То замоне ки рақами бисту якро танҳо як рақами одӣ напиндорем, дар ҳошияи он гапу калочаи зиёд моро интизор аст.

Бисту яки аввал:

Мутаассифона, дар мо аксарият пас аз шунидан ё хондани рақами 21 механданд ва ба гӯянда ё нависандаи он вобаста ба ҳолати доштаашон муносибат мекунанд: баду хуб. Ростӣ, ман ҳам намедонам кӣ ва бо кадом нияту мақсад рақами 21-ро инъикоскунандаи узве аз узвҳои одамӣ қабул кардаву ин корашро ба омма, хусусан ҷавонон пешниҳод кардааст.

Бисту яки дуввум:

Имрӯз 21-уми август аст. Бе ин ҷумла ҳам ҳамагон медонанд, ки дар чашму зеҳни бархе на танҳо 21-уми август, балки дар умум моҳи август моҳи нофорам ва бадмедида аст. Агар қисме барои шоҳ Августин ғамгин бошанд, қисми дигар барои 21-ум соли умрро аз даст додан ғамгинанд. Агар қисме барои рафтани тобистон ғамгин бошанд, пас ҳатман қисми дигар барои аз даст додани 21 рӯзи истироҳат ғамгинанд. Агар қисме барои надоштани 21 дараҷа гармӣ ғамгин бошанд, пас бешубҳа қисми дигар барои 21 фоизи дороияшонро аз даст додан ғамгинанд.

Бисту яки саввум:

Бо вуҷуди он ки моҳи августро аксарият дӯст намедоранд ё дӯст дошта метавонанд, агар ба он бо чашми рост нигарем, бо каме фарқият аз 11 моҳи пешу паси худ дигар ҳеҷ бадие ё мусибате ба сари мардум намеорад. Ва аммо ба ҷуз: ба телефонҳои дастии як қисм одамон аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон смс-паёмаке (смс-паёмакҳое) меояд, ки дар чашмони баъзе довталабон ашк, дар ҷайбҳои падаронашон пул, дар даҳони модаронашон сухан (сухани бад), дар рӯйхати дӯстони тағову амакҳояшон дӯст, дар чеҳраи душманонашон ғамгинӣ, дар фикри ҳамсинфонашон бахилӣ… батамом намонда, ба қавле аз реша қоқ мешаванд. Ба ҷуз: дар баробари даводавҳои зиёди бешумор хабаре меояд, ки ба фалониҳо хобгоҳ нарасид. Сабабаш аз 200 километр наздик будани хонаҳои падаронашон аст. Ба ҷуз: пас аз оне ки як маълумотномаи тиббиро 120 сомонӣ, як маълумотномаро (ба ҷойи диплом) аз донишгоҳ 10 сомонӣ, аз бойгонии донишгоҳ як аризаву як “дело”-ро 20 сомонӣ мегирӣ ва ба гӯшат миш-миш мерасад, ки ба зинаи магистратура нагузаштӣ. Ба ҷуз: хабари он ки моҳ ба охир расида истодаасту ҳоло ҳам иҷорапулиро надодаед. Ба ҷуз… ин ҳама дар моҳи август, хусусан даҳаи дуввум ва аксарият рӯзи 21-ум рӯй медиҳанд, ки имрӯз аст.

Бисту яки чаҳорум:

Хатмкунандагони макотиби олии мо, ки шукр, сафашон кам нестанд ва боз сол аз сол оҳиста-оҳиста зиёд шуда истодаанд, пас аз 21-ум, яъне гирифтани дипломҳояшон онҳоро бо 21 сомонӣ 21 маротиба нусхабардорӣ карда, ба 21 корхона барои кор муроҷиат мекунанд, вале ҳамоно бекор мегарданд. Барои он ки онҳо бояд ба 21 ҷойи дигар бо 21 тағову шинос раванд.

Бисту яки панҷум:

Дар моҳи август волидон бо 21 ҳуҷҷат, 21 шинос, 21 далел ба 21 мактаб ҳам раванд, дар охири ҳар сафарашон баҳонаҳои маъмулии “Шумо дар “территория”-и мо нестед”, “Шароитҳои мактаби мо ба мисли мехостаи Шумо нестанд”, “Синфхонаҳои мо пур ҳастанд”, “Мо дар мактабамон синфи алоҳидае, ки забони таҳсилашон русӣ аст, надорем” ва… мешунавем ва омада 21 рӯзи дигар фикр мекунем, ки аз ташвишҳои 21-ҳои боло чӣ гуна халос шавем.

 

P.S.

Бисту яки шашум:

Ба болои ин ҳама дар ин рӯзу моҳи махсус бо донишҷӯёну магистроне вохӯрдам, ки 21 рӯзи расо мешавад, ки иҷора кофта истодаанд, вале ҳеҷ не биёбанд. Онҳо мегӯянд:

— Соҳибхонаҳо ба мо — донишҷӯён хонаашонро бовар намекунанд.

Ман гуфтам:

— Пас кори мувофиқе ёфта, сахт ва бо тамоми қувва кор кунед. Насиб бошад, баъди 21 сол соҳиби хона мешавед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here