Монолог

“Вақте ба ғазаб меоӣ, барои худ он чиро муҳим шумор, ки бояд ғазабро фурӯ нишонӣ”.

Унсурулмаолии Кайковус

Ман наметавонам ин панди дилписандро нодида бигирам, ҷаноби Хоҷаев. Аммо қоил мешавам, ки ҳам наметавонам дар пайи иҷрои он пурра саҳим бошам. Зеро қудратам намерасад. Дақиқ, намерасад! Ту биё, бигӯ, ки метавонӣ ҳамеша ва мудаввом ғазабатро фурӯ нишонӣ!? Неъ, наметавонӣ! Ҳаргиз! Чаро? Зеро, тору пуди инсон чунон сиришта шудааст, ки пас аз чанд бор такрор шудани як ҳодиса ҳатман тоқаташ тоқ мешавад. Пас, чӣ кор бояд кард? Бояд тарзе аз ғазаб канора ҷуст, ки ҷониби мухотаб аз истиҳолаи ту ҳушмандона огаҳ шавад ва барангезандаи ғазабатро дубора барнаангезад. Вале, мутаассуф, на ҳамеша чунин аст. Гоҳо мешавад, ки зишттарину сангинтарин туҳмат, таҳқир, риёро ба суроғаам таҳаммул, ба қавле, қурт мекунам. Дар посух чӣ мебинаму чӣ мешунавам? Эҳҳҳ! Бигӯям? Хуб. Ба ростӣ, баъзан гӯш тоқати бардошти иҳонати дигарбораи туҳматчиву таҳқиргар ва шахси риёкорро надорад. Дил ва шуур ҳам моил нестанд, ки ба рӯи он нобакор як туфи кори калон кардаву гузарӣ. Вале маҷбур мешавӣ дар посухаш чизе бигӯӣ. Агар дарк кард, хуб, агар не, гуфти одамон, худашу дави аспаш. Ку бинем, то куҷо қамчин мекунад…

Дар забони мардум гуфтае ҳаст: “Аз гап гап мебарояд. Агар хомӯш истӣ, он аз куҷо барояд?”. Воқеан, ман, ту, онҳо, умуман моро чунин тарбия додаву доданиянд, ки вақте як нафар ба ғазаб омад ва борони дашному дӯғу пуписаро ҳам ки ба сарат борид, лабро бо ду қабати дандон бигазу ҳатто хуншор намо, аммо хомӯш бош! Дар ҳақиқат, андешаи тамиз ва фикри оқилонаву хирадмандона аст. Вале, охир, чаро ду натиҷаи мухталифи анҷом дорад хомӯшии ман, ту, ӯ ва ё онҳо, дӯстам Хоҷаев!? Охир, бебасар нестем ку, мебинем, ки хомӯшии мо ба таври гуногун пазироиву пазируфта мешавад…

Ду намуна меорам. Аввал ин ки, ҳамсояи хубе доштам, бисёр тақводор ва фурӯтан. Номашро намеорам, то ин ки боиси ранҷишаш нагардад. Ҳамсояам он қадр нарм ва меҳрубон буд, ки шояд аз ҳамон тоифаи мӯрчаро озор намедодагон камӣ надошт. Аммо, афсӯс, ки чунин як ҷавонмарди пурандешаву сара дар муҳити оила аз зиндагии хуб маҳрум буд. Ҳамсараш пургӯй буд. Ҳатто ҳолатҳое мешуд, ки то як поси шаб намехусбид ва бо зани ҳамсояи дигар гӯмагӯ мекард. Ҷавонмарди ҳамсояам ба “сагҷанг”-и ҳамсарашу зани ҳамсоя аҳамият намедод. Бо ин рафтораш чунин ҳолатеро муҳайё месохт, ки гӯё аз занаш метарсад. Ва ин на танҳо фикри ман буд. Ҳама ҳамсояҳо чунин мепиндоштанд. Лоҷарам, ӯро танҳо ҳамин роҳ монд, ки аз кӯчаи мо бикӯчад, чун хеле “шинохта” шуда буд. Кӯчида рафт ва ӯро дигар надидам, касе аз аъзои оилаашро низ.

Баръакс, ҳамсояи дигаре дар ҳамсоягии мо хона гирифт, ки гӯё марди хона дар он хона калони хона буд. Чун ҳамсараш бо зани ҳамсоя саропанҷа мерафт, худро “дӯғи қатиғ” мекард ва бо хашму ғазаб моҷарои ба миён омадаро аланга медоду худаш ҳам дармегирифт. Интиҳо ҳамин мешуд, ки тамоми мардуми кӯча гӯшҳояшонро бо дастҳо маҳкам карда, ба манзилҳояшон паноҳ мебурданд. Ман ҳам аз ҷанҷолҳои ҳаррӯзаи онҳо ва шунидани дашному таҳқирҳои якдигариашон дилгир шудам. Аммо, ин бор худи ман аз он кӯча кӯч бастам.

Дипломати украинӣ Константин Елисеев як ишораи хеле ҷолиб, хусусан барои ман дорад, дӯстам Хоҷаев. Ӯ мегӯяд: “Тавре тавонед дарро базарба пӯшед, ки касе нафаҳмад”. Ростӣ, даврони наврасӣ аз ин нукта огоҳ набудам ва дар гӯшаи хаёл ҳам намеоавардам, ки ҳатто ҳаракатҳои одӣ метавонанд шахсро ба ғазаб оранд ва муқобили нафари дигар дар рақобат қарор диҳанд. Ҳанӯз дар синфи шашум мехондам, ки қазияи ногуворе пешорӯям омад. Он вақт як навраси таҷрибанодида, аммо иштиёқманди омӯзишу адолатхоҳ будам. Ҳамон даврон, рӯзе дар дарсе муаллим маро иштибоҳан ба ҷои нафари дигар сарзаниш намуд ва фарёд бардошт, то фавран аз синфхона берун шавам. Чун гуноҳе надоштам, якравӣ кардам. Аз гӯшам кашид ва то дами дар кашола кард. Берун шудам ва дарро бо ғазаб, тавре шапидам, ки ҳама аз ҷой як қад париданд. Муаллим дучанд ба ғазаб омад. Аз қафоям баромад ва наздаш фаро хондам. Ба рӯям ду-се шаппотӣ фароварду пас гашт, ба синфхона даромад. Гӯё бо ҳамин оташи ғазабаш хомӯш шуд.

Вақте дар курси дуввуми донишгоҳ таҳсил мекардам, аҷаб ҷавони шӯху беқарору ба қавли ҳамсабақон “воҳимача” будам. Рӯзе чун дарс оғоз шуд, девонагии бандаи ганда сар омад. Гоҳ ин духтари ҳамсабақро бесаранҷом мекардаму гоҳ онашро. Муаллим ба ғазаб омад. “Ту, бача, инҷо ҷои ту нест, баро, гум шав!” гуфта, ҷониби дар ишора кард. Баромадам ва дарро сахт шапидам. Муаллим шитобон аз қафоям баромад. Гумон кардам, ки ҳамин ҳоло воқеаи давраи мактабхониям такрор мешавад. Аммо не. Ӯ оромона гуфт: “Писарам, кори хуб накардӣ”. Аз кирдори худ шармам омаду узр хостам.

Баъди ин ҳама қиёсҳо ба фикр фурӯ меравӣ ва ба хулоса меоӣ, ки ғазаб бисёр вақт чун меҳмони нохонда меояд, аммо имкони паст кардани суръату дараҷааш ҳаст. Ба ин кор бештар онҳое қодиранд, ки оқибатҳои ғазабро амиқ меандешанд ва фарҳанги сабр карданро омӯхтаанд.

Фазлиддин АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here