Додо надоштан ҳаммаънои дунё надоштан аст.
Дарвозаи кабуд кушода шуд. Кӯдаки тақрибан 5-солае гирякунон берун баромад. Аз пасаш пиразани рӯймолдоре, ки попӯш надошт, осемасар аз дарвоза берун шуд. Ду маротиба “Суман, ҳой Суман!” гуфта, хитоб кард, вале баробари маълум кардани он ки Суман ақиб гаштанӣ нест, пиразан чанд қадами калон монда, худро назди кӯдак расонд ва аз миёнаш бо ду даст бардошта, тарафи дарвоза раҳсипор гардид. Ин замон ман ба гиряи шашқатори кӯдак гӯш андохтам, ки дар дохилаш ин суханро дошт: “Додо, додо! Пеши додом мерам!”. Ва “додот мурд!” гуфтану дарвозаро аз дарун сахт пӯшидани пиразан садои гиряи кӯдакро дучанд кард.
Ин манзараро дида, аз он ҷо зуд дур шудам. Зеро яқин медонам, ки барои хуб камол ёфтани соҳиби он гиря муҳимтарин шахс, сутуни хонадон, ҳоҷатбарори рӯзгор, мушкилкушои тамоми муаммоҳо, ҳалкунандаи ҳама мушкилиҳо ва бартарафкунандаи ҳама монеаҳо нест. Ва Худо накунад, ки соҳиби он гиря бо ҷурми набудани додояш дар давоми умраш ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шавад.
Як бор ба атроф диққат диҳед, нақши падарро бисёр хуб дарк мекунед. Имрӯз ба тарҷумаи ҳоли аксари авбошу роҳзану дузд, дасткӯтоҳу дастнигару нодору бесаробон, хатокору хатогарду хатофаҳму хатобин, бесаводу бетарбияву бемаърифат назар афканем, яқин, ки ҷумлаи “Падарам вафот кардааст”-ро мехонем.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо авбошу роҳзану дузд шуданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо дасткӯтоҳу дастнигару нодору бесаробон шуданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо хатокору хатогарду хатофаҳму хатобин шуданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо бесаводу бетарбияву бемаърифат шуданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо номуси худро дар фурӯш монданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо мактаби олӣ як сӯ, балки дар мактаби миёна таҳсил карда натавонистанд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо дар муҳоҷират бо таҳқиру туҳмат “мукофотонида” шуданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо дигар зиндагӣ накарданд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо худро беболу пар пиндошта, нокастарин, пасттарин, беқурбтарин ва нотавонтарин нафар унвон дода, аз баҳри зиндагӣ гузаштанд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ надоштанд.
Бале, додо набуд, ки қисме аз ҷавонони мо чӣ будани силаи падар, чӣ будани меҳрубониҳои беохир, чӣ будани сутундорӣ дар зиндагӣ, чӣ будани пуштибон доштан ва чӣ будани хандаҳои пурмаъниро эҳсос накарданд.
Нақши додо дар ҳаёти мо аз ҳама нақшҳо болотар, аз ҳама масъулиятҳо вазнинтар ва аз ҳама корҳо бузургтар мебошад. Зеро, дар мо қариб ки ҳама корро додо иҷро мекунад. Додо ба мактаб мебарад. Додо ба марказҳои омӯзишӣ мебарад. Додо ба донишгоҳ мебарад. Додо кор меёбад. Додо хонадор мекунад. Додо шароит фароҳам меорад. Додо зиндагиро таъмин мекунад. Додо мехӯронад. Додо мепӯшонад. Додо механдонад. Додо китоб мехарад. Додо китоб мехононад. Додо меомӯзонад. Додо ғам мехӯрад. Додо дилбардорӣ мекунад. Додо дастгирӣ мекунад… Хуллас, додо дунё мебошад.
Дар зиндагиашон ба қадри додоҳо бирасед, онҳоро эҳтиром кунед ва дӯст доред, зеро онҳо неъмате ҳастанд, ки Офаридгор ба мо танҳо як маротиба ҳадя мекунад.