Дуруде чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Хуршедҷон!

Шумо афсонаи “Кали зирак”-ро  дар хотир доред? Ҳамоне, ки бойҳоро фиреб мекунаду дастгири камбағалону бенавоён аст? Ҳамоне, ки моли ҳароми золимонро бо ҳар роҳу васила мегираду ба бенавоён мебахшад? Ҳамоне, ки гӯсфандони бойро як-як мехураду дар ҷавоби бойи золим посухҳои мантиқию дандоншикан медиҳад? Ё афсонаи “Гургу бузаки ҷингилапо”-ро? Ё “Эраҷи тилисмшикан”-ро? Ё “Чӯбаки сандалвор”-ро? Ё “Фариштамоҳ”-ро? Ё “Султон Гули Зард”-ро? Ё “Бобои тарсанда”-ро? Ё “Ҳафтдодарон”-ро? Ё “Оҳангар ва подшоҳи золим”-ро? Ё… Ё… Ё…

Фикр мекунам, албатта, дар хотир доред! Инҳо қатрае аз баҳри нопайдоканори адабиёти шифоҳии халқ аст, ки ҳар нафар тоҷики дар як оилаи бунёдаш тоҷикӣ бузургшуда, нағз дар хотир дорад.

Аммо ба кӣ чӣ тавр таъсир дорад, гапи дигар аст. Масалан, нависандаҳои мо дар асарҳои хубашон аз ин афсонаҳо идея гирифтаанду илҳом, шоиронамон гоҳ-гоҳ дар шеърҳояшон ёдовар шудаанду журналистонамон он қадар ба умқи ин афсонаҳо дода шудаанд, ки дигар дар навиштаҳояшон афсонанигорӣ ҳақиқатнигорӣ шудааст!

Бибиҳои Шуморо худованд мағфират кунаду ҷояшон биҳишти барин бод, ҳамчунин бибию бобоҳои маро! Онҳо инсонҳое буданд, ки ба одаму одамгарӣ сахт бовар доштанд. Дар афсонаҳояшон низ қадри одам аз ҳама чиз боло меистод. Афсонаҳое, ки онҳо мебофтанду мегуфтанд, ману Шуморо дарси зиндагӣ омӯхт. Ақаллан дар зиндагиамон дузду ғару золиму молимардумхӯру фиребгару дурӯғгӯю фитнаю нокасу ноодам нашудем.

Ҳалолатон бод Хуршед!

Маро ба афсонабофӣ муттаҳам кардед. Аммо дарк накардед, боре пеши худ андеша накардед, ки “ин калли зирак бо ин афсоназиндагияш чӣ ҳол дорад? Чӣ мехоҳад? Чӣ дунёе дорад? Чаро афсона ба дилаш наздик асту ҳақиқатнигорӣ намекунад?”

Ҷавоби ин саволҳоро ба салоҳдиди худатон во мегузорам.

Ба тифлон аз гаҳвора сар карда, суруди алла хондану афсона гуфтан, яъне аз “гаҳвора то гӯр” дониш омӯхтан будааст дар оини мардуми мо. Охир ба кӯдаки хурдсол намешавад, ки бо роҳи дигар ҳақиқати зиндагиро биомӯзӣ бародарҷон!

Гуфтани шеърҳои оташин, ки писанди табъи баланди шумост, ба дарди ҷомеаи афсонаписанди мо намехурад, вагарна аз ин қабил шеърҳоро бисёр гуфтааму рӯйи коғаз, зери чанг хобидаанду фурсати мувофиқро мунтазиранд. Айби давр аст, айби замона аст:

Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад,

Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин кӣ дорад? (Бедил)

Аммо афсона ҳаргиз фиребу дурӯғ набудааст Хуршед!

Дар ҳар як дурӯғ як миқдор ҳақиқат нуҳуфтааст. Ҳақиқате, ки ман орзу ном ниҳодаам!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here