афсурда, ки дида беихтиёр барояш мегиряд. Вазъи ҳол мепурсанд. Бо ғирев мегӯяд:

— Бар падаратон лаънат, бо ин марди фаромӯшхотири ёфтаатон! Ишқварзӣ мекунаду 10 дақиқа баъд “накардаам” мегӯяд ва боз мекунад. Бо ин аҳвол дигар ба ҷое ҳам баромада намешавад…

Яъне, фаромӯшхотирӣ метавонад дар ҳолатҳои ҷудогона ба ҳар навъ натиҷаовар бошад. Бо шаклҳое, ки шояд намунае аз он ба як нафар писанд ояд, аммо мақбули нафари дигар набошад.

Борҳо таъкид шунидаам, ки мабодо нони мушхоидаро нахӯрем, зеро он сабаби пайдо шудани фаромӯшхотирӣ мегардад, ҷаноби Хоҷаев! Ҳатто, вақте кӯдак будем, чун нони танӯрии як канораш мушхоидаро овардаву рӯйи дастархон мегузоштанд, бо нохун қисмати “хавфнок”-ро пучидаву канда мепартофтем ва баъд ба тановул шуруъ мекардем. Гумон мекунам, ки ҳоло ҳам чунин эҳтиёткорӣ дар бисёр минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад.

Аммо, оё эҳтиёткорӣ дар ҳама ҳолат зарур аст? Дар ин маврид ҳам бояд фикр кард…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here