Чаро мансабдорон мардумро маҷбур мекунанд, ки бевосита ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилашон муроҷиат намоянд?
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар мулоқоти ахири худ дар ноҳияи Ишкошим аз фаъолияти раиси ноҳия Мусо Мирзозода изҳори норозигӣ кард. Ёдгор Файзов зимни суҳбат гуфтааст, ки мардуми ноҳияи Ишкошим аз ҳама бештар ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилашон бо мактуб муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи раиси вилоят, мардум барои ҳалли ин ё он мушкил бояд ба раиси ноҳия, сипас ба Дастгоҳи раиси вилоят, баъдан, дар сурати ҳал нагардидани мушкили мавҷуда ба Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Ва чунин бархӯрди мардумро нобоварӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошиму дурии раиси навтаъин аз мардуми одӣ унвон кардааст.
Пас, аз таҳлили раиси вилоят ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки раиси ноҳия аслан мардумро дар рӯзи қабули шаҳрвандон қабул намекунад. Ва бештар такя ба муовинон мекунанд, ки онҳо низ худро дар байни мардум на ҳамчун намояндаи Ҳукумати кишвар, балки «шоҳу вазир», ё ба қавли худашон, «лидер»-ҳои ноҳия (албатта ин дар тафаккури ҳар як мансабдор сабт аст, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст) ҳис мекунанд.
Воқеан, чунин тарзи бархӯрди соҳибмансабон бо мардуми одӣ танҳо хоси ноҳияи Ишкошим нест, балки тақрибан дар ҳамаи ноҳияву сохторҳо бо ин ҳолат рӯ ба рӯ омадан мумкин аст. Аз ин хотир, дар номаҳое, ки ба унвони Президент менависанд, ишора мекунанд, ки «умеди охиринам ба Шумост».
Суол пайдо мешавад, ки оё раиси ин ё он ноҳия ва ё вазир дар рӯзи қабули шаҳрвандон воқеан амри Президенти кишварро иҷро мекунад ё не? Мутаассифона, бисёри роҳбарони сатҳи аввалро дар ин суҳбатҳо пайдо кардан душвор аст.
Рӯзи шанбе нафарони аввал муовинонро муваззаф мекунанд, ки «ба ҷойи ман мардумро қабул кун» ва ё «як балош кун», «мардум мелақанд беҳуда, аз соати 12 он тараф тамоман қабул накун». Ба ҳамин монанд, боз раисоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ман дар як моҳ як бор қабул мекунам». Инҳо қонуну қоидаҳои нонавиштаи худи онҳоянд!
Ё бештари вақт вазирон мегӯянд, ки «ман қабул карда наметавонам» ва ёрдамчӣ бо муроҷиаткунанда тавассути телефон тамос мегираду мегӯяд: «Апа, проблемата гап зан, ман менависам».
Ана ҳамин гуна муносибат…
Мардум бошанд, чунин андеша доранд, ки одамон дигар аз чунин тарзи рафтору кирдори мансабдорон ба ҷон расидаанд ва худашонро овора намекунанду бевосита ба Дастгоҳи Президенти кишвар муроҷиат мекунанд.
Баъзеҳо мегӯянд, «мансабдороне, ки дар бораашон шикоят мекунем, баъдан ба мо таҳдид мекунанд, ки «чаро ба дастгоҳ рафтӣ, ҳозир медонам бо ту чӣ кор кунам!».
Вале қисми дигар бошанд, мегӯянд, ки «баръакс, муроҷиати мо ба Дастгоҳи Президенти кишвар хеле баманфиат аст. Зеро таваҷҷуҳ ба он зиёд мешавад ва мушкил бештар вақт ҳалли худро пайдо мекунад».
Баъди ин ҳама андешаҳо фикре пайдо мешавад, ки гӯё чунин роҳбарони мардумгурез аз куҷое супориш гирифтаанд, то дили мардумро ҳарчи бештар аз ҳукумат хунук кунанд.
Шахсан бардошти инҷониб аз ин ҳолат ҳамин аст.
Аз мансабдорон як хоҳиш: вақте дар утоқи кориатон нишастаед, чаро муовини 4-ум ё 5-ум бояд ба ҷойи шумо мардумро қабул кунад?!
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Х,асад чи мебари эй журналист арбоб, К,абули хотиру, касби амал Худодод аст…