Мехоҳед Ватан бештар дӯстатон дорад? Ишқашро якҷониба намонед!
Наздик ба 3 моҳ мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз коронавирус азият мекашад. Шукри Худо, тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то имрӯз дар мо ягон нафар бо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Масъулин сабаби ин падидаи мусбатро сари вақт ба карантин фаро гирифтани нафароне медонанд, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳарчанд ин иқдом ҳам бе мушкил ва “нозу нуз”-и бархе одамон пеш наомадааст. Духтурон ва шахсони масъул аз ҳолатҳое ном мебаранд, ки бархеҳо дар вақти ин тадбири зарурӣ пеш меовардаанд: “Ман сиҳату саломатам, барои чӣ карантин мекунед?”, “Маро аз корам намонед, дар ин 14 рӯз як гала пул кор мекунам” , “Баред маро, ҳозир ба сарам генерал меояд, мебинем, ку гап зада метавонед ё не”ва мисли инҳо.
Ин гуна ҳолатҳо дар кишварҳои дигар ҳам буд. Аз ҷумла, дар як навори 3-дақиқаина мири шаҳри Рими Италия Антонио Тутоло, ки хеле асабонӣ ба назар мерасид, мегуфт: “Мардум, дар хонаҳоятон шинед, набароед, хоҳиш мекунам аз шумо, илтиҷо мекунам. Маро ороишгарҳо бештар асабӣ мекунанд, зеро мо бо ин вабои аср мубориза мебарем, вале бубинед, онҳо хона ба хона гашта, барои занон “причёска” дуруст мекунанд. Ин чӣ аблаҳист? Ин “причёска”-ро дуруст мекунед, магар имкони рафтан ба ягон ҷоро доред?”.
Винчентсо Да Лука — раиси яке аз шаҳрҳои Италия — Кампаня низ дар баромадаш аз гузаронидани занги охир ибрози нигаронӣ мекард: «Ҳой мардум, ҷаҳон аз вирус дар таҳлука афтодаасту шумо занги камолотро пинҳонӣ қайд мекунед? Мардум мурда истодааст, дар як рӯз 400 нафар. Монед дабдабаву ҷашнҳоятонро! Онро пас аз 4 моҳ ҳам метавонед ҷашн гиред».
Ин вабо ҳоло беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст ва аз ҷумла ҳамаи абарқудратҳоро. Дар ин миён ҳатто духтурон ва сардухтурону вазирону муовинони тандурустии бархе кишварҳо низ ба коронавирус мубтало шуданд.
Тавре гуфтем, яке аз сабабҳои ба мо роҳ наёфтани ин беморӣ саривақт ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое буд, ки аз хориҷа омаданд. Дар натиҷа, аз 1-уми феврал то 2-юми апрел 6 ҳазору 272 нафар дар 22 муассисаи тиббӣ ба карантин фаро гирифта шуда, айни замон 2359 нафар ҷавоб дода шудаанд.
Дар аввал мушкилиҳое барои ҷо кардани ҳамаи бозгаштагон вуҷуд доштанд, аммо ба зудӣ рафъ гардиданд ва онҳоро ҳатто дар осоишгоҳҳои беҳтарин 14 рӯз нигоҳ доштанд ва бо беҳтарин шароит, он тавре бисёрии бозгаштагон нақл карданд. Аз ҷумла, чанд чеҳраи маъруфи кишварамон дар саҳифаи фейсбукиашон бо хурсандӣ навиштанд, ки дар осоишгоҳ барояшон ҳама шароити мусоидро фароҳам оварда буданду акнун дилпурона ба назди пайвандонашон мераванд.
Дар ҳамин ҳол, масъулин ба мо шикоят карданд, ки бархе нафарони дар карантин қарордошта бо ҷиҳози ин муассисаҳо, ки онҳоро муваққатан он ҷо ҷой намудаанд, муносибати нораво карда, онҳоро вайрон мекунанд, мешикананд. Ҳатто ҳолатҳои байни якдигар ҷангу ҷанҷол бардоштани ин нафарон ҷой доштааст. Ба болои ин, бо духтурон рафтори дағалона намуда, онҳоро дашному таҳқир мекардаанд. Гӯё онҳо аз хушӣ ин одамонро нигоҳубин мекарда бошанд…
Масалан, дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм санузелҳоро шикастаанд, дар Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бошад, тирезаро. Мегӯянд «ту маро ин ҷо ғайриқонунӣ дошта истодаӣ». Ҳатто даст бардоштанӣ мешаванд. Яке аз “одам”-и болову яке миёна тарсониданӣ мешаванд. Гӯш намекунанд. Чӣ кор кунем?
— Баъзе вақтҳо, ки“зӯрамон” нарасид, вазири тандурустӣ Насим Олимзодаро даъват мекунем, то ба онҳо фаҳмонад. Ростӣ, баъзан шарм ҳам медорем, вале илоҷ надорем. Як шаб, ҳатто соати 2-и шаб маҷбур шудем вазирро бо мақомоти дахлдор ба бемористон даъват кунем. Танҳо пас аз ин онҳо ором гирифтанд. Пас аз ҷавоб додани ҳар гуруҳи аз карантин ҷавобшуда маҷбур мешавем муассисаҳоро таъмир кунем, чун, бахшиш, аммо он ҷоро расво карда мепартоянд. Ин магар аз рӯйи инсоф аст?!,- шикоят мекунанд масъулин.
Наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чарх мезананд, ки чӣ гуна ин одамони “нозук” бо духтурону масъулин бархӯрд доранд ва ҳатто ҳолатҳое буд, ки мегуфтанд барояшон чун дар Дубай шароит фароҳам оварда шавад. Ҳол он ки, гап дар бораи як иқдом аз ночорист ва Ҳукумат бо душворӣ ҳам бошад, ин буҳронро пешгирӣ намуда истодааст.
Албатта, гуфтанӣ нестем, ки мушкиле ҷой надошту надорад. Дар байни табибон ҳам одамони бемасъулият кам нестанд, мутаассифона. Қоидаи беҳдошту тозагӣ ҳам на дар ҳама ҷо риоя мегардад. Онҳо низ дар 14 рӯз оилаашонро намебинанд, албатта ёд мекунанд фарзанду набераҳоро, вале ин масъаларо касе намегӯяд. Ҳамчунин, маошу дастгирии табибоне, ки ин шабу рӯз бо одамони аз хориҷа баргашта сарукор доранд, чун обу ҳаво зарур аст.
Вазорати тандурустӣ якмоҳа маоши кормандони вазоратро, ки 36 ҳазор сомониро ташкил додааст, ба он табибону кормандони бахши вирусологӣ, ки аллакай аз 1 моҳ бештар ба хонаҳояшон нарафтаанд, бахшидааст.
Воқеан, табибонро дар ин рӯзҳои мушкил каме дастгирӣ бояд кард. Кӯмаки равонӣ ва маънавӣ ҳам ба мардум ва ҳам духтур хеле бамаврид аст.
Аз ҷониби дигар, рӯзҳои карантин маълум намуд, ки мо ҳанӯз бо моликияти ҷамъият муносибат карданро наомӯхтаем. Ва ба карантин низ тайёр набудем. Тасаввур намоед, ки агар он таҷҳизоти шикастаи осоишгоҳҳо аз худи ин одамон мешуд, онҳо чӣ кор мекарданд? Аммо вақте Ватан барои онҳо шароит фароҳам меораду ғамашонро мехӯрад, чаро нисбати моликияти Ватан бемасъулиятона бояд рафтор кунем?
Мегӯянд ишқ якҷониба нест. Ватанро дӯст доред, то сахттар дӯстатон дораду ба оғӯши гарми худ наздиктар гирад!
Ё не?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА