Қадами аввал
Китобхониро аз куҷо ва чӣ хел бояд оғоз кард?
Агар ёдатон бошад, ҳафтаи қаблӣ мо дар бораи ёфтани баҳонаи китобхонӣ гуфта будем. Ҳоло бошад, бо итминоне мегӯем, ки баҳонаи хубе ёфтед ва қисме аз вақтатонро барои китобхонӣ ҷудо кардед. Аммо боз ҳам саволи ҷавобталаб ин аст: “Оё ҳар нафаре, ки барои китоб хондан баҳона ёфтааст, аз куҷо ва чӣ тавр оғоз кардани китобхониро медонад?”. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки аксарият китобхона рафтан замон чӣ китоб хонданашонро намедонанд. Яъне, агар устодону волидон китоберо тавсия надиҳанд, онҳо худ дар анҷом додани ин амал мустақилона ба хулосае омада наметавонанд. Ба ҳамин баҳона такя карда, метавон гуфт, ки дар хусуси аз куҷо ва чӣ тавр китобхониро оғоз кардан чанд ҷумлае навиштан аз фоида холӣ нест.
Сараввал, бисёриҳо ба мо мегӯянд: “Ман китоб хонданро дӯст медорам, аммо намедонам, ки чӣ хел ва аз куҷо сар кунам, зеро фикр мекунам, ки ҳеҷ чизро намедонам ва аз куҷое, ки сар кунам, хато мекунам”. Дар асл, ҷумлаҳои боло фикру зикри ҳазорон ҳазор нафаронанд. Ин дуруст аст, ки нафарони зиёд мехоҳанд китобхон бошанд, вале чӣ хондану аз куҷо оғоз карданро, ки одатан қадами аввал мегӯемаш, намедонанд. Мушкили асосӣ ин аст, ки бархе нафарон то ҳоло бо сабабҳои гуногун натавонистанд китобхон бошанд ва вақте ки дар онҳо хоҳиш пайдо мешавад, албатта каме роҳгум мезананд. Зеро китоб бисёр, тавсиядиҳандагони китоб бисёр, олиму нависанда бисёр, вале ӯ ё онҳо то ин дам чизе нахондаанд ва табиист, ки ҳар нафар метавонад роҳгум занад.
Дуввум, омили асосии шуруъ кардан ба китобхонӣ — ин аз содатарин, осонфаҳмтарин ва хурдтарин китоб оғоз кардан аст. Ҳар китобе, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, албатта, сода аст, зеро дар онҳо қариб ки гиреҳ ва кӯргиреҳҳо мавҷуд нестанд. Ҳар китобе, ки ба соҳаи дӯстдоштаи мо алоқае дорад, осонфаҳмтарин китоб арзёбӣ мешавад. Ҳар китобе, ки ҳаҷман хурд аст, ҳамеша барои хонданаш китобхон талош мекунад ва баробари наздик шудан ба “финиш” оромишу фаҳмишеро ҳис мекунад. Ва дар ин қисмат яке аз омилҳои мусоидаткунандаи дигар барои оғози китобхонӣ пешакӣ вақт ҷудо кардан аст. Ҳамон тарзе ки мо барои мактабу донишгоҳ, кору бозор, истироҳату хоб вақт ҷудо мекунем. Агар ин корро кунем, дигар ҳар вақте ки ба мо саволи бемаънои “Шумо кай китоб мехонед?”-ро диҳанд, ҷавобамон “Дар вақтҳои бекориам ба хондани китоб машғул мешавам” намешавад, зеро мо бо ин ҷавобамон ҷанозаи мантиқро бе таҳорат мехонем. Китобхонӣ амале нест, ки онро дар вақти бекорӣ амҷом диҳӣ.
Саввум, ман чӣ хел китоб мехонам? Ман дар як рӯз ду маротиба — субҳу шом китоб мехонам. Субҳ илмӣ, шом бадеӣ. Вақте китобро ба даст мегирам, аввал “таймер”-и телефонамро аз 25 то 35 дақиқа мемонам. Пасон мақсад мегузорам. Мақсадам бояд ба саволи “Аз ин китоб ман дар вақти ҷудо кардаам чӣ гирифтан мехоҳам?” ҷавоб гӯяд. Қадами саввум дар вақти хондан аз он китоб маълумоти лозимаамро ҷустан, ёфтан ва аз бар намудан мешавад. Барои мисол, ман дирӯз китоби “Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем, то ҳаётамон орому шод гузарад?”-и Дейл Карнегиро гирифтам. Ба худ мақсад гузоштам, ки нахуст бояд фаҳмам, ин гуна китобҳоро кадом нафарон навишта метавонанд ва аслан инҳо чӣ гуна навишта мешаванд? Ман давоми 32 дақиқаи мутолиа ба чизи мехостаам расидам. Ҳамин аст хондани китоб.
Мутаассифона, мо бисёриҳоро мебинем, ки соатҳои дароз китоб мехонанд, аммо аз китоб чӣ хостанашонро намедонанд. То мақсади муайян нагузорем, китоб хонданамон бефоида аст. Ва мақсад нагузошта китоб хондан онеро мемонад, ки мо ба бозор меравем, ҳама растаҳоро мегардем, ҳама чизро мебинем, вале баробари баромадан аз бозор ҳама молҳои дидаамонро бо нархҳояшон фаромӯш мекунем, ки натиҷа бефоида рафтани мо ба бозор аст.
P.S. То замоне, ки китобхониро наомӯзем, ҷевонҳои пур аз китобамон ҳаммаънои партовгоҳи “кулок”-ҳои донаи офтобпараст боқӣ хоҳанд монд.
То замоне, ки вақт, нақша ва мақсад надошта бошем, соатҳои дарози китобхониямон беҳуда аст.
То замоне, ки аз китоб хондан лаззат набарем, зиндагиямонро беҳтару хубтар карда наметавонем.
То замоне, ки чӣ хостанамонро аз китоб надонем, дар даст китоб гирифтан зоеъ кардани вақт аст.
То замоне, ки китобро дӯст надорем, он қоғазе беш нест.