«Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои он чӣ ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате аст аз тарафи Худо. Ва Худо Ғолиби Доно аст».
Қуръон, сураи Моида, ояти 38
Тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр дуздӣ аст. Имрӯз ҷомеаи кишвар аз дасти дуздон ба дод омадаанду роҳи пешгириро меҷӯянд. Зеро дуздидани ҳамён, тилловорӣ, телефон, гов, бӯз ё гӯсфанд барои қавме дар байни мо ба ҳукми анъана даромадааст. Бинобар ин, ба ҷавобгарӣ кашидани пайдарпайи дуздон ва такроран содир кардани ҷиноят аз ҷониби онон мушкилеро мемонад, ки ҷиддан бояд роҳи ҳалро ёфт. Аввалан худи дуздон ҳангоми дуздӣ дарк менамоянд, ки ба таври пинҳонӣ амволи шахси дигарро тасарруф мекунанд ва бо ин кирдори худ ҳуқуқи моликияти ҷабрдидаро поймол месозанд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вобаста ба ин як ба моддаи 224-и Кодексии ҷиноятӣ муроҷиат кунед ва маълумоти лозима оид ба миқдори ҷарима ва чанд сол аз озодӣ маҳрум сохтани шахси дуздро ба даст оред.
Баъдан, дуздӣ барои мусалмон — ин нофармонӣ ва сарпечӣ аз амрҳои Худованд мебошад, ки на танҳо ба худ, балки ба дигарон зарари молӣ мерасонад. Бинобар ин, инсони дузд, ки шахси болиғу солимақл аст ва гуноҳро барқасд, бе он ки касе ӯро маҷбур намуда бошад, содир мекунад, бояд муҷозот шавад. Аммо имрӯз дигар ҷаримаву ҳабс кардани онон дар кишвар пеши роҳи ин табоҳкориро нагирифт. Пас бояд муҷозоташон сахттару дардноктар гардад.
Дар Ислом дуздӣ билкул ҳаром аст ва яке аз нишонаҳои мунофиқ дониста мешавад. Аз ин сабаб мувофиқи ояти 38-уми сураи Моида дасти марди дузд ё зани дузд бояд бурида шавад. Ба иттифоқи уламо, дузд хоҳ зан бошад, хоҳ мард, агар миқдори 10 дирҳам (42,5 грамм нуқра ва 4,25 грамм тилло ва ба ҳамин арзиш дигар чизҳо)-ро дуздӣ кунаду бо гувоҳии ду шоҳид дуздии ӯ исбот шавад, дасти рости ӯ аз бандаш бурида мешавад. Агар такроран ин амалро содир кард, пас ин бор пойи чапаш бурида мешавад. Инчунин мувофиқи ҳадиси Оиша (р), аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Даст ба дуздидани чаҳор ҳиссаи динор ва ба дуздидани бештар аз он қатъ мегардад”. Ин гуна ҷазо барои дузд панд ва барои дигарон ибрат аст.
Шояд аксарият гумон кунанд, ки ин амал ваҳшигӣ аст ва барои 10 танга дасти як мард ё зан бурида шавад. На, баръакс, ин раҳмдилӣ барои дузд ва ҳушдор ба атрофиён аст, ки аз дуздидани моли ғайр худдорӣ кунанд. Агар ин тавр набошад, пас дуздон вақте диданд, ки бо андак ҷарима ва як-ду соли ҳабс озод мешаванд, боз ба ҷиноят даст мезананд. Баъд хоҳед дид, ки гуруҳе пулу моли касеро ба яғмо мебаранду афроде дар деҳоти куҳистон гову гӯсфанддуздиро ба худ касб ихтиёр мекунанд.
Ёддошт барои мусалмон бояд ин ҳадисе бошад, ки аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Шахси зинокор ҳангоми зино кардан мусалмон нест ва шахси шаробхӯр ҳангоми шароб хӯрдан мусалмон нест ва шахси дузд ҳангоми дуздӣ кардан мусалмон нест” (Ривояти Бухорӣ).
Андешед ва аз дуздӣ канораҷӯӣ кунед, зеро ин ҷо танҳо ҷазои дунявиро гуфтем ва дар охират ононро чӣ интизор аст, Худо медонад.
Нуралӣ КАРИМ