Осмон пур аз ситора. Ҳар яки онҳо чеҳраҳои худро доранд. Ҳар як инсон ҳам ситораи худро дар осмон меҷӯяд.

Баъзеҳо ситораи равшанро мебинанду фикр мекунанд, ки ин ситораи онҳост. Шояд хато мекунанд. Намедонам ситораи ман кадомаш аст. Охир, дар танаи онҳо навишта нашудааст ку. Ё онҳо намегӯянд, ки «ҳой, Сунатулло, ман ситораи тӯям!». Шояд агар гӯянд ҳам, ман ҳамон ситораро менигариста бошам, ё чашмам ба дигар ситораҳо мерафта бошад? Шояд ситораҳои дигарон аз ситораи ман дида равшантар ҳастанд? Ё шояд ситораи каси дигар тамоман аз беравшанӣ намоён нест?

Шукр! Шукр мегӯям, ки ман дар ватане зиндагӣ мекунам, ки орому осуда хоб мекунаму ба ситораҳо нигоҳ мекунам. Шукр мекунам, ки ман имшаб бо шиками сер, рӯйи тахти хоби худам хоб мекунам. Шояд баъзеҳо дар орзуи ин бошанд?! Шояд касе пораи гӯште надорад, ки истеъмол намояд?! Ё шояд каси дигар он пораи гӯштро ба саге дод?!

Эҳ дунё, чаро ин қадар аҷоиб ҳастӣ!? Чаро аслан зебоӣ? Ҳама ошиқи ту шудаанд. Ҳеҷ кас намехоҳад аз ту дил биканад. Вале офаринат мегӯям! Тоқат мекунӣ! Ин қадар одамони зиёд, ин қадар чеҳраҳои гуногун. Ҳама ба рӯйи худ ниқоб доранд. Ҳеҷ касро имрӯз шинохта намешавад. Ба ҳеҷ кас бовар карда намешавад. Шахсе, ки ҳамроҳаш хотираҳои зиёд дорӣ, шахсе, ки мегуфт “дунёямро бе ту тасаввур карда наметавонам”, имрӯз аз қафоят бад мехонаду дашномат медиҳад! Дӯсте, ки дар пастию баландӣ канораш будӣ, имрӯз аз қафоят бо дӯстонаш ғайбати туро мекунад.

Одамон аҷоибанд. Ин дунёро дӯст медоранд, пояшон ба лаби гӯр расидааст ва боз мехоҳанд зиндагӣ кунанд, вале ба дигарон мегӯянд, ки ин дунё дурӯза аст. Боварашон накун! Ба ҳеҷ як одам бовар накун. Фандат мекунанд, аз қафоят ҳарф мезананд, ханҷар мехалонанд. Бале, аз пуштат, барои рӯ ба рӯят истодан тарс доранд. Фикр мекунанд, ки мехӯремашон.

Дунёро бидуни худ тасаввур мекунам. Ин қадар одамони бузургу ношинос даргузаштанд, вале баъди 2 ҳафта ҳама мисли гузашта мешавад. Агар ман бимирам, чӣ мешавад? Рақамҳоям куштагӣ, сафҳаам холӣ, либосҳоям овезон, тахти хобам холӣ. Тамоман Сунатулло Ҳамидзод гуфтанӣ одам нест. Паёмак мефиристанд, занг мезананд, аммо беҷавоб. Сунатулло куҷо шуд? Кофтан лозим?! Дар хона ҳам нест. Ҷойи кор рафта бошад? Не, ӯ дар ҳеҷ куҷо кор намекунад-ку. Ё шояд ба маконе барои тамошо рафта бошад? Фикр намекунам! Зеро вай куҷое мерафт, агар ягон манзараи хубро меёфт, акс гирифта ба “Фейсбук” мегузошт-ку. Вале чанд вақт боз саҳифааш холӣ. Куҷо шуда бошад? Сунатулло Ҳамидзод мурдааст!

Баъзан вақт худ ба худ фикр мекунам. Ояндаи ман чӣ мешуда бошад? Шаҳзодаи орзуҳои ман кӣ бошад? Кӣ маро бо ин вазъ қабул мекарда бошад? Аслан шояд ман он рӯзеро, ки ҳама орзуяшро доранд, медида бошам? Худованди мутаъол маро то он рӯз мерасонида бошад? Фикр намекунам! Аммо «банда ба умед» гуфтааст касе. Пас, ШАҲЗОДАи руъёҳои ман, эй касе, ки барои ояндаам интихоб кардаам, агар ин сатрҳоро хонда истода бошӣ ва ҳоло ҳам маро қабул дорӣ, фикр кун, ки ман бо туам ва ҳеҷ гоҳ ашки чашматро намерезонам. Ту туҳфа аз Аллоҳи меҳрубон ҳастӣ. Пас, бояд хушҳол бошӣ, аз ҷоят бихезу рақс бикун. Ин ду рӯзи зиндагиятро тавре бигзарон, ки худ пушаймон нагардӣ.

Гоҳе худ бо худ ҳарф мезанам. Фикрҳои аҷиб ба сарам меоянд. Девона шудаам? Ягон ҷин дорам? Чаро худ ба худ ҳарф мезанам? Чӣ фикр доред? Пеши духтур равам ё пеши равоншинос? Ё аслан пеши ҳарду?

Сунатулло ҲАМИДЗОД

 P.S. Хабаре боис шуд, ки ман инҳоро гӯям!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here