Ин умр он қадар дарозе нест, ки ба нишастан сипариаш кунем

Меҳроб субҳ баробари аз хоб хестан нишаста субҳона мехӯрд. Нишаста аз ину он бо аҳлу оила суҳбат мекард. Дар мошин нишаста ба кор мерафт. Аз соати 8 то 12 болои курсии кориаш нишаста, лаҳзае намехест. Пасон ба хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ мерафт. Як соати расо нишаста, хӯрокашро бо интернету мусиқӣ мехӯрд. Боз ба коргоҳаш бармегашту чор соати мондаро айнан бо чор соати қисми аввали корӣ мегузаронд. Баъд ба воситаи мошин ба хонааш бармегашт. Нишаста хӯроки шом тановул мекард. Нишаста телевизион медид. Боз каме дигар дар назди ноутбукаш менишаст ва хоб мекард. Субҳ мехест ва амалҳои дирӯзаашро иҷро мекард. Аз ин хел ранг доштани зиндагии якранг ва бемаънӣ худи Меҳроб ҳам хаста шуда буд, вале роҳи халосӣ аз ин ҳолатро намедонист.

Дар ин вақт рӯзҳои ҳамкори ӯ Парвиз дигаргуна мегузаштанд. Ӯ субҳи содиқ ба варзиш машғул мешуд. Пас аз субҳона тахминан 10-15 дақиқа барвақттар аз Меҳроб ба роҳ мебаромад. Ба монанди ҳамкораш роҳи 15-дақиқагиро бо мошин намерафт. Кӯшиш мекард, ки чор соати аввали кориро бо сари тоза ва беташвиш пурра ба кори идора бахшад. Барои қоғазу қалам, хабареро бурдану чизеро пурсидан, қаҳва нӯшидану чизи лозимиашро дарёфт кардан, дар ҷояш нишаста, ба дигаре дастур намедод, балки худаш аз ҷояш хеста, иҷро мекард. Тахминан ҳар соат аз ҷояш як маротиба хеста, миёни нишастанҳояш фосила эҷод мекард. Қисмати дуввуми корӣ, ки одатан мизоҷон кам мешуданд, камтар болои курсӣ менишаст.

Акнун, расидем ба он ҷое, ки мо аз гуфтаҳои боло чӣ хостанамонро бигӯем. Сад сол пеш одамон дар як шабонарӯз тақрибан 3-4 соати вақти худро ба нишастан мегузарониданд. Вале дар ҳоли ҳозир, бино ба ҳисоботҳои оморӣ, одамон аз 24 соати дар ихтиёр доштаашон зиёда аз 10 соаташро болои курсӣ мегузарананд. Омили аввалӣ сабаб шуда буд, ки мардум тануманду солим бошанд. Вале ҳолати дуввумӣ ба беҳавсалагию тамбалӣ ва бемориҳои зиёд оварда расонидааст. Ба назари кормандони соҳаи тиб, росто будану ҳаракат кардан яке аз амалҳои муҳими ҳаррӯзаи мост ва бояд аз нишастани зиёд ва беҳаракатӣ парҳез кард. Ба ин дар замони пеш диққати зиёд дода мешуд ва бисёр буданд мактабҳое, ки устодон ва хонандагонашон росто дарс мегузаштанд, ба мисоли Летсейи Пушкин.

Вақте мо зиёд менишинем, қуввадиҳандагон ё ёридиҳандагони дил аз кор мемонанд ва дар организм дигар чизе намемонад, ки ба кори дил ёрӣ расонад, дил бошад, худаш базӯр кори худро иҷро карда, дар натиҷа ҳолаш бад мешавад. Далели ин гуфтаҳо гирифтори бемории дил будан аст.

Мо ба нишастан чунон одат кардаем, ки фикр мекунем бисёр кори хуб ва оқилона аст. Ин фикр дар лаҳзае пайдо мешавад, ки ҳар кореро нишаста иҷро кардан мумкин бошад, ҳеҷ гоҳ росто амалияш намекунем. Ин аз он ҷое пайдо мешавад, ки аз росто будан, мо ҳамеша курсиеро интихоб мекунем, то ҳарчи зудтар  худамонро болояш партоем. Ин ба он боис гаштааст, ки дар мактабу донишгоҳ, коргоҳу бозор, хонаву кӯча аввал ҷое дуруст мекунем, ки онҷо нишаста шавад. Ба истилоҳи дигар, мо ошиқи нишастан ҳастем.

Умед ба он мебандем, ки ҳамеша тансиҳату бардам мемонем ва аз ҳаётро болои курсӣ гузаронидан парҳез мекунем.

 

Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here