Монолог
— Барои он, ки одамон ҳамдигарро фаҳманд, лозим аст канори ҳам қадам зананд, ё бихобанд,- гуфтааст шоира ва тарҷумони рус Марина Ивановна.
Ҳаҳаҳаҳ… Ин хонум чунин сухан иброз дошта ва имрӯз ман онро мехонаму аз таҳти дил механдам, ҷаноби Хоҷаев. Барои чӣ? Аз ақл бегона шудаам? Ахлоқи ҳамида надорам? Замону макони ҷаҳони муосирро сарфаҳм намеравам? Ооо, фарз кардем чунин аст. Яъне ман, Асозодаи бетаҷриба дар ин маврид тасаввурот надорам. Аммо ту, рафиқ Хоҷаев, ҳамин ҷумларо чи гуна мефаҳмӣ ва онро дар кадом паллаи тарозу бармекашӣ? Магар боре иттифоқ наафтодааст, ки канори хушкардаат қадам заниву худро рамузфаҳм вонамуд созӣ, аммо ҳушу ёдат ба касе ва ё ҷои дигар банд бошад? Магар боре ҳам аснои хобидан канори янга хаёлат лаби ангубину майгун, рӯйи моҳ ва гесӯи ҷилодори шӯхчашми дигареро налесидааст? Не? Ҳаргиз боварам намеояд.
Каломи хонум Марина шояд бо илҳом аз андешаи нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери пайдо шуда бошад, ки изҳор доштааст: «Сухан гуфтан ба фаҳмидани ҳамдигар халал мерасонаду бас». Зеро, фосилаи солҳои зиндагии онҳо ба ҳам хеле наздик аст. Марина Ивановна соли 1941 вафот кардааст, Антуан де Сент-Экзюпери соли 1944. Вале агар фосила миёни зиндагии ин ду тан равшанфикр қарнҳо ҳам ки бошад, барои ману ту чӣ фарқ дорад? Хоҳу нохоҳ, ба гӯшаи хаёл ҳам намеорам, ки ҷаноби Антуан бо ин гӯшзади худ замина барои баҳонаҳои хонум Марина фароҳам оварда бошад. Яъне чӣ? Ба андешаи сирф хусусии ман, «халал расонидани сухан» маънии онро надорад, ки чун вақте ману ӯ, ё туву ӯ ва ё ӯву ӯ сокит қадам мезанем ва канори ҳам карахту ноҷунбон мехобем, ҳамдигарфаҳмӣ ба миён ояд! Ҳеҷ гоҳ! Он чӣ, ки одамро нарму гарму сард ва аз худ бехуд мекунад, танҳову танҳо сухан аст. Вагарна, ҳарчанд солҳо канори ҳам бихобему ҳазорҳо чақрим паҳлуи якдигар қадам занем, агар забони якдигарро наёбем ва-гар ба муносибату муошират бо сухан ҳусн набахшем, фикри ҳамдигарфаҳмӣ бесамар хоҳад буд. Ҳамдигарфаҳмӣ бояд як кори амалӣ бошад, на хаёлу бофта, яъне фантазия.
Дӯстам Хоҷаев, шояд фикр дошта бошӣ, ки мани фақир чун касеро фаҳмида наметавонам, ба ҳамдигарфаҳмӣ нигоҳи каҷ дорам. Шояд нуқтаи назари нависандаи англис Эндрю Милерро дастак созӣ, ки гуфтааст: «Агар ту бо касе аз хурдӣ зиндагӣ накарда ва бо ӯ аз як ҳаво нафас накашида бошӣ, дар ҳаёти шумо зиёд чизҳо номафҳум боқӣ мемонанд». Дуруст, вале на ҳама чизҳо! Чун, медонам нафарҳоеро, ки ба қавле, «аз замони худро шинохтан» бо ҳам қарину наздик буданд ва чандинсолаҳо якҷоя зистанд, аммо бисёр вақт ихтилофи назар доштанд. Ва баръакс, нафарҳое ҳастанд, ки ошноияшон тӯлонӣ нест, вале дар ин ё он масоил ба ҳадди имкон якдигарро дарк мекунанд. Аммо инҳо низ пурра не. Аз ин рӯ, бовар надорам, ки то охири умр масалан маро ҳатто шахси наздиктаринам батамом дарк кунаду шиносад. Туро ҳам! Маро то мурдан нахоҳанд фаҳмид. Туро низ! Зеро, такрор мекунам, дар бисёр ҳолат ду нафар аз лиҳози тафаккур ба ҳам монанд буда наметавонанд. Ва агар монанд бошанд, дигарандешӣ ба миён намеояду зиндагӣ дилбазан мешавад. Мисли он, ки актёри машҳур Чак Норрис қисса мекунад: «Як-ду бор ман бо Швартсенеггер сӯҳбат доштам. Аҷибаш ин ки, мо қариб як хел андеша дорем. Шояд сӯҳбати мо дилбазантарин муколама дар рӯи ҷаҳон буд».
Фикрат ноҷо не, баҷост, ҷаноби Хоҷаев, ки ҳама он чӣ гуфтем, бештар пайванд ба ду нафари барои ҳамдигар «ҳалол», яъне зану шавҳар дорад. Аммо дар ҳар сурат ки бошад, банда «ҳамдигарфаҳмии хомӯшона»-ро қабул надорам. Ҳатто, ҳастанд ҳолатҳое, ки шарикам бо шиддат сухан мегӯяд ва мехоҳад таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб намояд, то ӯро бифаҳмам. Аммо, чӣ ҳосил аз он, ки ман гӯш мекунаму намефаҳмам?
Яъне, ҳама чиз, тамоми муомилаву муошират миёни ҳама кас бояд бепардаву кушоду равшан, самимиву бодалел бошад, то ҳар ду ҷонибро барои тасмими мусбат гирифтан моил кунад. Агар нуқтае шубҳанок аст, пас ба ҳеҷ ваҷҳ гуфта наметавонам, ки бидуни мавриди баҳс қарор додани он ҳамдигарфаҳмӣ метавонад осон ба даст ояд.
Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»