Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки ба анбуҳи зиёди танқидҳо дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гаштааст, дар ҷавоб чӣ кор карда метавонад?
Гулбона Толибова, як зани точик аз вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо мехоҳад, ки писари ӯро баъд аз хизмати яксола рухсати баргаштан ба назди волидонаш диҳанд. Нав ҳашт моҳ шуд, ки дар хизмат аст. Писараш маълумоти олӣ ҳам надорад. Инро ба он хотир ишора мекунем, ки донишҷӯёни собиқ ҳамагӣ як сол хизмат мекунанд.
Аммо Гулбона мегӯяд, ки зарурати сахт ба баргардонидани писараш дорад. Зеро ӯ зани хонашинест, ки ба ғайри писараш ду фарзанди дигар дорад. Шавҳараш Музаффар Толибов дар гузашта дар майдону боғҳо ҳаваскорона сурат мегирифт. 5 соли ахир аст, ки ба касалии фалаҷ гирифтор буда, дар хона хоб аст. Онҳо хонаи шахсӣ надошта, иҷоранишинанд. Зиндагиашон ба сахтӣ ва аз ҳисоби кори дӯзандагии Гулбона мегузарад.
Писараш сарбоз Саидумар Толибзода, ки мутаваллиди соли 2000-ум аст, пас аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи алоқа маълумоти миёнаи касбиро гирифтааст. Бо сабаби пайдо накардани ҷойи кори хуб ва маоши мувофиқ моҳи апрели соли 2019 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Феълан дар ноҳияи Ашт, дар қисми низомии 0216 хизмати Модар- Ватанро анҷом медиҳад.
Вале модари Саидумар мегӯяд, ки кашидани аробаи зиндагӣ, ки ба уҳдаи ӯст, барояш душвор мебошад. Мушкилоти нигоҳубини шавҳари бемор дар баробари ҳал намудани мушкилоти ҳаррӯзаи зиндагӣ осон нест. Аз ҳамин хотир, ӯ мегӯяд, ақаллан ҳоло Саидумар дар паҳлуяш мешуд ва ҷое кор мекарду маоше мегирифт, барояш осонтар меафтод. Зеро Гулбона худаш ҳам бемор шудаву ба табобат ниёз дорад, вале бо сабаби он ки имкони молӣ надорад ва бар илова, агар худаш ба беморхона раваду ба табобат машғул шавад, касе нест шавҳари фалаҷашро нигоҳубин кунад ва рӯзгорашонро пеш барад.
— Оре, ман медонам, ки аз нигоҳи қонун ин даъвоям замина надорад, аммо ба он бовар дорам, ки маро ҳамчун як инсон, ҳамчун як модари бемор ва нигаҳбони як оила мефаҳманду мушкиламро осон мегардонанд. Писари ман бо хоҳиши худ ба хизмати Модар-Ватан рафтааст ва агар ин мушкилот ҷо намедошт, мо бо ҷону дил мехостем, ки ӯ хизматро ду сол анҷом диҳад. Аммо ҳоло мушкилоти зиёд маро ба ин муроҷиат водор намуд,- мегӯяд холаи Гулбона.
Чунин муроҷиати як модари тоҷик дар ҳолест, ки имрӯз дар бораи ба таври “облава” ва маҷбурӣ ба хизмати аскарӣ бурдани ҷавонон зиёд мешунавему мебинему мехонем. Ҳатто пешниҳодоте шуда буд, ки дар сурати бознигарии хизмати ҳарбӣ, яъне аз дусола ба яксола табдил додан, шояд ҷалби ҷавонон ба хизмат бештар шавад. Ин албатта дар баробари хуб кардани шароити хизмати аскарон.
Ҳамчунин, фикр мекунем, ки дар сурати иқдомоти инсондӯстонае дар мисоли холаи Гулбона имкон дорад имиҷи хизмат ба артиш тағйир ёбад. Яъне вақте ҷавонон мебинанд, ки дар ҳолати зарурат Ватан омода аст ба кӯмаки Модар шитобад, боиси таҳрик ёфтани ҳисси Ватандӯстии онҳо мегардад.
Тавре мегӯянд, “қарсак аз ду даст”.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА