Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Имшаб дар сомонаи нашрияи Шумо “Фараж” дар бахши “минбари сардабир” навиштаатонро бо номи “Асолат” хондам. Ҳар гоҳе навиштаҳои Шуморо мехонам, андешаамро фаротар аз буди мавзӯъ мебарад. Ин дафъа низ чунин шуд. Шаб, ки ҳама дар хоби ноз буду ман танҳо дар бораи асолату асилзодагӣ фикр кардам.

Асилзода, донишманд, наҷибзода, олиҳиммат ва ҷавонмард муродифи ҳамдигар будаанд, яъне метавонӣ яке аз ин мафҳумҳоро дар вақти зарурӣ истифода бубарӣ ва ҳамон “аристократ”-ро дар назар дошта бошӣ ва дар мамолики Аврупо “ритсарҳо” будаанд, ки маънои болоро медодааст. Аристократ дар Юнони қадим маънои онро доштааст, ки “ҳукуматҳоро олиҳимматон сарварӣ мекардаанд ё ба таври дигар бигӯем: ҳукумати беҳтаринҳо” будааст.

Мефаҳмед?! Фақат олиҳимматон, наҷибзодагон, ҷавонмардон бояд дар саргаҳи ҳокимият бошанд!

Зиёие, ки Шумо гуфтед оё ин таърифро арзанда ҳаст? Шояд ҳамин мафҳуми “зиёӣ” маънои “аристократ”-ро каму беш ифода кунад? Чун зиёӣ аз зиё, яъне равшанӣ гирифта шудааст ва рӯшанкунандаи роҳи ҷамъият бояд бошад.

Имрӯз мо асилзода гуфта киро дар назар дорем? Аслан мо асилзода дорем?

Албатта, ки доштем ва дорем! Аммо дар ҷамъияти имрӯзаи мо дар ин росто ба ҳамунҳое таваҷҷуҳи бештар дода мешавад, ки дар сари ягон вазифа бошанд. Ҳама фикр мекунад, ки фулонӣ раиси корхонаи фулон аст, бой аст, сарватманд аст, вай аристократ аст, зиёӣ аст, олиҳиммат аст, ҷавонмард аст! Вале касе андеша намекунад, ки агар ҳафт пушташ асил нагузашта бошад, раис ба ҳиҷ ваҷҳ зиёӣ нест! Хун (ген) кори худашро мекардааст бародарҷон!

Шуморо намедонам Хуршед, аммо ман зиёиро бо як нигоҳ мешиносам! Аввал аз чеҳраи нуронӣ, баъд тарзи либоспӯшӣ, сонӣ аз гуфтору рафтору кирдораш.

Ба ёдам шиори дини беҳини зардуштӣ мерасад: гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек!

Уқоби андешаам сӯйи гузаштаҳомон парвоз мекунад. Шояд ҳамин “аристократ”, ки дар ҳама ҷо аз калимаи юнонӣ буданаш башорат медиҳанду ҳамаи буду шудаш ҳамин шиори дар боло овардаро мефаҳмонад, аз давраи Зардушт сарчашма гирифта бошад?!

Шояд андешаҳоям парешону подарҳаво тобанд, аммо ман аминам, ки Шумо маро аз “як ишора” мефаҳмед.

Ба ҳар ҳол, дӯстам хушбин бояд буд, хушбин!

Бо эҳтиром Абдувоҳид

НОасилзода

Рӯз ба хайр Абдувоҳид!

Ташаккур, ки навиштаи маро хондед. Сипос, ки он Шуморо ба андеша бурд, то нома нависеду маро водор кард ба он посух нависам. Ва аммо баъд…

Шумо мафҳуми “зиёӣ” — ро бо “ритсар” омехта накунед дӯстам! Ин ҳарду аз ҳамдигар ҷудо ҳастанд. «Ритсар» ба ҳамон айёрон аз шоҳасари  “Самаки айёр” наздикию монандӣ дорад, то ба “зиёӣ” -ю аристократ. Айёрон худро озодбаёну озодгуфтору озода мегирифтанд. “Ритсарҳо” ҳам. Вале диққат кунед, ки “Самаки айёр” даҳсолаю садсолаҳо пеш аз пайдоиши мафҳуми “ритсар” пайдо шудааст. Яъне, дар ин масъала ҳам чун ҳамеша аврупоиён вожаю таърихи моро дуздида, онро азони худ карда, ба ҷаҳониён аз ин дарак доданд.

Аммо аристократе, ки мегӯед, шояд ба зиёии мо наздикӣ дорад. Ҳарчанд дар ин масъала ҳам метавон миёни онҳо садҳо фарсах фосиларо диду эҳсос кард. Зеро ҳамон тавре иқрор кардаед, аристократ пушт ба пушт, дар давоми садсолаҳо аристократ ном гирифтаю аксар зиёиёни мо фақат ба баракати Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ифтихореро соҳиб шудаанд.

Дар мавриди он ки суол мегузоред “Аслан мо асилзода дорем?”. Медонед чӣ, вақте Муҳаммадҷони Шакурӣ даргузашт, вақте Мӯъмин Қаноат ҳам аз байни мо рафт, фикри ғуборолуде мағзи маро пур мекард, ки охирин зиёиён моро тарк гуфтанд! Шумо боре ба рафтору гуфтору пиндори ин ду нафар аҳамият додаед? Онҳо болотар аз ҳама буданд! Ба қавли Шумо машъалафрӯзи ҷомеа буданд! Вале дӯстам Шумо дар охир кадом навкисаю навмансабу навдидаеро, ки ҳанӯз бӯйи нодорӣ аз руҳу ҷисмаш нарафтааст, зиёӣ меномед! Хато мекунед! Бубинед, ҳамин дирӯз як нафар муҳофиз дар Фурӯдгоҳи пойтахт аз нагирифтани маошу аз тарси он ки аз хонаи иҷора берунаш мекунанд, худро парронд! Магар ҳамин навкисаи имрӯза, директор ё раиси Фурудгоҳи ҳавоӣ наметавонист ақаллан аз баҳри як мошин, як хона гузарад ё шумораи занҳояшро камтар кунаду маоши онҳоеро, ки зиндагиашон ба маошашон вобастагӣ дорад, диҳад? Чаро надод? Чаро бо сохтани фазои буғикунанда ҷавонеро ба коми марг тела дод? Чаро аз баҳри нафси хеш нагузашт?

Бубинед, ки боз Шумо онҳоро зиёӣ меномед. Ба қавли Фирдавсӣ “Туфу бар ту эй чархи гардун, туфу!”.

Медонед, гоҳо шикояти аҷибе аз дӯстони кӯдакию наврасиам, ки аз навдавлатон мекунанд, мешунавам. Мегӯянд, ки “мансаб гирифту дигар тилфонашро намебардорад”, “мансаб гирифту дигар бо виқору воҳима ҳарф мезанад”, “мансаб гирифту моро одам ҳисоб намекунад”…

Эй бехабарон! Ин тарс аст! Тарси ҳамон мансабдор аз гузаштаи нодорию камбағалию оҷизие, ки бо шумо пушти сар карда буд! Чунки бо дидани шумо он бечораҳак рӯзгори қашшоқиашро пеши назар меорад! Рӯзгоре, ки хасе буду касе шуд! Ана акнун, аз гузаштаи хеш мегурезад, намехоҳад дигарон ҳамон панди “Аёз, ҳадди худ бишнос” — ро барояш такрор кунанд.

Аммо бидонед, ки як рӯз не, як рӯз, онҳо ғарибу танҳо мемонанд! Онҳо ба ҳамин дӯстони кӯдакию наврасӣ зор мешаванд! Зеро ҳар касе баъди сари мансаб ёфтанд, фақат бо ғаразе, мақсаде бо онҳо дӯст шудаанд! Чун аз мансаб рафтанд, ин дӯстон низ нопадид мешаванд!

Абдувоҳид!

Барои ман Муҳаммадҷон Шакурию Қаноат, Муҳаммадзамони Солеҳу Лоиқ, Далер Назару Қосимҷон Қосимов, Шамсияи Қосиму Сайфи Раҳимзод… зиёианд, на навкисаю навдавлату нодидаю навмансабакон!

Бошед!

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here