Гуноҳ аз Қобилу мо пайи ҷазо додани Ҳобил мегардем.

Абдулло дар як деҳаи дурдасти ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард. Ӯ тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ ба факултаву ихтисоси мехостааш дохил шуд. Вай аз дохил шудан ба донишгоҳ дида аз он хурсанд буд, ки дар пойтахт метавонад бо нафарони махсус, ба қавле “кумир”-ҳояш вохӯрад. “Кумирҳо” ё ба таври дигар, устодони ғоибонааш намояндаи касби интихобкардааш буданд.

Инак, соли саввуми таҳсил фаро расид. Дар ду соле, ки паси сар шуданд, Абдулло бо кӯшишҳои зиёд натавонист ба дидору суҳбати ҳадди ақал як идеалаш бирасад. Ӯ доимо дар талош буд, ки як бор аз наздик дидану суҳбат кардани соҳибкасбони касби интихобкардааш насибаш гардад, аммо ҳамааш бенатиҷа буд. Дар курси саввум, ки одатан донишҷӯён то андозаи худашонро мегиранд ва аксарият кор ҳам пайдо мекунанду гапашон ба ину он мегузарад, Абдулло бо истифода аз чандин роҳҳо натавонист ба орзуи деринааш бирасад. Ҳар вақте ки вай ба утоқи кории яке аз “кумир”-ҳояш наздик мешуд, котиба бо ҳазор нағмаву надомат «шеф нестанд», «шеф дар командировка ҳастанд», «шеф кори муҳим доранд», «шеф вақт надоранд», «шеф гуфтанд, ки касе наздам наояд», «шеф меҳмони махсус доранд»… мегуфт. Котиба баъзан вақт ҷумлаҳои болоро тарзе ба забон меовард, ки гӯё бо девори зардевордошта суҳбат дошта бошад. Бо ҳама кӯшишҳо, Абдулло наметавонист ҳадди ақал як маротиба бо яке аз “кумир”-ҳояш суҳбат кунад. Дар охирҳо аз вохӯрию суҳбат кардан умедашро канда буд ва танҳо мехост, ки бо онҳо як бор саломи дастакӣ кунад.

Хуллас, таҳсили Абдулло тамом шуд. Ӯ ҷойи кор ёфт. Дар муассисае ба кор даромад, ки яке аз «кумир»-ҳояш дар онҷо кор мекард. Вай дар шуъбае, ки Абдулло кор мекард, ба ҳайси мудир фаъолият дошт. Ва аввалин бор аввалин рӯзи корӣ Абдулло бо нафаре, ки солҳо мехост вохӯрад, саломи дастакӣ кард. На ҳамчун мухлис ё шогирди ғоибона, балки ҳамчун ҳамкор. Рӯзҳо гузаштанд, моҳҳо низ. Мудир тавре вонамуд мекард, ки гӯё Абдуллоро пеш аз кор омаданаш надидааст ва намешиносад, дар ҳоле ки пас аз ҳар бори гуселонидани котиба ва ноумед ба қафо баргаштани Абдулло аз паси пардаҳои махсуси аврупоӣ рафтанашро наззора мекард. Ин дар ҳоле буд, ки дигар барои Абдулло муҳим набуд бо мудираш нишастану суҳбат кардан, чунки акнун аз наздик вайро шинохта буд. Вале танҳо як савол барояш беҷавоб монда буд: «Чаро ин мард доимо бекор аст, аммо ба котибааш мегӯяд, ки касе ба дари утоқам ба нияти кушодан наздик нашавад?». Ин муаммо буд, то вақте ки як ҳодиса рӯй надод. Рӯзе заминҷунбии сахт шуд. Тақрибан 6,6 бал. Коргоҳи Абдулло дар бинои фарсудае буд. Дар ҳамон заминҷунбӣ мудир осемасар шуда, то назди дари баромад рафтанӣ мешавад, аммо қандили утоқ канда шуда, ба сараш мезанад. Беҳуш мешавад. Коргарон баъди чанде мудирашонро дар ҳолати беҳушӣ меёбанд. Қисса кӯтоҳ, мудир дигар ба ҳолати пештара барнамегардад. Ҳолаш бад мешавад. Барои охирин бор Абдулло хонаи мудир меравад ва мехоҳад, ки ҳамон муамморо кушояд. «Абдулло, ту бачаи босавод ва бофаҳм ҳастӣ. Фақат таҷрибаат кам аст. Ту барои назди ман даромада натавонистанат асло аз ман гиламанд нашав, зеро ин қонуни табиат аст. Дар солҳои донишҷӯӣ моро ҳам котибаҳои шахсоне, ки мехостем ҳадди ақал як маротиба ҳамроҳашон салом кунем, аз пушти дар мегуселониданд. Маро ҳам он замон алам мекард ва вақте ки соҳибкасби шинохта шудам, хостам қасдамро гирам…».

Мутаассифона, дар ин масъала мо бисёр камбудӣ дорем. Аммо таваҷҷуҳамон бошад, ниҳоят кам аст. Гӯё ки ин мушкилӣ нест ва ҳама кору амаламон аз рӯйи нақша пеш рафта истодааст. Дар мо хонандаи синфи 11 бояд хонандаи синфи 8-9-ро писанд накунад, ғам диҳад, чунки аз вай калонҳо ҳамин корро дар ҳақаш карда буданд. Донишҷӯйи курси чорум бояд донишҷӯйи курси поёниро аз пасаш давонад, худашро калон гирад, чунки ду-се сол пеш донишҷӯёни курси чорум ҳамин гуна рафтор доштанд. Вазифабаланде бояд вазифапастро набинад, бо ӯ чой нанӯшад, зеро дар вақташ бо ӯ касе чой наменӯшид. Дар аскарӣ “дембл” бояд наваскарро кор фармояд, ба сараш дод занад, мазоҳу масхара кунад, одам наҳисобад, албатта, бо сабабе, ки ӯ ҳам маззаи мазоҳу масхараро чашида буд.

Қасдгирандагон як чизро намедонанд, ки он бисёр муҳим аст. Намедонанд ё донистан намехоҳанд, ки бо касеро парешон кардану дар азоб монондан наметавон қасди азобҳои кашидаро гирифт. Намедонанд, ки аз шахсе ё шахсоне қасд гирифта истодаанд, ки онҳо бегуноҳанд. Намедонанд, ки ин тавр рафтан гирад, касе ба ҷое намерасад. Намедонанд, ки… бисёр бад аст, вақте ки мо барои гуноҳи Қобилҳо аз Ҳобилҳо қасд мегирем.

Биёед фикри қасдгириро аз худамон дур карда, зиндагиро ором ва бе озурдагиву шикастани дилҳои атрофиёнамон идома медиҳем.

 

Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here