Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо пирӯзии мутлақи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Баъзе аз рақибонаш бо пешниҳодҳои аҷиб, аз пулакӣ кардани ворид шудан ба Душанбе то ба иҷозат додани сезанагӣ дар Тоҷикистон, чанд рӯзе худро дар сархати хабарҳои рӯз диданду халос. Ба пирӯзии ғолиби имрӯза касе шубҳа надошт ва аслан боқимонда рақибон дар якҷоягӣ ҳатто даҳ фисади шуҳрати президентро надоштанд.

Пешорӯйи рақобатҳои интихоботӣ чун ҳамеша бадгумону бадбинҳои президент дар хориҷи кишвар аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода карданд. Зиёд гуфтанду навиштанд. Вале ҳамаи ин ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонида натавонист. Аммо дар ҳамин баробар аз амалкарди баъзе аз масъулон ангушти ҳайрат мегазӣ. Барои мисол, раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур. Мавсуф муддате пеш ба қавли масъулини баъзе аз дастандаркорони ширкатҳои мобилӣ, бо як нома сайти интернетии нашрияи “Фараж” — www.faraj.tj- ро бастааст. Ин замоне буд, ки мақолаи журналист Ёқуби Саид дар мавриди хонафурӯшиҳои мансабдори давлатӣ Бег Сабур ба нашр расидаву дар сайт пахш шуда буд. Аламовараш он аст, ки пешорӯйи интихоботи президентӣ “Фараж” ва сайти он дар сафи пеши муборизаҳои иттилоотӣ алайҳи бадхоҳони миллату давлати Тоҷикистон меистоданд ва сари қадам аз ҷониби мухолифони хориҷи кишвар мавриди бадгӯйӣ, сияҳ кардан қарор мегирифтанд. Аммо барои ҷаноби Бег Сабур манфиатҳои давлату миллат аз ғаразҳои сирф шахсии тиҷоратӣ поён меистодааст ва далели боло гуфтаҳои моро тақвият медиҳад. Дар ҳамин ҳол, як нуқтаи дигар моро ба тааҷҷуб меорад: барои чӣ масъулини ширкатҳои мобилӣ боре аз раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон намепурсанд, ки бастани ин ё он сомона ба чӣ рабт дорад? Агар хатаре барои ҷомеа, амният дошта бошад, пас чаро дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекунад?

Гоҳо чунин менамояд, ки тасмимгирандагони иқдомҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон як нафар ё як идора ё як вазорат нестанд. Ҳар яке аз онҳо назари худ, идеяи худ, тасмими худро доранд, ки бадбахтона ё хушбахтона Бег Сабур яке аз онҳост.

Бо ин вуҷуд мо ба ақли солими ҷаноби Бег Сабур бовар дорем ва расман аз ӯ хоҳиш мекунем, то пеши роҳи ҳуҷумҳои беасосро ба сайти мо бигирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here