Баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар рӯзи аввали баҳор оғоз меёбад ва мардум интизор доранд, ки шояд хеле «гарм» мегузарад, вале…
Интихоботи имсола ба 1-уми марти соли равон рост меояд. Ин шашумин интихоботи вакилони парлумони кишвар дар таърихи соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Интихоботи вакилони палатаи поёнӣ — Маҷлиси намояндагон рӯзи якуми март ва аъзои палатаи болоӣ — Маҷлиси миллӣ рӯзи 27-уми март доир мешавад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки номзадии кам ё беш аз 22 нафари онҳо тавассути рӯйхати ягонаи ҳизбӣ ва боқимонда аз ҳисоби раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар интихоб мешаванд. Маҷлиси миллӣ 33 узв дошта, 25 нафари онҳо дар пайи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.
Дар моҳи аввали баҳор ҳарорати ҳаво аз сардӣ рӯ ба гармӣ меорад. Мавзуи интихобот дар суҳбатҳои интернетии мардум низ сард нест. Боварӣ дорам, ки пас аз «интихоб» шудани вакилон ҳам алангаи баҳс якбора хомӯш нахохад гардид. Аксарияти мардум аз ҳоло суол мегузоранд, ки чаро то имрӯз ба онҳо даъватнома барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ наовардаанд? Бархе бар ин назаранд, ки агар даъватнома набошад, онҳоро махсус ба ин маъракаи сиёсӣ даъват накардаанд.
Қисми дигар мегӯянд, ки “рафтани мо ба интихобот бемаънӣ аст, ҳар кас метавонад ба ҷойи мо овоз диҳад”. Вале Қонун мегӯяд, ки чунин амал куллан ғайриқонунист. Мо шоҳиди ҷаримабандӣ ва ё оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати нафароне, ки дар ин раванд “овозҳои сохта”-ро ба қуттиҳои райъгирӣ мепартоянд, нагардидаем. Ҳатто баъзеҳо нимҷиддӣ ва нимшӯхӣ мегӯянд: “Ин суол хеле хандаовар ҳам аст, чунки чӣ гуна як нозир, як муаллим нисбати худаш парвандаи ҷиноятӣ мекушояд? Зеро дар дохил ҳама “худӣ ба худӣ”-анд.
Таҳлилгарони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорон менависанд, ки як нафар бо маслиҳати пешакӣ метавонад 10 маротиба вориди участкаи интихоботӣ гардад. Раванди ҳисоби баргаҳои райъдиҳӣ куллан шаффоф нест. Пас аз анҷоми овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот баъди ҳисоби овозҳо бояд протоколи натиҷаи интихоботро дар пушти дари участка овезад, вале дар амал чунин нест. Нозирони маҳаллӣ ягон нақши таъсиррасонӣ надоранд. Таҷрибаи интихоботҳои гузашта нишон медиҳад, ки то ҳол нафаре барои тақаллубкорӣ ҷазо нагирифтааст. Маъракаҳои тарғиботии номзадҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Имсол ҳатто чанд номзад аз муаррифии худ дар радио ва газетаҳои пойтахт дурӣ ҷустанд. Гарчанде касе онҳоро намешинохт, вале хеле мағрурона мегуфтанд, ки “реклама даркор нест, ҳамаш ҳалай”. Вақте аз як нафар номзад ба вакили маҳаллӣ пурсон шудем, ки бо кӣ рақобат мекунад, гуфт: “Бо дигарон”. Ва гӯё хеле огоҳона мехост шарҳ диҳад: “Рақибонам зиёд будаанд, муқарраротро аниқ намедонам, бори аввал вакил мешавам, ёд мегирем”.
Воқеан ҳам, баргузории интихоботе, ки қаблан “ҳал аст”, магар танҳо сарсону саргардон кардани мардум нест? Агар чунин вакилони оянда аз имрӯз аз журналистон гурезанд, оё боварӣ доред, ки фардо мардум ба ҷонибдориашон овоз медиҳанд?
Ман намегӯям, ки дар рӯйи дунё давлатҳое мавҷуданд, ки адолату қонунашон комил аст. Албатта чунин нест. Аммо барои ба даст овардани адолату ҳуқуқ талош бояд кард.
Дар ин миён суоли матраҳ он аст, ки модоме мақомдорон иродаи сиёсӣ барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократияро надоранд, масхара кардани демократия ва хиёнат ба райъи мардум чӣ лозим аст?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА