Дуруд Абдувоҳид!

Ин ҳафта мехостам аз мавзӯе ҳарф занам, ки барои Шумо наздиктар аст. Ҳарф задани Шумо дар ин боб осонтар. Барои баёни андеша ҷумла намекобед, чун бовар дорам гуфтаниҳо дар ин боб зиёд доред. Фаҳмидед дар бораи чӣ ҳарф заданиам? Ҳа, дуруст дарк кардед, дар бораи афсона. Ана ҳамон афсонае, ки шояд ҳазорон бор бофтаед, солиёни зиёд афсонаи дигаронро ба риштаи таҳрир кашидаед.

Хуб ёд дорам, як бибиам шабҳо ба ман афсона мегуфт, бибии дигарам бошад, саргузашти хешро обуранг дода, қисса мекард. Медонед чӣ, дар афсонаҳои бибии аввалам қаҳрамон ҳамеша ба мақсад мерасид ва хушбахту комёр мезист. Ҳатман ба маснади шоҳӣ менишаст ва дастгири мардуми камбағалу нодор буд. Дар зиндагиномаи бибии дуюмам бошад, инсонҳо аз мору каждум камӣ надоштанд ва ҳамеша мушту лагад ба сари бибиаму фарзандони сағири вай мебардоштанд. Ҳаққи онҳоро мехӯрданд ва фарзандони ин бибиам то рӯзе буданд, азоб кашиданду азоб диданд. Дар воқеияти зиндагии онҳо ҳаргиз на маснади шоҳӣ буд ва на пирӯзии адолат. Гоҳо ба афсонаҳои бибии дуюмам эътироз мекардам, ки чӣ гуна як камбағали пойлуч тавонистааст ба шоҳ бадал шавад, аз ҳаво ганҷи Қорунро ба даст овардааст ва ҳамеша пирӯзӣ насибаш гаштааст? Охир, дар зиндагии воқеӣ ки бибии дуюмам дошт, ин дурӯғҳо набуданд, як саргузашти пур аз азияту мусибат буд, ки ҳамоно то дами марг гуселаш намуданд.

Абдувоҳид!

Акнун ба суоли ман посух диҳед, ки чаро мо кӯдакро аз домони гаҳвора бо дурӯғ мефиребем, хаёлу хотирашро бо ин андеша пур мекунем, ки гуиё дар дунё адолату ҳақиқат гуфтанӣ мафҳумҳое ҳастанд ва орзу ҳамеша сабз мешавад? Охир, ин дурӯғ аст ва ҷуз афсонаҳои Шумо дар ҷойи дигаре нест! Ҳар нафаре думболи афсона мешавад ва ба поёни неки он бовар дорад, оқибат хору залил ва поймоли инсонҳое каждуммонанду морчашм хоҳад буд! Дар охир ин афсонапараст ё ба мору каждум бадал мешаваду ба афсонаҳои дар тифлӣ аз бибиаш шунида бовар намекунад ё дар раҳи орзуҳои аз афсона шунидааш бовар кардаву дар ин роҳ ҷон медиҳад.

Пас, чаро мо афсонаро дӯст медорем? Дарк кардаед, ки поёни афсона шабеҳи филмҳои ҳиндӣ аст ва ҳаргиз бо воқеияти зиндагӣ соз намегирад? Медонед, ман чунин фикр дорам, ки дурӯғро ба мо модаркалон дар хурдӣ, ишқ дар ҷавонӣ, шеър дар баркамолӣ омӯзонидааст. Ва мо тамоми умр думболи Дурӯғ ҳастем, Дурӯғро дӯст медорем, тамоми умр Дурӯғ мезием, худро бо Дурӯғ мефиребем!

Ман аз Шумо хоҳиш дорам, ки дигар Афсона нанависед, Афсона набофед, Афсона нахонед!

Беҳтараш, шеър гӯед, шеъри урён дар бораи воқеияти зиндагӣ! Тунд гӯед, талх гӯед ва рост гӯед!

Медонед, воқеан ман чор мисраъ аз Шуморо азёд кардаам. Агар фаромӯш карда бошед, пас такрор мекунам:

Боғбонон ҳама дар Миҳани мо,

Сахт ҳастанду хассис.

Як сафедор намесабзонанд,

Чӯби як дор кунӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here