Чаро вақте як судяи Тоҷикистон ҳукми сафедкунӣ баровард, ӯро мешавад қаҳрамон гуфту ин ҳолат ниҳодҳои дигарро ба қаҳр меорад?

Чанд рӯз пеш як дӯстам аз мо — журналистон шикоят кард, ки дар бораи судяҳо ё кам менависем, ё ҳамеша якҷониба менависем. Ба гуфтаи ӯ, мо муваффақияти судяҳоро намебинем. Масалан, судяи Суди ноҳияи Восеъ Гулнора Аминзода ба наздикӣ як нафарро сафед кардааст, вале дар ин бора то ҳанӯз дар ягон расонаи хабарӣ чизе чоп нашудааст.

Тафсилоти пурраи парвандаи баррасикардаи судя Аминзодаро намедонам, рости гап. Аз ин хотир, гуфтан душвор аст, ки ӯ чӣ гуна “қаҳрамонӣ” нишон додаву як нафари маҳкум ба ҷиноятро сафед кардааст. Ибораи “қаҳрамонӣ”-ро махсус дар нохунак гирифтам, зеро дар ҳақиқат мо қариб намешунавем, ки ин ё он судя айбдоршавандаро сафед намояду аз толори суд озод кунад. Ҳол он ки, суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият ба ин ҳақ дорад. Вақте суд мегӯем, пеши назарамон ҳатман адолат ҷилвагар мегардад.

Ривоятеро нақл мекунанд, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ марде дар наздикии хонаи шоҳ осиёб доштааст ва подшоҳро ин сахт нороҳат мекунаду як рӯз ба нӯкаронаш амр медиҳад, то онро чаппа кунанд. Нӯкарон барои иҷрои амр меоянд, аммо осиёббон садди роҳашон мешаваду мегӯяд: “Шоҳ ҳукм кардааст? Аммо мамлакати мо суд дорад, ман танҳо ба ҳукми он бовар дорам!”.

Қонунгузории Тоҷикистон низ барои ҳукми мустақилонаи судҳо имкон фароҳам овардааст. Пас чаро мо тақрибан хабарҳоеро намехонем, ки кадом судя ҳукми сафедкунанда бароварда бошад?

Дар хотирам ҳаст, танҳо соли 2014 хабар дода буданд, ки судҳои кишвар 21 нафарро сафед намудаанд ва инро далели мустақилияти низоми судии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Имсол дар нишасти матбуотии Суди Олӣ дар ин бора ишорае набуд. Аммо фазо хеле озод буд, журналистонро мисли қаблӣ “ҷанг” накарданд. Чун Шоҳиён бо ҷомеаи журналистӣ дар робитаи ҳамешагӣ қарор дошт.

Аммо ҳуқуқшиносони мустақил ҳамон замон гуфтанд, ки барои нишон додани мустақилияти судҳо ҳадди ақал сеяки парвандаҳо бояд бо ҳукми сафед анҷом шаванд.

Воқеан, ҳамон сол, ки дар бораи “теъдоди рекордӣ”-и ҳукми сафедкунӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, Юсуф Салимов — раиси собиқи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар як мақолааш дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бораи ҳукми сафедкунии як судяе навишт, ки пас аз он шахси сафедшуда ба “балои охирзамон” аз ҷониби масъулони РВКД ва Прокуратураи шаҳри Душанбе гирифтор шудааст. Ӯ зимни ин матлаби худ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “аз нигоҳи ин мақомот фаъолияти суд дар ҳамон маврид хуб ва қобили қабул дониста мешавад, ки агар парвандаро сафед накунад, ба тафтишоти иловагӣ нагардонад. Хуллас, он тавре ки парванда ба суд ирсол шудааст, ҳамон тавр баррасӣ гардад ва бо қабули қарори худ суд дар миёни ин мақомот рахна ворид накунад. Дар чунин ҳолат манзалату бузургии ҳокимияти судӣ дар чӣ ифода меёбад? Агар суд як ҷузъи ёрирасони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, парвандаҳои пешниҳодкардаи онҳоро чун нотариати давлатӣ бе омӯзишу санҷиши дақиқ тасдиқ кунад, пас фаъолияти он хуб буда, манфиатдор нест”.

Ин ҳолати ягона нест. Адвокату ҳуқуқшиносҳои мустақил борҳо зикр намудаанд, ки дар сурати сафед шудани айбдоршаванда аз сӯи судя, мақомоти тафтишотӣ зидди ӯ бармехезанд. Як адвокат боре дар ин бора гуфт: “Чунки агар парвандаи ба суд ирсолкардаи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва ё прокуратура сафед шавад, он гоҳ ин муфаттиш дар ҷои кори худаш муҳокима мешавад, ки чӣ гуна парвандаи беасосро нисбати шахси бегуноҳ ба додгоҳ фиристодааст? Дар ин ҷо системаи “як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас” амал мекунад ва аз болои ҳукми ин додрас ба зинаи болоӣ шикоят мебарад”.

Ба ғайр аз ин, ҳолатҳои дигари таъсиррасонӣ ба фаъолияти судяҳо низ аз ҷониби прокуратура ва мақомоти тафтишоти пешакӣ борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ин ки намояндаи прокуратура ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳ иштирок мекунад ва ҳамчунин ҳақ дорад аз болои ҳукми суд эътироз оварад. Эътирози прокурор бошад, аксар вақт ҳукмро дигар мекунад ва ё водор месозад, ки ҳукм ба баррасии такрории суд фиристода шавад. Ин ҳолатро коршиносон як далели рӯшани вобастагии ҳокимияти судии кишвар ҳисоб мекунанд. Ҳуқуқшиносони тоҷик борҳо гуфтаанд, ки чунин ҳолат барои он ба вуҷуд меояд, ки “дар мо ҳамон психологияе, ки прокуратура ҳама чизро ҳал мекард, то ҳол боқӣ мондааст. Агар шумо дар мурофиа бошед, судҳо ин қадар прокурорро бодиққат гӯш мекунанд, адвокатро гӯш ҳам намекунанд. Яъне дар бисёр мавридҳо ҳамон чизе, ки прокуратура мегӯяд, судҳо ҳамон хел ҳал мекунанд. Яъне то ҳозир мустақилияти судҳоро мо надида истодаем. Ҳол он ки, ҳокимияти судӣ бояд тақдири одамро ҳал кунад”.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон вақте фаҳмиданд, ки кори касе ба суд афтодааст, одамонро даҳшат фаро мегирад. Ҳол он ки, суд он тавре мардум тафсир мекунанд, “хонаи адолат” аст. Таъмини адолат бошад, ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти суд аз ҳар гуна фишору дахолати сохторҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷӯ ва дарёфт кунанд. Дар ин ҳолат, ҳукми сафедкунӣ, ки аз калимаи лотинии rehabilitatio гирифта шуда, маънои “барқароркунӣ”, “баргаштан ба ҳолати аввалаи шахс”-ро дорад, ба як хабари маъмулӣ табдил меёбаду касе аз сафед кардани муттаҳаме “сенсатсия” намекунад.

Сенсатсия вақте мешавад, ки судя нафареро бояд сафед мекард, аммо накард…

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here