Дуруд!

Абдувоҳид, масъалае, ки дар ин нома баррасӣ карданиам, сахт муҳим аст.

Медонед чаро?

Чунки зиндагии мардуми мо сахт вобаста аст ба мавзӯе, ки мехоҳам ин маротиба баррасӣ кунам. Шаф — шаф нагуфта, ба сари мақсад оем: Оё Шумо медонед, ки дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон чун кишвари аграрӣ ҳисобида мешуд  ва замони таҳияи буҷа ҳам аз раҳбарон фақат иҷрои супоришро дар бораи ин ё он маҳсулот аз Маскав истода мепурсиданд? Аммо, имрӯз ҷомеаи содаи мо фикр мекунад, ки бо барҳам додани кишту кори тамоку ва кам кардани замини пахта, бо овардани ду — се чинӣ барои сохтани завод, дигар муҳимияти ин масъала аз байн рафтааст. Шояд барои ҳамин вақте эълон мекунанд, ки “иди каду дорем”, “иди харбуза дорем” лаб инҷ мекунанду мегӯянд:

Ҳамин ҳам кор шуд? Чӣ даркор ин идҳои бемаънӣ? Барои сабзавоту маҳсулот ҳам одам рӯзи махсусеро қайд мекардааст?

Абдувоҳид, ин саволашон аблаҳона нест? Охир, бобою бибии онҳо пушт ба пушт деҳқон буданд, деҳқон! Ба зарби каланду обилаи даст нон меёфтанд! Акнун ки худашон ҳавою ҳаваси каланд бардоштан надоранд, оғӯши Валяю Надяро авлотар аз каландзанӣ медонанд, пас, чаро имрӯз  маҳсулоти бечораро бад мекунанду бад мебинанд?

Ҳа, медонам! Чунки ба тахмини ман донае аз он кадую асалу тарбузу харбуза дубора ба дасти деҳқон баъди таҷлили ид намерасад. Ҳамаашро мебаранд! Э, Шумо фикр накунед, ки ба зӯрӣ мебаранд, баракс, соҳибони нави он дар шахси раиси ҷамоату ноҳия, онро тақдиму туҳфа мекунанд ба меҳмонон. Ва ба эътирози баъзе аз деҳқонон мегӯянд:

“Расми хуби тоҷиконро гум макун”!

Ана ҳамин тавр, мо чун як давлати аграрӣ, дар баробари рӯзи Ваҳдату Истиқлол, Парчаму Наврӯз ҳоло рӯзи асалу тарбуз, харбузаю каду идҳо дорем!

Медонед, гоҳо ҳамчун нафаре, ки картошкаро бисёр дӯст медорад, ба ман алам мекунад! Охир, магар картошка баъди нон, хӯроки дуюми инсон нест? Магар маҳз картошка дар солҳои ҷанг ҷони ҳазорон нафарро нараҳонида буд? Пас, барои чӣ картошкаи бечора як рӯзе барои ид надорад? Чаро? Мегӯед шояд вазире, ки рӯихатро таъсис додааст, то кадом сабзавот ид дошта бошаду кадоме не, аз картошка қимоб аст? Боварам нест! Картошка аслан қариб дар ҳама хӯрок ҳаст! Медонам, ки бисёре аз ҳамон вазирон аз каду қимобанд. Ҳатто лақаб ҳам доранд. Лақаби чандин нафарро медонам, ки “каду” аст. Масалан, ман ҳам шалғаму бойимҷонро бад мебинам! Аммо картошкаро не!

Медонед, чун кишвари мо аграрӣ асту рӯзгорамон бастаи сабзавоту меваҷоту маҳсулоти дигар аст, як рӯйихат бояд бошад! Ва ҳар яке рӯзи хешро дошта бошанд! Охир, мо дар як сол 365 рӯз дорем! Ман шахсан ба иди картошкаю сабзӣ меравам! Аммо ба вазири бехабари кишоварзӣ гӯед то номи картошкаро дар аввал нависад! Баъди сабзӣ! Чун сабзӣ маҳсулоти асосии ош аст! Номашро ҳам ҷое “зарҷома” мегӯянд, ҷое “сабзӣ” ва ҷое “бехӣ”. Аммо таоми беҳтарини мо , ки барои он хайрият рӯзи ид ҷудо кардаем, яъне ош, бе он намешавад! Чӣ гуна шудани ош ҳам ба сифату маззаи сабзӣ вобаста аст.

Аз ҳамон ҷашни 5500 солагии Саразм дар шароити коронавирус, магар ҷашни “рӯзи картошка” дархӯртар нест? Ҷашни Саразмро барои он монда будем, ки хориҷиён биёянд, аз таъриху фарҳанги мо бештар огаҳӣ ёбанд. Ҳоло мегӯянд аз ҷабри коронавирус қариб хонае дар шаҳри Панҷекат нест, ки мотам надошта бошад. Дар ин замони коронавирус кадоме аз мӯйсафедони таърихшиносу археолог ба Тоҷикистон меояд? Бовар кунед, ҳеҷ кас! Ба ҷуз се — чор вазиру панҷ — шаш нафар, ки ҳамеша дар ин идҳо бологузару болонишинанд ва шӯрбахтона аксарият танҳо барои шикамчаронӣ мераванд. Пас, ин идро ба замони дигар гузошта, иди картошкаро гузаронем беҳтар намешавад?

Шумо чӣ мегӯед ба ин пешниҳод?

Ман интизори посухи шумо ҳастам!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here