Муддати мадид аст, ки ба гӯшам садои «дар ҳақи ман дуо гӯед» нарасидааст. Хусусан дар нақлиёти мусофирбар.

Солҳои пеш бисёр мушоҳида мекардам, ки ронандагон аз шахсони пиронсол ба ҷои роҳкиро «бобо, бибиҷон, бароямон як дуо диҳед, кифоя» гӯён, дуои нек талаб менамуданд. Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ин суханро хеле боз нашунидаам. Баръакс, агар маблағ 10 дирам кам бошад, бо ситеза «маблағи додаатон пурра нест» гуфта, ба тарафи ашхоси пиронсол дод мезананд. Шояд ин нишонаи мафкураи паст ва аз доираи инсоният дур мондани баъзе ашхос бошад. Инчунин, дар бисёр мавридҳо ба мушоҳида мерасад, ки бо дидани шахсони солдида ронандагони мусофирбар нақлиётро манъ намекунанд. Баъд аз он, ки нақлиёт гузашта меравад, чун ба тарафи онҳо нигоҳ мекунам, чеҳраашон ғамгин ва нороҳат менамояд. Ронандаву кондукторҳои пулдӯстдорашон фикр мекунанд, ки «агар ин пирамард ва ё пиразанро ба нақлиёт савор кунам, роҳкиро пардохт намекунад». Чунин муносибат бо насли калонсоламон, ки мебоист эҳтиромашонро ба таври бояду шояд ба ҷо биёрем, воқеан дардовару сазовори накуҳиш аст. Магар бо ҳамон 1 сомониву 60 дирам, ки шояд дар як рӯз як ё ду нафари солдида пардохт намекунанд, дар ҳаёти мову шумо дигаргунӣ мешавад? Бой мешавем? Магар як дуои нек аз онҳо бароямон кифоя нест, то ин ки ба дараҷаи онҳо ба нуқтаи камолот бирасем? Ё мо пир шуданиву мурданӣ нестем? Чаро чунин аст? Барои чӣ мо ғуломи нафс гаштаву дигар инсонигариро фаромӯш кардаем? Саволҳои беҷавоб, аммо посухашон равшан хеле зиёданд…

Мутаассифона, чунин рафтору кирдор на танҳо дар нақлиёти мусофирбар, балки дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ба назар мерасад. Ҳатто шоҳиди муносибати беҳад дағалона нисбати калонсолон мегардем, ки мояи нигаронӣ аст. Ба ин монанд: «Тез-тез роҳ гард! То ту мегузарӣ, ки… Як тараф ист, ман гузарам! Дар ин синну сол дар хона шинӣ, намешавад!?».

Шунидани чунин суханҳои дурушту таҳқиркунанда наметавонад инсонро ба андеша водор насозад. Ҳайрон аз онам, ки чаро имрӯз мардуми мо дур аз некӣ, дур аз меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром шудаанд. Чаро имрӯзҳо нисбати шахсони солдида ин қадар ноадолатӣ ва беҳурматӣ дида мешавад?

Такрор ҳам шавад, боз суол медиҳам, ки магар мову шумо ба пирӣ намерасем? Оё ҳамеша чунин ҷавон, боқувват мемонем? Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ин байтро фаромӯш созем:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон гардӣ ту низ.

Хуб мешуд, ки каме ҳам бошад, муносибату рафтори худро ба самти мусбат иваз намоем. Барои дафъи бало, бемориҳои табобатнашаванда ва дигару дигар аз пирони рӯзгорамон дуо гирем. Набояд дили нозуки бобо ва бибиҳоямонро шиканем. Ҳамаи ин нозукиҳо дар назари аввал мисли як чизи муқаррарӣ менамоянд, вале дар асл ҷои андеша кардан доранд.

Умуман, назари мушаххас ин аст, ки дили касеро, хусусан шахсони солдидаро наранҷонему ба ҷойи суханҳои дағалона гуфтан, аз онҳо талаби дуои нек ва хайру баракат намоем, то аз раҳмати Худо дур набошем. Зеро, гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Биёед дуогӯи ҳамдигар бошем!

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here