Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, туро намедонам, вале ман дар ҳама ҳолат ба ҳама кору суханам варианти “Б” дорам ва чарояшро дар поён ба ту мегӯям.

Имрӯз бисёриҳое ҳастанд, ки дар дилхоҳ кору сухан варианти “Б” доштаро ҳаммаънои дурӯягӣ медонанд, вале ман фикр мекунам, ки сабаби аксар нокомиҳо, дилшикастанҳо, дилхунукиҳо ва аз худ бехуд шуданҳои мо — ин надоштани варианти “Б” мебошад. Ту чӣ мегӯйӣ, ҷаноби Тоҳирӣ?

Ту мебинӣ, мешунавӣ, медонӣ, мефаҳмӣ, ки имрӯз мо дар дилхоҳ амалу тасмиме, ки бояд онро анҷом диҳем, танҳо як вариант дорем ва дар тафаккурамон як чиз аст: бояд ҳамин гуна шавад, агар нашавад, тамом, маҳв шудам. Ҷаноби Тоҳирӣ, бовар кун, ин якрӯйӣ ё якдилӣ нест, балки ба ҳаводиси рӯзгор мутобиқат карда натавонистан аст. Зеро ману ту хуб медонем, ки ҳеҷ кори дунё ҳеҷ гоҳ бо низоми муайян ба пеш ҳаракат намекунад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мисол мехоҳӣ, далел мехоҳӣ, исбот мехоҳӣ? Агар “ҳа”, пас ту одам нестӣ ё аз ин олам нестӣ, зеро ҳар нафари бино ва шунаво мисолу далелу исботи гуфтаи болоро рӯзмарра дидаву шунида истодаанд, вале бо вуҷуди ин як мушкилӣ доранд: гуфта наметавонанд ё намехоҳанд. Ва агар “не”, бисёр хуб, вале батакрор бихону бидон, ки мо ҳамин гунаем, ки ҳоло мехонӣ.

Ҷаноби Тоҳирӣ, имрӯз як ҷавони зангир як духтарро аз факултети дигар мебинад. Ӯро дӯст медорад. Бо вай аҳд мебандад. Ногаҳ волидон зид мебароянду онҳоро ба ҳам расидан намемонанд. Тамом. Ин ду ҷавон аз худ бехуд, дилшикаста ва ноком мешаванд. Ҳар фикру зикри минбаъдаашон бад аст. Ман зидди амал кардан ба ҷумлаи “Сари зулфи ту нашуд, сари зулфи дигаре” ё “Сар бошад, тоқӣ бисёр” ҳастам. Ва мақсадам ба ҷавонон талқини як духтарро барои гирифтан ва як духтари дигарро барои рӯзгузаронӣ нигоҳ доштан нест, балки бояд ҳамаамон бидонем, ки дар давоми умри мо ҳар коре метавонад анҷом ёбад, вале он ҳаммаънои тамом шудани ҳаёти моро надорад. Модоме, ки умр давом дорад, пас бояд зиндагӣ кард ва барои зиндагӣ кардан ҳатман бояд амал кард ва барои амал кардан ҳатман бояд ноком нашуда, роҳи дигаре ёфт. Яъне пеш аз он, ки нокомиро ба гардан гирифтаву оҳу войи танҳо монданро кунем, бояд номзади дигарро дошта бошем ва ҷойи онҳоро иваз кунем. Ҷаноби Тоҳирӣ, боз ба такрор мегӯям, ки ин дурӯягӣ ё “слабий” будани эътиқоду эътимод нест, балки худро аз нокомиҳо ҳифз кардан аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, он чизе, ки гуфтан мехоҳам, гуфта натавониста истодаам, вале бовар кун, барои гуфтанаш бисёр кӯшиш дорам. Боз мисоли дигар:

Ҷавонони мо имрӯз барои таҳсил дар макотиби олӣ имкони интихоби 12 ихтисосро доранд, вале мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, аксарият бо вуҷуди интихоби 12 ихтисос дар интихоби роҳи аслиашон варианти “Б” надоранд. Яъне тарҷумоншаванда дар баробари тарҷумонӣ журналистиро дӯст намедорад, ки дар сурати холи гузаришро ба ихтисоси тарҷумонӣ ба даст наовардан, дар факултети журналистика бошавқ таҳсил кунад. Ин аз куҷост? Аз ҷоест, ки имрӯз кам нестанд шумораи донишҷӯёне, ки тарҷумониро интихоб кардаанду дар журналистӣ мехонанд. Нохоҳам. Маҷбурӣ. Бо тарс. Дар баробари ин, қариб ҳамагӣ пушаймонанд, ки тасодуфан омадаанд. Дидӣ, ҷаноби Тоҳирӣ, боз варианти “Б” доштан боиси тасодуфӣ набудан ҳам мешавад. Пас, ту ки ба ман аз дигарон дида наздиктарӣ, бигӯ, дар баробари актёрӣ режиссёриро ҳам дӯст доштану дар ин ришта таҳсил кардан хостан бад аст?

Ҷаноби Тоҳирӣ, бовар кун, варианти “Б” доштан бисёр хуб аст. Ва як “шпаргалка”-и дигар ба ту: агар барои гузаронидани 10 дақиқаи охир варианти “Б” медоштиву дар он матлаби аз ин дида муҳимтареро хондан мехостӣ, ҳатман, ки ба варианти “Б” мегузаштӣ, вале афсӯс, надоштӣ ва инро хондӣ.

Биё фикр карданро меомӯзем. Биё фикр мекунем. Биё худамонро месозем. Биё пеш аз ноком шудан ноумед намешавем. Ва биё аз имрӯз сар карда, ба дилхоҳ амалу суханамон варианти “Б” меёбем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here