Гумонбарони ҷинояти мудҳиш — оташ задани духтари 6-сола магар фақат бо ҷарима аз ҷазо озод мешаванд? Масъулини ноҳияи Рӯдакӣ барои хунукназариашон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд? Киҳо дар ин қазия аз об хушк мебароянд?

Ҳодисаи оташ задани Осияи 6-сола, ки ӯро аввал ба симтур бастаанд, лисобҳояшро оташ зада ва бо саги калонҷусса ӯро тарсонидаанд, то гиря накунад ва касеро барои ёрӣ нахонад, хашму ғазаби мардумро барангехт.

— Наврасон ҳатман аз ташхиси равонӣ бояд гузаранд! Оё онҳо фарзандони солиманд?

— Саг ҳам ҳам мезояд, вале фарзандро чун таваллуд кардӣ, мисли ҳайвон дар кӯча сар намедиҳӣ, ӯро тарбия бояд кард!

— Вақте падару модар фарзандашонро назорат намекунанд, албатта, ба чунин ҳодисаҳои нангин оварда мерасонад.

— Чаро ин бетарбияҳо ба чунин кор даст заданд? Чаро маҳз Осияи хурдакакро ҳадаф қарор доданд? Магар ӯро мешинохтанд? Ё тасодуф буд? Ё чунин бозии даҳшатнокро аз куҷо ёд гирифтаанд?

— Фарзанди одам ин корро намекунад…

— Модари тоҷик, дар пеши қадамҳоят мурам, бачаат бисёру лекин бачаи хубат кам аст…

— Чунин бераҳмӣ аз озор додани ҳайвон шуруъ мешавад…

— Бигузор ҷинояткоронро ҷазои сангин диҳанд ва танҳо бо ҷарима озод накунанд. Чун ҷаримаро наздиконашон аз ҷое қарзу қавола карда месупоранд, вале онҳо боз ҳамон Аҳмади порина мемонанд.

— Одами зиндаро сӯзонидан, тарсонидан… Магар фарзанди мусалмон ҳамин гуна тарбияро меомӯзад?…

Ин танҳо як қисмати андешаҳоеанд, ки мардум пас аз рух додани ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд ва онро маҳкум мекунанд.

Воқеан ҳам, ин як ҷинояти хеле сангин аст. Тибқи маълумотҳо, наврасе, ки Осияро бо саг тарсонидааст, Умед ном дошта, дар синфи 8-уми мактаб-интернати шаҳри Ҳисор мехондааст. Аз суҳбати модараш бармеояд, ки ҳатто ӯ аз чунин фарзанд безор аст ва мегӯяд Умед ӯро зиёд азият додааст.

Муносибати масъулин ба фарзанде, ки модарашро чандин маротиба таҳдиди бо корд задан кардааст, бояд чӣ гуна бошад? Аз чунин фарзанд чиро умедвор метавон шуд? Ин савол маҳз ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, чун теъдоди чунин наврасон танҳо бо як-ду нафар хатм намешавад. Вазорат, фикр мекунам, бояд дар ин бора таҳлили ҷиддӣ анҷом диҳад ва агар воқеан чунин наврасони авбош бисёр бошанд, бояд сари ин масъала ҳамчун як мавзуи хатарзо барои ин рӯзу фардо фикр кунанд. Яъне, агар теъдоди мактабҳои бачаҳои душвортарбия кам бошад, бояд онҳоро бештар кард, усули муносибат ва таълимро низ тағйир бояд дод. Вагарна ин “беморӣ” сироятӣ шуда, барои насли оянда хатароти бештарро пеш хоҳад овард.

Воқеан, чун ҳоло тафтиши парванда идома дорад, чизе дақиқ гуфтану касеро ҷиддан гунаҳгор донистан дар қазия имкон надорад.

Аммо ҳоло пеш аз ҳама умед ба шифо ёфтани як кӯдаки нозанин дорем. Ҳамчунин, мутмаинем, ки пас аз дахолати Пешвои миллат ба қазияи Осия, додгоҳ ҳам ба чунин ҳодисаи шигифтовар аз паси панҷа нанигариставу аз ҳолатҳои сабуккунандаву раҳму шафқат кор нахоҳад гирифт.

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here